5. ҚИССАИ ҲОҶӢ

– Яъне, ҳамаро маътали як Алӣ мекунад? – ҳисси донотарошӣ маро ба ин пурсиш водор кард.

 

Юнуси ИМОМНАЗАР
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).

– Яъне, ҳамаро маътали як Алӣ мекунад? – ҳисси донотарошӣ маро ба ин пурсиш водор кард.
– Эҳ бародар, агар медонистӣ Ҳазрати Алӣ дар назди расули Худо то чӣ ҳад қадр дошт! Оре, паёмбар он замон дар Қубо мунтазири расидани амиралмуъминин мемонад.
Вале, ҷолиб ин аст, ки ӯ ба хотири бардоштани зиққии мардум ба сохтани масҷид камар мебандад ва онҳо ҳамон вақт то омадани Алӣ алайҳиссалом масҷиди поки Қуборо месозанд. 
Дарвеш ба сухан ҳамроҳ шуд:
– Аз ин ҷо маълум мешавад, ки сабаби мондани паёмбари Худо сохтани масҷид набуд, балки намехостанд бе амиралмуъминин Алӣ вориди Мадина шаванд. Чун пай бурданд, интизориашон то чанд рӯз тӯл хоҳад кашид, аз фурсат истифода  бурда ба кори арзишманде ҳиммат гузоштанд ва аввалин масҷидро дар дунёи ислом бино намуданд.
– Оре, ҳамин тавр, – афзуд домулло, – ногуфта намонад, ки Ҳазрати Алӣ дар роҳ танҳо набуд. Ӯ мебоист Фотимаҳоро5 бо худ ба Мадина оварад. Ҳамчунин паёмбар фармуда буд, ки се рӯз дар Макка бимонад ва амонатҳои мардумро баргардонад. Ҳазрати Алӣ ҳар амонатеро, ки мардум дар назди паёмбар доштанд, бозгардонда, бонувонро савори маркаб мекунад ва ба сӯйи Ясриб ба роҳ мебарояд. Роҳаш осон набуд, ба хотири раҳоӣ аз таъқиби душман рӯзҳо пинҳон мешуданд ва шабҳо ҳаракат мекарданд. Бонувон савора, вале он ҳазрат пиёда, бо шитоб меомад. Ҳамин ки ба наздики Қубо расид ва фаҳмид, ки паёмбар дар инҷост, дигар аз по афтод. Дар ҳақиқат, дигар қодир набуд роҳ гардад.
Яке аз ҳамсафарони мо бетоқатона суол кард:
– Яъне, то расиданашон сохтусози масҷидро ҳам ба анҷом мерасонанд?
Домулло як истакон об хӯрд, нафас рост карда ба нақли худ идома дод:
– Бале! Пас аз сохта шудани масҷид ба паёмбар хабар доданд, ки Алӣ алайҳиссалом омадааст. Он ҳазрат бисёр хушнуд шуда, бо шодмонӣ мегӯяд: «Пас, куҷо? Чаро ӯро намебинем?» Мегӯянд: «Ҳазрати Алӣ тавони ҳаракат надорад». Бубинед, ки паёмбар он замон худаш ба истиқбол мебарояд. Дар он ҷо поҳои амиралмуъмининро маҷруҳ мебинад ва бениҳоят андуҳгин мешавад, гиря мекунад. Он лаҳза бо ихлосу ҳамдардӣ даст аз рӯйи поҳои хасташудаи ҷавон мекашад... Баъдан худи Алӣ алайҳиссалом ёдовар шудааст: «Пас аз он, ки расули Худо бар поҳоям даст кашид, дар баданам дигар дардеро ҳис накардам».
Ҳамсафарон беихтиёр даст ба гиребон бурданд. Аз ҳар сӯ садоҳои «аҷабо», «шигифто»... шунида шуд. Дар ин лаҳза садои гур-гури автобус коҳиш ёфт, давр зада дар мошинпойгоҳе канори чанд автобуси дигар таваққуф намуд. Домулло бо ишора ба чор манори баланди сапедранг, ки дар қисмати болоии худ дутоӣ маъзана6 доштанд ва аз чор гӯшаи бинои бузурге қад алам мекарданд, суханашро хотима бахшид:
– Вақте ки Ҳазрати Алӣ ба паёмбар пайваст, онҳо ҳамроҳ бо одамони интизорбуда ба сӯйи Мадина раҳсипор шуданд. Акнун ҳам мо ба ҳамон масҷиди машҳури Қубо, ба масҷиде, ки дар он ҳазрати расулуллоҳ ҳафтае  як бор намоз мехонд ва ду ракъат намози худро аз ду маротиба сафар ба Байтулмуқаддас бартар медонист, расидем. Бифармоед!
Маро дубора ғам зер кард. Худро ба гӯлию гарангӣ зада, шитобу саросемагии ҳамсафаронро нодида гирифта, аз ҳама дар қафо мондам. Намехостам ба масҷид дароям, хондани намоз бароям чун кӯҳи мир, ки гӯё бар дӯшам чаппа шуда бошад, ҷилва мекард. Бонувон аз зинапояҳои назди масҷид ба самти поин рафта ба тарафи чап печиданд, барои онҳо масҷиди занона дар он ҷониб буд. Саҳни биноро хайли зиёраткунандагон ва даста-даста кабӯтарон дар ҳоли парвозу донхӯрӣ пур мекарданд. Ҳамроҳони ман аз дари дулингаи асосӣ ба дохил даромада рафтанд. Гӯё ки ба поҳоям вазнаҳоеро баста бошанд, барои дохил шудан ба масҷид иродаам сустӣ кард, по чида-по чида дар саҳни мармарии масҷид ба қадамзанӣ даромадам. Ду-се нафар ходими интизомӣ барои зиёраткунандагон роҳ нишон медоданд, ба ҳар чизу одамони машкук синчакорона назар меафканданд. Аз ҷумла, паскашии маро ҳам аз нӯфи нигоҳ гузаронда, бо шубҳа ба ҳаракатҳои номутаносибам диққат медоданд. «Хурад гови нодон зи паҳлуи хеш» – ман дар худ набудам, торафт таҳлукае вуҷудамро фаро мегирифт. Дарунам гӯё месӯхт, аз шарикон ҷудо истодан ва нотавониам дар роҳи зиёрат ба тану ҷонам фишор меовард. Гиреҳи руҳияи сарбасти маро на парвози кабӯтарони озоду фориғбол мекушод, на бурҷҳои баланди нақшинкору намои хуштарҳи чаҳоргӯшаи масҷид ва на тараддуди бемайлони одамони саҷдагузор. Ба сахтӣ ҷуссаи лӯнда ва вазнини худро бар поҳои кӯтоҳам нигаҳ дошта, бо рӯмолаки аллакай таршуда дубора арақи сарди дар пешонию чаккаҳоям ҷамъшударо пок карда, ба як гӯшаи хилваттари самти рости масҷид гузаштам ва курсии чӯбинеро дида беихтиёр бар рӯйи он нишастам. То берун омадани ҳамсафарон ҷуз интизорӣ чораи дигар надоштам...
Рӯям сиёҳ. Шодмонии ҳамсафарон маро бештар ба риққат овард. Ҳеч намефаҳмидам, ки чаро онҳо ҳар бори бадар шудан аз масҷид бениҳоят шоду масрур ҳастанд, гӯё ки неруи тоза мегиранд, чун кабӯтарҳои озод дар фазои руҳӣ болу пар мезананд. Дар ҳоле ки аз шукуҳу ҳишмати масҷиди Қубо, ба вижа, аз таҳоратхонаю вузӯъхонаҳои покиза, ҷонамозҳои густурдаи пок ва тиловати дилнишини имоми масҷид ба якдигар таъриф мекарданд, зану мард савори автобус шудем ва бо эълони раҳбари гурӯҳамон ба самти масҷиди маъруфи Зуқиблатайн роҳ пеш гирифтем. То сафари Ҳаҷ аз пайи одати якравиам чандин бор ба ҳолати ногувор афтодаам. Чун ҷаҳлу хашми худро нигаҳ дошта наметавонистам, бо тақозои пешаи худ борҳо ба сари одамҳои дастгиршуда доду фарёд задаам, онҳоро лату кӯб кардаам. Ҳампешаҳоям мегуфтанд, «асабонӣ нашав, худатро ба даст гир», ман гӯш намедодам.


5Фотимаҳо: ин ҷо манзур Фотима бинти Асад (модари Алӣ), Фотима духтари Зубайр бин Абдулмуталиб ва Фотимаи Заҳро духтари Ҳазрати Муҳаммад аст.
6Маъзана – ҷойи азон; айвонаки гирде, ки маъмулан дар қисмати болоии манораҳо барои дидбонӣ ва гуфтани азон дуруст мешавад.
(Давом дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: