ҲУСНИ ЗАН ДАР ИФФАТУ ПОКӢ БУВАД

Зан ҳамсари меҳрубон ва дӯсти беҳамтои мард бояд бошад.

Худованд баъди мардро офаридан аз паҳлӯи чапи ӯ занро офарид. Аз ин сабаб зан баъди оиладор шудан аз падару модар ҷудо шуда, бо ҳамсари худ ҷуфт шуда зиндагӣ мекунад. Зан бояд фарзандони солимро  ба дунё оварда, онҳоро барои ояндаи халқу Ватан тарбия кунад. Баъзе занҳо ҳастанд, ки соҳибмаърифат буда, тинҷию осиштагии оиларо аз ҳама чиз боло мегузоранд. Ин гуна занҳо ҳурмату эҳтироми ҳамсари худро ба ҷо гузошта, хизмати ӯро мекунанд. Фарзандони солим ба дунё оварда, тарбияи хуб медиҳанд. Ҳар яки мову шумо хуб медонем, ки зиндагӣ аз пастиву баландӣ иборат буда, талхиву шириниҳо дорад. Зани оқилаю доно бояд ба ҳамаи инҳо сабр намояд. Зеро зару зеварро ёфтан мумкин аст, вале ору номусро, ки аз даст рафт, баргардонда намешавад. 
Зан аввало  бояд модар будани худро фаромӯш насозад. Тавассути  телевизион мо борҳо шоҳиди он гаштаем, ки баъзе занон аз кӯдакони навзоди худ даст кашида, онҳоро дар кӯчаҳо партофта мераванд ё баъзеашон қотили фарзанди навзоди худ гаштаанд. Ҳатто  ҳайвон аз фарзанди навзоди худ даст намекашад, онро парвариш намуда, барои ба воя расиданаш мубориза бурда, муҳофизат менамояд.  Дар ҷомеа занҳое низ вомехӯранд, ки баҳри сарвату боигарӣ аз фарзандони худ даст мекашанд. Албатта, панҷ панҷа баробар нест мегӯяд, халқи мо.
Мутаассифона, дар рӯзҳои охир баъзе занон барои ба даст овардани сарват ба кишварҳои хориҷа сафар карда, ба доми одамфурӯшони  худонотарс гирифтор шуда, аз оилаҳои худ ҷудо гардида, ҳаёти худро барбод сохта истодаанд. Ҳамчунин заноне ҳастанд, ки ба мақсади ба даст овардани боигарӣ бо хариду фурӯши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар машғул шуда, умри худро паси панҷара гузаронда, хазон мекунанд.
Тоифаи занҳою духтароне низ  ҳастанд, ки ба ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аъзо шуда, ҳаёти худ ва ҳазорон аҳолии тинҷу осиштаро зери хатар мегузоранд, ки ин яке аз муаммоҳои ҷиддии ҳаёти имрӯза ҳисоб меёбад. Худ фикр кунед, агар зан даст ба куштор занад, бо танфурӯшӣ ё бо хариду фурӯши  моддаҳои нашъаовар машғул гардад, пас ин гуна занҳо чӣ тавр фарзанди солимро ба дунё оварда тарбия мекунанд?
Айни замон дар ҷомеа занҳо ва духтароне, низ ҳастанд, ки ба нӯшидани машрубот, кашидани тамоку руҷӯъ доранд. Ин хел занҳоро чӣ тавр тарбиятгари насли наврас шуморидан мумкин?
Занҳое, ки даст ба корҳои ношоям мезананд, аввало дар оила тарбияи дуруст нагирифтаанд. Пас, модоме, ки зан худ тарбияи дуруст нагирифтааст, чӣ гуна фарзанди солим тарбия мекунад?
Зан бояд сараввал қадри шавҳари худро дониста, хусуру хушдоманро ҳурмат кунад. Худписанд набошад, вагарна ин чиз боиси бадбахтии ӯ мегардад. Доимо дар пайи тинҷию осиштагӣ ва устувории оила ҳаракат кунад ва аз паси тарбияи насли наврас гардад. Зеро тарбияи фарзанд қарзи муқаддаси ҳар як зан-модар аст. Бояд гуфт, ки зане, ки тинҷию осиштагии оиларо аз ҳама боло мегузорад, ҳеҷ гоҳ даст ба корҳои ношоиста намезанад. 
Дар бораи занон бисёр шоирону нависандагон  шеъру асарҳо эҷод кардаанд. Ҳамаи онҳо ҳусни занро дар иффату покӣ донистаанд. Зан, ки рамзи ишқ, меҳр ва муҳаббати инсонист, бояд ба ин лоиқ бошад. 
Барои  ба дунё овардани кӯдаки ҳаматарафа солим ва тарбияи он модари ҷисмонан ва маънан  солим чун обу ҳаво зарур аст. 

Нуриддин ХОЛИҚОВ,
омӯзгори мактаби рақами 67,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: