САИДШОҲ ҒУЛОМОВ – СОҲИБИ ГРАН-ПРИ

Ба қарибӣ дар Тошканд конкурси байналхалқии мусиқачиён-пианинонавозони ҷавон — «Tashkent music festival» баргузор гардид.

Дар он қариб 200 нафар мусиқачиёни соҳибистеъдоди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд. Байни онҳо пианинонавози ҷондорӣ Саидшоҳ Ғуломов соҳиби мукофоти «Гран-при» гардид. 
Ӯ дар мактаби миёнаи рақами 2 ва дар мактаби мусиқии бачагони рақами 14-ум аз  пианино сабақ омӯхтааст. Саидшоҳ соли 2019 дар озмун-азназаргузаронии «Ёшлар овози» ғолиби марҳилаи вилоятӣ гашта, ҳоло таҳсили худро дар синфи фортепианои мактаби ихтисосонидашудаи мусиқаи ҷумҳуриявии ба номи Г. Глиер идома медиҳад. 

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: