БА ИШТИРОКДОРОНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАРАҶАИ ОЛИИ «ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВИИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ НАҚШАИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТ ОИД БА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ҶАҲОНИИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ СММ»

Муҳтарам сарони ҳайатҳои вакилон!

Муҳтарам роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ!
Хонумон ва ҷанобон!
Шумо, иштирокдорони конфронси байналмилалӣ бахшида ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва Осиёи Марказиро, ки дар шарикӣ бо Раёсати зиддитеррористии СММ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ташкил карда шудааст, хайрамақдам мегӯям.
Мехостам ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Гутерриш барои дастгирии ташаббуси мо дар мавриди баргузории ин форум изҳори сипос намоям.
Ба Котиби генералии САҲА хонум Ҳелге Шмид, муовини Котиби генералии СММ ҷаноби Владимир Воронков, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Наталя Герман ва роҳбари идораи сиёсати хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ барои якҷоя ташкил кардани ин чорабинии муҳим арзи сипос менамоям.
Дастгирии шумо аз кори конфронс тасдиқи боварибахши пайравӣ ба муборизаи муштарак ба терроризм, дигар чолишҳо ва таҳдидҳо ба хотири таъмини амният ва суботи ҷаҳонӣ мебошад.
Муҳтарам иштирокдорони конфронс!
Имрӯз мо шоҳиди пурзӯр гардидани зиддиятҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ, паст шудани дараҷаи боварӣ ва ҳамкории байни мамлакатҳо мегардем. Дар баробари ин дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон маконҳои шиддат боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона давом доранд.
Пандемия, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти иқтисодӣ таъсир расондааст, ба ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ таъсири манфӣ мерасонад. Падидаҳои буҳронӣ дар иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ нобаробарии ҷаҳониро пурзӯр гардонда, хатари тезутунд шудани низоъҳоро ба таври назаррас афзоиш дода, заминаҳои паҳншавии ғояҳои терроризмро фароҳам меорад.
Дар чунин шароити душвор муттаҳид намудани саъю кӯшиши тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди таҳдидҳои рӯзафзуни глобалӣ ва минтақавӣ муҳим аст.
15 сол қабл тамоми кишварҳои ҷаҳон Стратегияи глобалии мубориза бо терроризми СММ-ро якдилона тасдиқ карданд. Он аввалин заминаи ҳуқуқии ҳамаҷониба, дастҷамъӣ ва аз ҷониби умум эътирофгардида барои муттаҳидсозии кӯшишҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм гардид.
Соли 2011 Осиёи Марказӣ намунаи аввалини минтақавигардонии ин ҳуҷҷати барномавиро нишон дод, ки вақте ки ҳамаи панҷ кишвар барои татбиқи он Нақшаи амалиёти муштаракро қабул карданд.
Татбиқи Нақшаи мазкур имкон дод, ки консенсуси минтақавӣ оид ба тамоюлҳои умумӣ ва равишҳо дар мубориза бар зидди терроризм таҳким ёбад, механизмҳои самарабахши ҳамкорӣ ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар заминаи бисёрҷониба фароҳам оварда шавад.
Кишварҳои минтақа низоми миллии мубориза бо терроризмро ташаккул доданд. Стратегияи амалиёти кишвар таҳия шуданд, ки ба тавсияҳои СММ комилан мувофиқанд.
Ба туфайли ин давлатҳои мо тавонистанд, ки ба муколамаи бештари сохторӣ ва пурсамар ворид шаванд, таҷриба ва иттилооти муҳимро мубодила кунанд, иқтидори зиддитеррористиро таҳким бахшанд ва бо талошҳои муштарак ба он чизе, ки танҳо анҷом дода намешавад, муваффақ гарданд.
Ва дар натиҷа имрӯз бисёре аз рейтингҳои бонуфузи байналмилалӣ Осиёи Марказиро дар қатори амнтарин минтақаҳои ҷаҳон қарор додаанд.
Дар солҳои охир дар ин ҷо дигаргуниҳои куллии мусбат ба амал омаданд. Байни мамлакатҳои минтақа пайваста муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, ки ба тамоюлҳои дӯстӣ, нафъи мутақобила ва эътимод асос ёфтаанд, инкишоф меёбанд. Мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба татбиқи иқтидори  бузурги кишварҳои мо дар таъмини амнияти минтақа ва рушди устувор мусоидат мекунанд.
Кишварҳои минтақа ба Афғонистон ҳамчун қисми ҷудонопазири Осиёи Марказӣ назар андохта, ба мардуми афғон кумакҳои башардӯстона мерасонанд, дар барқарорсозии иқтисоди осоишта ва ҷалби ин кишвар ба робитаҳои тиҷоратию иқтисодии минтақа аз ҳар ҷиҳат саҳм мегузоранд.
Хонумон ва ҷанобон!
Ӯзбекистон 14 ҳуҷҷати асосии ҳамаҷонибаи байналмилалии ҳуқуқиро ба имзо расонд ва дар саъю кӯшишҳои глобалӣ оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ фаъол иштирок менамояд.
Сиёсати давлат дар ин самт ба муносибати ҳамаҷониба, фарогир ва пайваста асос ёфтааст. Чи хеле ки маълум аст, ин муносибат дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода бурдани тадбирҳои превентивӣ ва профилактикиро дар бар мегирад. Дар татбиқи самтҳои асосии Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ натанҳо мақомоти давлатӣ, балки ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ фаъол иштирок мекунанд.
Афзалиятҳои калидӣ дар ин кор фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши муколама дар ҷомеа, пешгирии низоъҳо, тарбияи маънавию ахлоқӣ, пешбурди таълим, аз он ҷумла касбомӯзӣ, таъмини шуғл ва ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд. Ба муколамаи байни фарҳангҳо ва динҳо, тавонмандсозии ҳуқуқи занону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. 
Асоси фундаменталии мубориза бо терроризм дар Ӯзбекистон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун мебошад. Мо боварӣ дорем, ки мубориза бо терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳадафҳое мебошанд, ки мухолиф набуда, балки ҳамдигарро пурра ва тақвият мебахшанд.
Боварӣ дорам, ки имрӯз шумо метавонед ҷараёнҳои ҳамкории моро дар доираи Нақшаи амалиёти муштарак ҳамаҷониба таҳлил карда, онро бо самтҳои нави муҳим пурра гардонед.
Дар ин замина мо пешниҳод менамоем, ки барои баланд бардоштани самаранокии муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ як қатор пешниҳодҳо баррасӣ карда шаванд.
Якум. Аён аст, ки татбиқи бомуваффақияти минбаъдаи стратегияи зиддитеррористӣ дар минтақа пурзӯр гардондани механизмҳои мониторинги доимӣ ва баҳодиҳии танқидии рафти татбиқи Нақшаи амалиёти муштарак, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байни кишварҳои Осиёи Марказиро тақозо мекунад.

Ба ин муносибат мо ифтитоҳи идораи Раёсати зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳидро дар минтақаамон зарурати деринашуда мешуморем.
Барои ба даст овардани самараи максималии синергетикӣ аз ҳамкориҳои ҳамоҳангшуда дар мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ мо пешниҳод менамоем, ки ҳамкории зичи он бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амният машғуланд, таъмин карда шавад.
Дуюм. Имрӯз қариб ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бо терроризм дар фазои маҷозӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Интернет ба воситаи паҳн кардани идеологияи радикалӣ, ҷалби одамон, расондани кумаки молиявӣ, ба нақша гирифтан ва анҷом додани фаъолияти террористӣ табдил меёбад. 
Дар чунин шароит рушди иқтидори давлатҳои мо дар соҳаи муқовимат бо истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ба мақсадҳои террористӣ басо муҳим аст.
Мо аз Раёсати мубориза бо терроризми СММ даъват менамоем, ки талошҳоро барои иҷрои Барномаи киберамният ва технологияҳои нав дар Осиёи Марказӣ, ки соли 2020 қабул шудааст,  пурзӯр гардонад.
Дар доираи барномаи мазкур мо созмон додани Шабакаи ягонаи электронӣ оид ба кибертерроризмро дар Осиёи Марказӣ муҳим мешуморем, ки барои мусоидат ба рушди табодули таҷриба ва маълумот, тадқиқот ва таҷрибаи пешқадам дар ин самт пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, хусусияти фаромарзии таҳдидҳои амниятӣ дар фазои маҷозӣ созмон додани механизмҳои ягонаи ҳуқуқии байналмилалиро барои муқовимат бо зуҳуроти гуногуни ифротгароӣ ва терроризм дар соҳаи иттилоот тақозо менамояд. Мо ба кумаки СММ дар ташкил ва ҳамоҳангсозии муколама оид ба ин масъала умед дорем.
Сеюм. Дар солҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 1500 нафар шаҳрвандони худро аз манотиқи низоъҳои низомӣ ба ватан баргардонданд ва барои офиятбахшӣ ва ҳамгароии онҳо равишҳои хос таҳия карданд.
Ба ин муносибат мо пешниҳод менамоем, ки таҳти сарпарастии Раёсати зиддитеррористии СММ аз ҳисоби коршиносони варзидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ Шӯрои коршиносии минтақавӣ таъсис дода шавад. Вазифаи асосии он такмил додани барномаҳои офиятбахшӣ ва реинтегратсияи шаҳрвандони радикалишуда, инчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба мубориза бо таблиғи терроризм дар кишварҳои мо хоҳад буд.
Чорум. Муҳимтарин шарти муқовимати бомуваффақият ба терроризми ифротгароӣ сиёсати муассир оид ба ҷавонон мебошад. Дар Стратегияи ҷавонони СММ омадааст, ки ҷавонон як манбаи арзишманд ва ҳаётан муҳим мебошанд, ки сармоягузорӣ ба он чандин маротиба бартарӣ медиҳад.
Ояндаи кишварҳои мо аз он вобаста аст, ки насли наврас чӣ гуна ба воя мерасад, онҳо чӣ гуна таълиму тарбия мегиранд, мо барои онҳо чӣ гуна шароит ва «бардоштҳои иҷтимоӣ» фароҳам меорем.
Барои баррасии ҳамаҷонибаи ҳамаи ин масъалаҳо пешниҳод менамоем, ки Шӯрои доимии ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки қаблан пешниҳод карда будем, соли 2023 дар Самарқанд даъват карда шавад. Бинобар натиҷаи вохӯрӣ таҳияи Нақшаи амали ҷиддӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ҷавонони кишварҳои мо, табодули таҷриба дар самтҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои худтатбиқкунии насли наврас ва дар онҳо ташаккул додани иммунитети устувори ғояҳои экстремизм ва терроризм муҳим аст.
Панҷум. Дар Стратегияи ҷаҳонии мубориза бо терроризми СММ, чӣ хеле ки медонед, таблиғи ғояву тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ, эҳтироми мутақобила, муколамаи байни динҳо ва фарҳангҳо бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа мавқеи асосиро ишғол мекунад.
Дар соли 2018 бо ташаббуси Ӯзбекистон Ассамблеяи генералии СММ қатъномаи махсуси «Маърифат ва таҳаммулпазирии динӣ»-ро қабул кард, ки дар он муҳим будани барҳам додани бесаводӣ ва ҷаҳолат, қарор додани таҳаммулпазирӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни тафоҳум баҳри мустаҳкам кардани бехатарӣ ва сулҳ дар сайёра таъкид меёбанд.
Пешниҳод менамоем, ки дар соли оянда таҳти сарпарастии СММ конфронси сатҳи олии «Маърифат ва таҳаммулпазирии динӣ» баргузор карда, дар пайи он самтҳои пешомадноки ҳамкориҳои амалӣ дар пешбурди ғояҳои дар Қатьномаи махсуси СММ ифодаёфта муайян карда шаванд.
Хонумон ва ҷанобон!
Кӯшишҳои мо дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризм танҳо дар сурати ҳамоҳангсозии самарабахш дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ самаранок хоҳад буд.
Маҳз аз ин рӯ анҷумани кунунӣ, Эъломияи Тошканд, ки имрӯз қабул шуд ва Нақшаи амалиёти муштараки навшуда оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса доранд.
Ба ҳамаи иштирокдорони Конфронси байналмилалӣ кори пурсамар, мубоҳисаҳои ҷолиб, таҳияи пешниҳоду ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими амният ва суботи байналмилалӣ нигаронда шудаанд, орзумандам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: