ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГИИ ДАСТГИРИИ МОДДИИ ҚИШРИ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ МУҲТОҶИ АҲОЛӢ

Бо мақсади таъмини пайвастагии тадбирҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти моддии шаҳрвандон, индексатсия кардани даромади онҳо вобаста ба сатҳи инфлятсия, инчунин таъмини миқдори пардохтҳои дахлдори иҷтимоӣ ба андозаи на кам аз арзиши хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолӣ нигаронда шудааст:

1. Аз 1 майи соли 2022 миқдори нафақа оид ба синну сол, ногироӣ ва бинобар ҳолати фавти саробон 12 фоиз зиёд карда шавад. 
2. Аз 1 майи соли 2022 дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
андозаи асосии ҳисоби нафақа – моҳе  324 000 сӯм; 
миқдори ҳадди ақалли нафақа бинобар синну сол  – моҳе  633 000 сӯм; 
миқдори ҳадди ақалли нафақа бинобар ногироӣ, аз ҷумла нафақаи ногироӣ барои собиқаи нопурраи корӣ  – моҳе  698 000 сӯм; 
миқдори кумакпулӣ бинобар ногироӣ, ки ба шаҳрвандони ғайриқобили меҳнат пардохта мешаванд ва кумакпулӣ ба шахсони аз кӯдакӣ ногиро  – моҳе 698 000 сӯм;
миқдори ҳадди ақалли нафақа, аз ҷумла иловапулӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҷанги солҳои 1941-1945 ногиро шудаанд ва иштирокчиёни он, инчунин барои собиқ асирони ноболиғи лагерҳои консентратсионии фашистӣ ва шахсоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград кор кардаанд –  моҳе 3 080 000 сӯм; 
миқдори нафақаи пиронсолӣ, ки ба миқдори андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли нафақаи бинобар синну сол  (633 000 сӯм) то 698 000 сӯм нафақа мегиранд  — моҳе 698 000 сӯм муқаррар карда шаванд.
3. Бо мақсади муайян кардани нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба андозаи на камтар аз арзиши хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолӣ аз 1 майи соли 2022 муқаррар карда шавад: 
миқдори кумакпулӣ ба шаҳрвандони куҳансол, ки собиқаи зарурии корӣ надоранд, – моҳе 500 000 сӯм;  
миқдори ҳадди ақалли нафақа бинобар синну сол барои собиқаи кори нопурра бо назардошти пардохтҳои иловагӣ – моҳе 500 000 сӯм; 
миқдори кумакпулӣ барои як аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи гирандаи кумакпулӣ ба муносибати гум кардани саробон –  моҳе 500 000 сӯм бо ба ҳар як аъзои минбаъдаи ғайриқобили кори чунин оилаҳо илова кардани 185 000 сӯмӣ;
миқдори ҳадди ақалли нафақа барои як аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи гирандаи нафақа аз рӯи гум кардани саробон – моҳе 500 000 сӯм бо додани нафақа ба ҳар аъзои навбатии ғайриқобили меҳнати оила мувофиқи тартиби мавҷуда.
4. Бо мақсади дастгирии иловагӣ ва пешгирии бад шудани вазъи иҷтимоию иқтисодии оилаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд маблағҳое, ки ба шаҳрвандон то 1 апрели соли 2022 бинобар нодуруст пешниҳод намудан ва ворид намудани маълумот оид ба таъини кумакпулӣ ва ёрии моддӣ тавассути системаи иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ», инчунин сабабҳои техникӣ зиёдатӣ дода шудаанд, аз ҳисоб бароварда шаванд.
 5. Хароҷоти вобаста ба зиёд намудани нафақа ва кумакпулӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва Фонди нафақаи ғайрибуҷетии назди Вазорати молия пӯшонда шавад.
6. Вазорати молия (Т. Ишметов): 
қабули арзиши хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолиро ҳангоми таъини кумакпулии кӯдакон ва кумаки моддӣ ба оилаҳои камбизоат тавассути системаи иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ба сифати маҳак, инчунин ҷудо намудани маблағҳои иловагиро аз Буҷети давлатӣ ба вобаста ба афзоиши шумораи гирандагони ин пардохтҳо таъмин намояд; 
ба муҳлати то 1 ноябри соли 2022 ба Девони Вазирон лоиҳаи қонунро оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъминоти давлатии нафақаи шаҳрвандон» тақдим намояд, ки ҷорӣ кардани низоми азнав ҳисобкунии (афзоиши) миқдори нафақаҳои давлатиро дар сатҳи инфлятсияи ҳарсола пешбинӣ менамояд.
7. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. 
8. Вазорати молия, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ корро оид ба дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои Интернет ва иҷтимоӣ васеъ равшан намудани мақсаду вазифаҳои Фармони мазкур ва натиҷаҳои пешбинишуда ташкил намоянд.  
9. Вазорати молия якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифҳо пешниҳод намояд.
10. Ба зиммаи вазири молия Т.А. Ишметов масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои Фармони мазкур гузошта шавад. 
Баррасии рафти иҷрои Фармони мазкур, мутобиқгардонӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Д.А.Қӯчқоров гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ.

 
Шаҳри ТОШКАНД,
29 апрели соли  2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: