ЧӮЛИСТОНЕ, КИ БА ГУЛИСТОН ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Дар чаҳорчӯби сафари матбуотӣ, ки бо ибтикори Вазорати туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд, мо аз шаҳри Нуқус озими ноҳияи Элликқалъа шудем.

27 март варзишгоҳи марказии ин ноҳия, ки  чанде муқаддам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, мизбонии се ҷашнвораи бошукӯҳ – тантанаи наврӯзӣ, 50-солагии азхудкунии заминҳои чӯл ва 45-солагии таъсиси ноҳияро бар дӯш дошт.
Ба ин муносибат собиқадорони меҳнат, ҳунармандон, санъаткорон, варзишгарон ва намояндагони созмонҳои ҷавонон аз ҳар гӯшаву канор ба варзишгоҳ даъват шуда буданд. Дар иштироки раиси Ҷоқарғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Мурод Камолов занону духтарон дами деги бузурги суманакро кушоданд ва дар фазои суруду мусиқӣ чанд лаҳза мавҷи шодиву нишот ин ҷо  танинандоз гашт. Маълум шуд, ки суманакпазҳо тамоми шаб барои пухтани он заҳмат кашидаанд. Ин неъмати наврӯзӣ ба пиёлаҳо андохта шуд ва гурӯҳи духтарон пиёлаҳоро болои табақҳои калон гузошта, ба меҳмонони маросим армуғон намуданд. 
Мурод Камолов ба назди ҳар як кат ташриф оварда, мардону занони бузургсолро, ки рӯйи он бароҳат нишаставу аз неъматҳои дасторхони идона тановул мекарданд, фарорасии Наврӯз ва 45-солагии таъсиси ноҳияро табрику шодбош гуфт.  
Баъд маросими идона оғоз ёфт ва онро бо сухани муқаддимавӣ Мурод Камолов ҳусни оғоз бахшид.  
– Имрӯз маркази ноҳияи Элликқалъа ва шаҳраку рустоҳои он хеле ободу зебо гаштааст ва мардуми он аз ҳаёти фаровон баҳра мебаранд. Барои таъсиси ноҳияи Элликқалъа ҳанӯз 23 марти соли 1977 Раёсати Шӯрои Олии Ӯзбекистон  қарори вижа содир намудааст ва шаҳраки Бӯстон ба ҳайси маркази маъмурии он унвон гирифтааст. Панҷ сол пеш аз таъсиси ин ноҳия дар дашти  Элликқалъа корҳои доманфарохи обёриву азхудкунии чӯлистони он шурӯъ шудааст ва дар он як гурӯҳ фидоиён саҳми калон гузоштаанд, – изҳор намуд Мурод Қаллибекович.
Гуфта мешавад, ки қаламрави ҳозираи ноҳияи Элликқалъа аз қадим боз минтақаи бархӯрди тамаддунҳо маҳсуб меёбад. Замоне оби рӯдхонаи Ҷайҳун чунон зиёд будааст, ки ҳатто то баҳри Каспий рафта ҷорӣ мешудааст. Маҳз барои ҳамин ин маскани тамаддунсоз оҳиста ҷойи худро ба салтанати дашту саҳро холӣ карда додааст, ки баъди гузашти асрҳо ҳукмронии онро ба даст гирифтааст. 
– Дар ноҳияи мо ҳоло ҷамоатҳои шаҳрвандони 13 авул, 23 маҳалла ва 1 шаҳрак машғул ба фаъолият мебошанд. Аҳолии ноҳия дастикам 162 ҳазор нафарро ташкил мекунад.
Аз ин шумор 30 ҳазор сокини шаҳри Бӯстон мебошад, – гуфт ҳокими ноҳия Сайдаҳмад Авезов. – Масоҳати умумии ноҳия 5 ҳазору 410 километри мураббаъ буда, аз он одамони маъруф баромадаанд, ки барои пешрафту ривоҷи соҳаҳои гуногун, чун кишоварзӣ, саноат, илму фарҳанг, санъат ва амсоли он нақши муассир бозидаанд. Дар айни ҳол фарзандони мардуми Эликқалъа дар 64 мактаби таълимоти умумӣ, 7 мактаби махсус, 1 мактаби “Насли баркамол”, 132 муассисаи томактабии давлатӣ, давлатӣ-шарикӣ ва оилавӣ  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бештар аз 20 муассисаҳои тандурустӣ дар хидмати мардум қарор гирифтаанд.
Таъсиси факултаи омӯзгории филиали Донишгоҳи давлатии Нуқус ба номи Аҷиниёз боис шудааст, ки мактабҳову муассисаҳои томактабии он бо кадрҳо таъмин шаванд. Дар ин ноҳия ташкил шудани Дастаи намунавии мақоми Ҷумҳурии Қароқалпоқистон барои рушди санъату ҳунари мақомхонӣ  ва фаро хондани ҷавонони боистеъдод хеле мусоидат намудааст.
– Мо дар ноҳияи Элликқалъа барои пешрафти тамоми соҳаҳо шароит фароҳам овардаем. Аллакай бештар аз 200 нафар ҷавонони варзишгар соҳиби медалҳои мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ шудаанд. Мо бо Моҳигул Комилҷонова, Фаррух Ӯрозбоев, Севинчой Иброҳимбоева, Шаҳзода Азатова, Гулчирой Исмоилова барин қаҳрамонони ҷаҳон ва Осиё ифтихор мекунем, – иброз дошт Сайдаҳмад Авезов.
Маълум шуд, ки дар ноҳия 21 ёдгории бостоншиносӣ, 1 ёдгории меъморӣ, 10 ёдгории санъати монументалӣ ва наздики 10 зиёратгоҳ мавҷуданд, ки барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамоянд. Гуфта мешавад, солона теъдоди сайёҳон ҳазорҳо нафарро ташкил менамояд ва ташрифу боздиди онҳо дар мустаҳкамшавии иқтисодиёти ноҳия ва беҳбуди ҳаёти мардуми он нақши калон мебозад. 
– Дар ноҳия 242 корхонаи саноатии хурду бузург арзи вуҷуд намудааст, ки қисмати аъзами он ба даврони истиқлол, аммо аз 150 адад бештари он ба панҷ соли охир мутааллиқанд. Ба арсаи меҳнат ворид шудани панҷ кластери ангурпарварӣ шароити рӯзгори мардумро хеле беҳбуд бахшид. Ба ин нигоҳ накарда хоҷагиҳои фермерӣ дар ҳазор гектар ва аҳолӣ дар 2 ҳазор гектар минтақаҳои наздиҳавлии худ ба бунёди ангурзорҳо асос гузоштанд, – таъкид варзид ҳокими ноҳияи Элликқалъа.
82 хоҷагии фермерӣ  ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба моҳипарварӣ ихтисос дода шудаанд, ки дар ҳавзаҳои табиӣ ва сунъӣ ба ин соҳаи сердаромад машғуланд. Инчунин 85 субъектҳои чорвопарварӣ, 14-то паррандапарварӣ, 9-то  занбӯрпарварӣ ташкил шудааст, ки тавонистаанд садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд. 6 кластер соҳаҳои пахтакориву бофандагӣ, ғаллапарварӣ, парвариши меваву сабзавот ва қарокӯлпарвариро фаро гирифтааст. Танҳо дар хоҷагии фермерии “Чашмаи сафеди Амир”-и ҷамоати шаҳрвандони авули Амирбод таҳти унвони “Само тулпорлари” корхонаи асппарварӣ ташкил шудааст, ки дар он зотҳои “ахалтегин”, “қорабайир” ва “инглис” мавриди парвариш қарор гирифтаанд. 
Сайдаҳмад Авезов дар бораи татбиқи лоиҳаҳо низ таваққуф намуд. Ба гуфтаи ӯ бар ин асос дар панҷ соли охир ба ивази 16 миллион доллари амрикоӣ Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “Бӯстон кластер”  бунёд ёфт. Миллиардҳо сӯм барои таъсиси корхонаҳое масраф гардиданд, ки маҳсулоти гуногун тавлид мекунанд ва ҳудуди 2 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам овардаанд. 
– Содири маҳсулот самти муҳими кори моро ташкил медиҳад. Зеро пайдо кардани харидорони зиёд мусоидат менамояд, ки даромади мо бештар шавад ва иқтисодиётамон мустаҳкам гардад. Барои мисол, соли сипаришуда ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии мо 12.4 миллион долларро ташкил намуд. Он аз маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ иборат буда, ба Русия, Хитой, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Туркия. Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур, Таиланд, Қазоқистон ва Қирғизистон содир гардид, – гуфт Сайдаҳмад Авезов.
 Ноҳияи Элликқалъа дар мавриди ҷалби сайёҳон низ  хеле пешрафтҳо кардааст. Ҳоло дар меҳмонхонаву хостелҳои шаҳри Бӯстон, меҳмонхонаҳои оилавии минтақаҳои дигари ноҳияи ҳудуди 100 нафар сайёҳи хориҷӣ будубош доранд ва бо фаро расидани фасли баҳор теъдоди онҳо чанд карат афзоиш хоҳад ёфт. Гуфта мешавад, ҳар як меҳмонхона бо гунҷоиши аз 20 то 200 нафар меҳмон сохтаву муҷаҳҳаз гардидааст. 
– Бемуҳобот, дар ояндаи наздик ноҳияи Элликқалъа ба яке аз марказҳои сайёҳии ин минтақа табдил хоҳад ёфт. Зеро захираҳои туризм ин ҷо хеле зиёданд ва метавон аз тариқи тарғибу ташвиқ теъдоди сайёҳонро сол аз сол боло бурд. Дар атроф чандин қалъаҳо мавҷуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони маҳалливу хориҷӣ қарор гирифтаанд, – мегӯяд сухангӯи Вазорати туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ Лола Раҳмонӣ.
Ба гуфтаи ӯ дар ин солҳо соҳили Ақчакӯлро иншооти зиёди туристӣ зинат бахшидаанд. Беш аз пеш ҳар кадоми он барои пазироии сайёҳон омода мегардад.  Сайёҳон дар соҳили ин кӯл метавонанд истироҳат кунанд, офтоб хӯранд ва бадани худро обутоб диҳанд.
Масоҳати умумии Ақчакӯл 1 ҳазору 149 гектарро ташкил мекунад. Чуқурии он 12 метр буда, чаҳор самти он барои истироҳату фароғати сайёҳони маҳалливу хориҷӣ басо мувофиқ мебошад. Оби Ақчакӯл чаҳор фасли сол худро софу зулол нигоҳ медоштааст. Ҳавасмандон бо истифода аз шароити ин ҷо имкони моҳидорӣ ва пухтани таомҳоро низ дар ихтиёр хоҳанд дошт. Инчунин барои сайёҳон чунин шароит фароҳам оварда шудааст, ки онҳо метавонанд ба катомаранҳову заврақҳо савор шаванд ва сайру гашт кунанд.
– Мо ба наздикӣ фестивалеро таҳти унвони  “Aqchakol Beach Fest” барномарезӣ кардаем. Дар доираи ин фестивал аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш байни варзишгарони ҷумҳурӣ мусобиқаҳои гуногун роҳандозӣ хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, варзишгарони моҳир барои мардум ҳунари волои худро низ намоиш хоҳанд дод, – изҳор кард Лола Раҳмонӣ.
Дарвоқеъ, дасти одамизод гул аст ва инро меҳнатқаринони ноҳияи Элликқалъа бори дигар собит намудаанд. Дар муддати ним аср бо дасти инсон чӯлистон ба гулистон табдил ёфтааст. Ҳоло ҳудуди 162 ҳазор сокини он дар шароиту муҳити куллан созгору мувофиқ машғули зиндагиву меҳнат мебошанд.
Се ҷашни муштарак – Наврӯзи оламафрӯз, 50-солагии азхудкунии заминҳои чӯл ва 45-солагии таъсиси ноҳияро барои мардуми заҳматкаши Элликқалъа муборакбод мегӯем!

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.
НУҚУС – ЭЛЛИҚҚАЛЪА 
– НУҚУС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: