АЛОҚАҲОИ ДӮСТӢ ДАР АСОСИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Намояндагони вилояти Хатлони Тоҷикистон ба муддати ду рӯз ба вилояти Сурхондарё ташриф оварданд.

Намояндагони вилояти Хатлони Тоҷикистон ба муддати ду рӯз ба вилояти Сурхондарё ташриф оварданд. Ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода раҳбарӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳӣ кард. Барои мустаҳкам намудани алоқаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, маданӣ-гуманитарӣ ва инчунин баҳри шинос шудани намояндагон бо як қатор ҷойҳои таърихӣ ва иншоот ба онҳо ҳокими вилоят Тӯра Боболов ҳамроҳӣ намуд.
Меҳмонон даставвал аз корхонаи байналхалқии маркази логистики “Termiz Cargo Centre”, ки дар ноҳияи Тирмиз воқеъ аст, дидан намуданд. Ҳини боздид онҳо шоҳиди он гардиданд, ки дар Ӯзбекистон ҳамкориҳои тадбиркорони кишвар ва хориҷӣ (Афғонистон) то чӣ андоза самаранок ба роҳ монда шудааст ва барои инвесторҳои хориҷӣ ҳамагуна шароит муҳайёст. Хусусан, дар ин маркази замонавӣ мавҷуд будани намояндаи консул, бинои терминали гумрук, анбори нигаҳдошти маҳсулот, инчунин шохобчаҳои банкҳои тоҷирӣ ба меҳмонон таассуроти нек боқӣ гузошт.
Намояндагон бо нақшаи бинои Маркази савдои байналхалқии Тирмиз низ ошно гаштанд. Барои бинои мазкур, ки соли 2022 ба истифода дода мешавад дар ноҳияи Тирмиз 26 гектар замин ҷудо карда шудааст. Барои бунёди ин марказ ба миқдори 75 миллион доллар маблағ масраф мегардад ва дар он қабули маҳсулот, азнавкоркард, саракунӣ ва дигар хизматҳо ба роҳ монда мешаванд.
Аз рӯи лоиҳа дар ин ҷо 1800 нуқтаи савдо, маркази логистика, ки 50 ҳазор тонна маҳсулотро дар худ ғунҷоиш медиҳад ва ду меҳмонхонае, ки ҳар кадом 400 ҷой дорад, шифохона, барои автомобилҳо устохонаҳои хизмати техникӣ ташкил карда мешавад. Дар  аввал бунёди нуқтаҳои савдо, дар қабати дувум ба роҳ мондани корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти сабук дар назар аст.
Намoяндагони Тоҷикистон ба майдонҳои пахтаи хоҷагии фермерии “Оқтепа-Тирмиз”-и ҳудуди Янгиариқи ноҳияи Тирмиз низ ташриф фармуда, пасон ба шаҳри Тирмиз рафтанд ва нахуст бо фаъолияти корхонаи ҶММ “ZIF Textile”-и шаҳри Тирмиз ошно гаштанд. Ҳини ташриф бо ҷараёни шинос кор ва  бо мутахассисону коргарон суҳбатҳо ба амал охир.
Намояндагон аз майдонҳои кластери пахта-бофандагии “Ангор Сурхон ғурури”-и ноҳияи Ангор низ дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд. Майдони умумии кластер 11360 гектар буда, зиёда аз 9800 гектараш кишт карда мешавад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ қариб ба 5 ҳазор гектар пахта ва аз ҳамин зиёда аз 3230 гектар пахтаи маҳиннах парвариш карда мешавад.
Дар айни замон дар кластер 966 нафар мутахассис ва коргар кор мекунанд ва дар оянда ҳаҷми истеҳсолотро васеъ намуда, ҷойи кори нав ташкил кардан ба нақша гирифта шудааст. Меҳмонон оиди фаъолияти кластери мазкур маълумоти пурра гирифтанд.
Аз 48 маҳаллаи ноҳияи Шеробод 33 тоаш ба анорпарварӣ ихтисосонида шудааст. Яке аз ҳамин гуна анорзор аз тарафи ҶММ “Сардорбек-Султонбек” дар маҳаллаи “Ӯйинли”-и ноҳия барпо карда шудааст. Меҳмонон дар боғи мазкур ташриф фармуда   анорзоре, ки 43 гектар майдонро фаро гирифтааст, тамошо намуданд ва бо мутахассисони тоҷикистонӣ таҷриба иваз карданд. Маълум, ки Тоҷикистон низ оиди боғпарварӣ соҳиби таҷрибаҳои беҳамтост. Дар ин боғ, ки зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳоли анори навъи қазоқӣ парвариш меёбад, соли ҷорӣ ба ҳосил даромад ва анорҳои хушсифат 1 донааш аз 1 кг ҳам зиёд вазн дошта, солона 1000 тонна анори хушсифат гирифтан дар назар аст.
Баъд аз ин намояндагон бо фаъолияти гармхона ва корхонаи замонавии аз нав коркарди анор шинос гардиданд. Иқтидори корхона иборат аз он аст, ки 6 ҳазор тонна захираи анорро нигаҳ дошта, 2 ҳазор тонна шарбат истеҳсол мекунад ва 70 нафар дар он кор мекунанд. Дар 29 гектар гармхона помидор, бодиринг, қаланфури булғор барин маҳсулоти бозоргир парвариш карда мешаванд. Дар ин ҷо 200 нафар ҷавонони маҳаллӣ бо кор банд.
Рӯзи дуюми ташрифи меҳмонон бо дидани обидаҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳои атрофи шаҳр ва ноҳияи Тирмиз оғоз ёфт. Дидани маҷмӯаи Султон Содот, Ал Ҳаким ат Тирмизӣ ва зиёратгоҳи Имом Тирмизии ноҳияи Шеробод ба онҳо таассуроти хуб боқӣ гузошт. Ба намояндагон оиди ин зиёратгоҳҳо ва корҳои ободонии солҳои истиқлол  маълумот дода шуд.
Дар давоми ташриф  бизнес-форуми соҳибкорони Сурхондарё ва Хатлон шуда гузашт. Дар он раҳбарони ҳарду вилоят оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва маданӣ-гуманитарӣ сухан гуфта, баҳри таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба шартномаҳои муфид ба имзо расониданд.

Олим ПАНҶИЗОДА, мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: