Бинобар факти таркиш ва сӯхтор дар анбори ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Дар робита ба таркиш ва сӯхтори калон дар анбори Inter Logistics дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

«Вобаста ба ин ҳодиса тибқи бандҳои «а» ва «б»-и қисми 2-юми моддаи 259 «Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор»-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд», - омадааст дар хабари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Дар вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин хабар доданд, ки феълан аз рӯи парвандаи ҷиноӣ аз ҳисоби мутахассисони шӯъбаҳои дахлдор гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ таъсис дода шуда, барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор экспертизаи судӣ таъин гардида, корҳои фаврию тафтишотӣ идома доранд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: