БОНКИ ВЕНГРИЯ СОҲИБИ ИПОТЕКАБАНК ГАРДИД

Байни Ҳукумати Ӯзбекистон ва банки “ОТП”-и Венгрия созишнома ба имзо расид.

Бар асоси ин созишнома Бонки саҳҳомӣ-тиҷоратии Ипотекабанки Ӯзбекистон ба ин бонки Венгрия фурӯхта мешавад. Аммо нархи муомилот ҳанӯз ошкор нашудааст. Ин матлаб дар нишасти матбуотии 12 декабри соли равон маълум карда шуд. 
Пас аз ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум дар соли 2021, таҳлили дороиҳо ва ҳузур дар бахши бонкии Ӯзбекистон, “OTP Bank” Бонки саҳҳомӣ-тиҷоратии «Ипотекабанк»-ро харидорӣ намуд. Ба намояндагӣ аз Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон ноиби нахуствазир — вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев ва аз ҷониби “OTP Bank” раиси шӯрои директорон ва директори иҷроия Шандор Чанйи ва дар ширкати муовини директори генералӣ Ласло Волф ин ҳуҷҷат имзо карда шуд. 
Дар ин нишасти матбуотӣ эътироф гардид, ки бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон як бонки хориҷӣ бонки Ӯзбекистонро мехарад ва ин низ ҳодисаи беназир ва таърихӣ мебошад.
– Венгрия шарики асосӣ ва стратегии мо дар Аврупо шумурда мешавад. Пешрафти ҳамкории мо самарабахш будани худро дар амал исбот менамояд, – тазаккур дод Ҷамшед Хоҷаев.
Ба таъкиди Хоҷаев дар замони ноустувору ноором  ва душвор одамони оқилу доно купрӯк месозанд. Аз тарафи Банки «ОТП»-и Венгрия харидорӣ шудани Бонки  саҳҳомӣ-тиҷоратии «Ипотекабанк» на танҳо ду кишварро мепайвандад, балки имкон медиҳад, ки дигар бонкҳо ва ширкатҳои бузурги Венгрия ба Ӯзбекистон омада, ба тиҷорат оғоз намоянд. 
Дар нишасти матбуотӣ инчунин қайд гардид, ки чунин ташаббусҳо қобили дастгирӣ ва кумак  мебошанд ва ҳамкориҳо дар соҳаи бонкро беш аз пеш густариш медиҳанд. Таъкид гардид, ки ин танҳо ибтидои кор аст, зеро дастовардҳои нав, фатҳи марраҳои нав, иҷрои вазифаҳои нав ҳоло дар пешанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: