КОБУС

Садои занги телефон Инъомро, ки дар назди мизи компутер даст дар ду бари сар менишаст, аз олами хаёлот берун овард.

Садои занги телефон Инъомро, ки дар назди мизи компутер даст дар ду бари сар менишаст, аз олами хаёлот берун овард. Зуд гӯшакро гирифт ва аз рӯйи одат ором гӯш кард.
– Инъомака? – овози ҳамсараш шунида шуд.  
– Лаббай!
– Ассалому алайкум, шумо нағзед?
– Чӣ гап? – гӯё завҷааш бемаврид занг зада бошад, тунд пурсид Инъом.
– Сардухтур шуморо пурсид.
– Чаро? Чӣ мегуфтааст? 
– Пагоҳ моро аз таваллудхона ҷавоб медиҳанд, – базӯр ҳарф мезад Ситора.
– Чӣ? Аллакай ҷавоб медиҳанд?
– Ҳа, пагоҳ чор рӯз мешавад. Аз рӯйи қоида беш аз се рӯз нигоҳ намедоранд. 
– Барои духтарамон ҳуҷҷат дуруст кардед?
– Бале.
– Кай меоед?
– Имрӯз, – гуфт Инъом ва давоми сухани завҷаашро нашунида гӯшаки телефонро гузошт. 
Коғазҳои назди компутерро ҷамъ намуда, пора-пора кард ва дар пакети селофанӣ андохт. Либосашро иваз кард. Аз ҷевони мизи компутер шишачаеро гирифта, чанде ба рӯйи он нигоҳ кард ва бепарво дар ҷайб андохту халтаи коғазро гирифта берун рафт. Коғазҳоро  дар партовгоҳ оташ зад ва ба роҳи калон нишеб шуд.
Табиат либосҳояшро як-як кашида, ба зимистон омодагӣ медид. Мардум дар зимистон либоси ғафстар пӯшанд, табиат урён мегашт.  Дарахтони бебарг шабеҳи одамони гунаҳгор ночору нотавон ба назар мерасиданд. 
Ситора дар пеши тиреза рост меистод. Саропо чашм гашта, ба дарвозаи шифохона, ба равуои одамон менигарист. Аз ошёнаи ҳафтум одамон ҳам ба назар хурд менамуданд. Дар сахт пӯшида шуд ва зан дар худ як қад парид. Дар пеши дар шавҳараш меистод. Дар даст як даста гул дошт. Ситора гул овардани шавҳарашро ҳеч интизор набуд. Бо тааҷҷуб ба ӯ менигарист. 
– Одам надидаӣ? – дағалона гуфт мард.
– Чӣ? – дасту по хӯрд зан.
– Ҳеч чиз, – гулдастаро болои ҷевони паҳлӯи кати симин гузошт. – Дигар касе нест?
– Ҳама рафтанд, – сутунвор рост меистод Ситора. 
– Нағз, – хонаро аз назар гузаронд Инъом ва ба рӯйи кати пешгаҳи хона нишаст.
– Чӣ тавр даромадед? Даромадан намемонанд-ку…
– Ҳама шикам дорад. Ва шикам ғам...
– Чӣ?
– Сухани бисёр вақтро медуздад. Ҳоли духтарамон хуб аст?
– Нағз, – дар кат нишаст Ситора ва гилаомез гуфт: 
– Хайрият. Як бор бошад ҳам пурсидед. Се рӯз шуд, як бор наомадед. Манро-ку намепурсед, ақаллан духтаратонро...
– Корам бисёр буд.
– Фақат ба шумо...
– Бас! – қатъӣ сухани завҷаашро бурид Инъом. 
Дар палата оромӣ пойдор гардид. Мард чашм аз нуқтаи ноаён намеканд. Меандешид, ки чӣ тавр сари мақсад ояд. Зан як даст дар бағал, бо ангуштони дасти дигар ба пештахтаи тирезаи пеши кат нохун мезад.
– Ин гулдаста ба ту, – гуфт Инъом.
– Раҳмат. Шарт набуд.
– Ин ҳам ба ту, – аз киса шишачаеро бароварда, ҷониби Ситора дароз кард.
– Ин чист? – бо тааҷҷуб пурсид Ситора.
– Маргимуш!
– Маргимуш? – абрӯ чин кард зан. – Онро чӣ кунам?
– Намедонӣ? – шишачаро болои миз гузошт.
– Ба ту пеш аз таваллуди кӯдак ҳамаашро фаҳмонда будам.
– Чиро?
– Худро ба нодонӣ назан. Маҷбур ҳастӣ ин корро бикунӣ.
– Худкушӣ!?
– Бале, – оромона ҳарф мезад Инъом, ки ҳатто сураташ ранг дигар намекард.
– Шумо чӣ мегӯед? 
– Ман чӣ мегӯям, хуб медонам. 
– Охир, духтарамон нав таваллуд шуд.
– Ин корро набояд ба таъхир гузорем. 
– Ман ин корро намекунам.
– Намекунам не, мекунӣ! – амр кард Инъом. 
– Барои чӣ? Ман мехоҳам зиндагӣ кунам, – овози Ситора меларзид.
– Ин барои ояндаи мо муҳим аст.
– Ояндаи ман гӯед, – гиря кард. – Намехоҳам духтарчаамон дар дасти модарандар азоб кашида, калон шавад.
– Ман зан намегирам.
– Шумо чунин мегӯед, аммо...
– Касе ба ҳаёти ман дахолат карда наметавонад.
– Хай гӯед, ки чаро худкушӣ кунам? Барои чӣ? – оби чашмонаш сарозер мешуданд. – Дидаву дониста худро ба марг ҳукм кардан. Ин барои чӣ лозим?
– Барои ояндаи дурахшон. Баҳри шуҳрат ёфтани ман лозим. 
– Наход кас завҷаашро кушта шуҳрат ёбад? 
– Ман эҷодкор ҳастам. Бояд «пиар» кунам. 
– Чӣ хел «пиар?» – дарғазаб рӯ ба шавҳараш овард.   
– Одамон барои худшиносонӣ чӣ корҳо намекунанд. Мо ҳам туро ҳангоми таваллуди кӯдак вафот кард мегӯем ва ман чун шавҳари вафодору содиқ то охири умр муҷаррад мемонам. Маҳз бо ҳамин роҳ дар байни аҳли эҷод ном мебарорам. Шуҳратёр мегардам. Номи ту ҳам дар таърих мемонад.
– Марги чунин ном, ки бо худкушӣ монад.
– Бас! Барои ояндаи ман, эҷодиёти ман муҳим.
– Илтимос, – Ситора назди шавҳараш омада, дузону нишаст ва аз дастони ӯ дошт. – Илтимос  мекунам. Маро маҷбур накунед.
– Ин роҳи ягона аст ва имкони интихобу илоҷи бозгашт нест. Ту бояд инро хӯрӣ! – шишачаро аз миз гирифта ба дасти Ситора дод. 
Донаҳои ашк аз гунаҳояш ба фарш мерехт. 
– Ба духтарамон Ёдгора ном мегузорам. Ёдгор аз ту ва аз муҳаббати мо. 
– Чӣ хел муҳаббат? – дод зад Ситора.
– Аз мо хавотир накун. Ман барои духтарамон ҳамаи шароитро муҳайё мекунам. 
Зан аз ҷояш бархост. Назди тирезаи ягонаи утоқ рафт. Мехост шишачаро берун партояд.
– Агар нахӯрӣ, ман духтарамонро кушта, туро талоқ медиҳам, – аз мақсади Ситора воқиф гардида, бепарвоёна гуфт Инъом. – Медонӣ, ки ин кор аз дастам меояд.
Зан жарф нафас кашид ва бо остин ашки чашмонашро тоза кард. 
Мард назди тиреза омад ва аз китфи завҷааш дошт.
– Доруро хӯрда, шишачаро берун парто. Барои ояндаи ман, худат ва духтарамон Ёдгора, – оромона дар зери гӯши Ситора гуфт ва рафт.
Мард бошитоб аз зинаҳо поён фаромада, ба дарвоза наздик рафта буд, ки садои зане баланд шуд. Ба қафо нигоҳ кард. Ситора худро ба замин партофт...
– Не-е-е! – аз ҷой ҷаста хест Инъом. Хоби даҳшатнок дида буд. Дасту пояш меларзид. Тамоми баданаш дар обу арақ ғӯтида буд. Телефон беист занг мезад. Базӯр аз ҷой хеста, назди телефон рафт ва бо дастони ларзон гӯшакро гирифту аз рӯйи одат ором гӯш кард.
– Писарам, як соат боз телефон мекунам, – овози модарашро шунид. – Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Чӣ ҳол дорӣ?
– Чӣ гап, модарҷон? – бо тарс пурсид.
– Муборак шавад, падар шудӣ. Келин духтарча таваллуд кард. Аҳволи ҳамсарат ҳам, духтарчаат ҳам нағз. 
– ...
– Ало, писарам, ало…
– Фаҳмидам модарҷон, фаҳмидам, – дар ҷой нишаст Инъом. Намедонист, ки хоб аст ё бедор...

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

*Кобус – дар хоб сиёҳӣ пахш кардан, хоби даҳшатангез.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: