ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ТАЪМИНИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАРАЁНИ БУҶА

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 феврали соли 2021 № ФП-6155 «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амал оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ», инчунин ҷалби фаъоли аҳолӣ ба равандҳои ташаккули буҷаи давлатӣ ва таҳияи лоиҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, васеъ гардондани иштироки ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир дар маҳалҳо:

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 феврали соли 2021 № ФП-6155 «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амал оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ», инчунин ҷалби фаъоли аҳолӣ ба равандҳои ташаккули буҷаи давлатӣ ва таҳияи лоиҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, васеъ гардондани иштироки ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир дар маҳалҳо:
1. Пешниҳодҳои Шӯ-рои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Вазорати молия, инчунин Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ маъқул дониста шаванд, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
зина ба зина ҷорӣ намудани тартиби нави равона намудани 5 фоизи хароҷоти умумии тасдиқшудаи буҷетҳои дахлдор барои маблағгузории чорабиниҳо, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, аз моҳи майи соли 2021 сар карда мувофиқи замима — дар ноҳияҳо (шаҳрҳо), аз 1 январи соли 2022 — дар ҳамаи ноҳияҳои (шаҳрҳо) ҷумҳурӣ;
аз 1 июли соли 2021 сар карда  аз 10 фоиз то 30 фоиз баланд бардоштани ҳаҷми ҳадди ақалли маблағҳои иловагии буҷетҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо), ки барои маблағгузории чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, ҷудо карда мешаванд.
2. Вазорати молия дар давоми як ҳафта барилова ҷудо намудани 92,7 миллиард сӯмро аз ҳисоби Буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба буҷетҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо), ки мутобиқи замимаи ин қарор интихоб шудаанд, таъмин намояд.
3. Муқаррар карда шавад:
маблағҳое, ки ба 5 фоизи хароҷоти тасдиқшудаи буҷетҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) баробаранд, барои маблағгузории чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, бо назардошти марҳилаҳои дар банди 1 ҳамин қарор пешбинишуда равона карда мешаванд;
маблағҳое, ки барои маблағгузории чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, ҷудо карда мешаванд, дар суратҳисобҳои шахсии хазинаи «Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ», ки дар ҳокимияти ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар шакли маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилотҳои буҷетӣ кушода шудаанд, ҷамъ карда мешаванд, харҷи маблағҳои мазкур барои мақсадҳои дигар қатъиян манъ аст.
4. Девони Вазирон дар давоми як ҳафта қоидаҳои намунавии тартиби равона намудани маблағҳои буҷетҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо)-ро ба чорабиниҳо, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, ба Сенати Олий Маҷлис барои тасдиқ тақдим намояд.
Дар асоси маҷмӯи қоидаҳои мазкур ҳокимиятҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар муддати ду ҳафта ба шӯроҳои дахлдори депутатҳои халқи ноҳия (шаҳр) инҳоро барои тасдиқ тақдим намоянд:
лоиҳаи қарор, ки тартиби аз буҷаи ноҳия (шаҳр) равона кардани маблағро ба чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, пешбинӣ менамояд, бо назардошти хусусиятҳои ҳар як ноҳия ва шаҳр;
ҳайати Комиссияи корӣ оид ба ташаккул, арзёбӣ, интихоб ва мониторинги татбиқи тадбирҳои дар асоси афкори умум ташаккулёфта, ки аз кормандони масъули Шӯрои вакилони халқи ноҳия (шаҳр), мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ иборат аст.
5. Ҳокимияти ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар вебсайтҳои расмии худ ва портали  «Буҷаи кушод» маълумотро оид ба маблағгузории чорабиниҳо, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ на дертар аз рӯзи 25-уми моҳ, пас аз семоҳаи ҳисоботӣ ҷойгир намоянд.
Ба зиммаи ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо барои ҷудо кардани саривақтии маблағҳои буҷетӣ барои маблағгузории чорабиниҳои дар асоси афкори умум  ташаккулёфта ва равшан намудани раванди маблағгузорӣ масъулияти шахсӣ гузошта шавад.
6. Ба зиммаи  Вазорати молия вазифаҳо оид ба:
такмили тартиби ташаккули маблағҳое, ки барои маблағгузории чорабиниҳо, ки  дар асоси афкори умум амалӣ карда мешаванд;
ташкили семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ оид ба ташаккул ва харҷи маблағҳое, ки барои маблағгузории чорабиниҳои дар асоси афкори умум татбиқшаванда нигаронда шудаанд, инчунин тайёр кардани маводи таълимие, ки мундариҷаи раванди мазкурро инъикос мекунанд;
пеш бурдани мониторинги ташаккул ва хароҷоти маблағҳое, ки барои маблағгузории чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умум амалӣ карда мешаванд, ҷудо карда мешаванд;
дастгирии методологӣ ва техникӣ, инчунин идоракунии раванди ҷойгиркунии пешниҳодҳо аз ҷониби мардум ва овоздиҳӣ дар портали «Буҷаи кушод» гузошта шаванд.
7. Вазорати молия:
то 1 ноябри соли 2021 якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ба Девони Вазирон дар бораи такмили буҷакунонии ташаббуснок бо иштироки шаҳрвандон пешниҳодҳо тақдим кунанд;
якҷоя бо Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, Агентии кор бо ҷавонон ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо таҳия ва паҳн намудани маводҳои методӣ ва таълимиро ба мақсади дар байни аҳолӣ васеъ равшан намудани механизми татбиқ ва моҳияти буҷетгузории ташаббускор таъмин намояд;
дар муддати ду моҳ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳодҳо тақдим кунанд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ.А.Кӯчқоров, Вазири молия Т.А.Ишметов, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
13 апрели соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: