Раҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон аз рафти татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карданд

  • Раҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон аз рафти татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки барои иштирок дар барномаи чорабиниҳои асосии саммити СҲИ дар кишвари мо қарор дорад, гуфтушунид анҷом дод.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд.

Натиҷаҳои татбиқи созишҳое, ки дар рафти тамосҳои доимӣ дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуданд.

Нишондиҳандаҳои гардиши мол афзоиш ёфта, лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ дар саноати мошинсозӣ, электротехникӣ, нассоҷӣ, энергетика, кишоварзӣ, логистика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ мегарданд.

Чорабиниҳои фарҳангию башардӯстона гузаронида мешаванд.

Сарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон аҳамияти идомаи корҳои пуршиддати муштаракро оид ба пешбурди барномаву лоиҳаҳои ҳамкории амалӣ таъкид намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: