Байни Тошканд ва Бухоро поезди нави баландсуръати «Afrosiyob» ҳаракат мекунад

Аз 13 ноябри соли 2021 сар карда аз Тошканд ба Бухоро ва ба қафо рейсҳои нави поезди балансуръати “Афросиёб” №770-769 ба роҳ монда мешавад.

Аз 13 ноябри соли 2021 сар карда аз Тошканд ба Бухоро ва ба қафо рейсҳои нави поезди балансуръати “Афросиёб” №770-769 ба роҳ монда мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари», васеъ намудани хатсайрҳои қатораҳои замонавии «Афросиёб» ба қонеъ гардонидани талаботи аҳолии маҳаллӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои рушди сайёҳии дохилӣ алоқаманд аст.

Ҳаракати поездҳо ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои шанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд.

Поезди рақами 770 соати 09:02 аз вокзали марказии роҳи оҳани Тошканд ба роҳ мебарояд. Бо назардошти таваққуф дар вокзалҳои Самарқанд ва Навоӣ ба вокзали «Бухоро-1» соати 12:47 мерасад.

Мусофирон ба пойтахт тавассути қатораи №769 бармегарданд, ки аз истгоҳи "Бухоро-1" соати 15:02 ба роҳ баромада, соати 18:50 ба вокзали марказии "Тошканд" меояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: