ДАР РОБИТА БА НЕРӮИ БАРҚИ ОФТОБӢ ДУ СОЗИШНОМАИ ЛОИҲАВӢ БА ИМЗО РАСИД

Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати “Масдар”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзои ду созишномаи лоиҳавӣ муваффақ шуданд.

Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати “Масдар”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзои ду созишномаи лоиҳавӣ муваффақ шуданд. Ин лоиҳаҳо сохтани ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззахро сармоягузорӣ мекунанд. 
Дар ҷараёни маросими имзои созишномаҳо, ки дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Tashkent» баргузор гардид, аз ҷониби Ӯзбекистон ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов ва Вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Алишер Султонов, аз ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб директори генералии ширкати “Масдар” Муҳаммад Ҷамил ал-Рамоҳӣ ва сардори Шуъбаи тендерии ин ширкат Рошдӣ Бахирӣ иштирок карданд.
Дар маросим гуфта шуд, ки иқтисодиёти Ӯзбекистон имрӯз рӯ ба рушду ривоҷ овардааст ва сатҳи истеъмоли нерӯи барқ низ сол аз сол дар кишвар меафзояд. 
– Мо ба таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ такя намуда, татбиқи лоиҳаҳоеро барои тавлиди нерӯи барқ таҳти корбаст қарор медиҳем. Он аз манбаҳои нури офтоб ва бод маншаъ хоҳанд гирифт ва нерӯи барқ тавлид хоҳанд кард. Боиси ифтихор аст, ки чунин ширкати бонуфузи Аморати Муттаҳидаи Араб дар ин самт бо мо ҳамкорӣ менамояд, – изҳор кард Сардор Умурзоқов.
– Воқеъияти ҳол аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақа ҷиҳати роҳандозии лоиҳаҳои шаффофи энергетикӣ нақши муассир мебозад. Инчунин дар мубориза бо тағйирёбии глобалии иқлим саҳми калон мегузорад. Ин рисолати ҳаётан хеле муҳим мебошад ва мо дар ин кор ба Ӯзбекистон кӯмак хоҳем кард, – гуфт директори генералии ширкати “Масдар” Муҳаммад Ҷамил ал-Рамоҳӣ.
Ногуфта намонад, ки озмунҳои кушод барои лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои фотоэлектрикӣ (PVP) бо иқтидори 220 МВТ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва пуштибонии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ва ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах баргузор гардиданд.
Гуфта мешавад, ки моҳи майи соли равон дар тамоми ин давра аз рӯи натиҷагириҳои ниҳоӣ ғолиби озмун ширкати “Масдар” пазируфта шуд. Яке аз ҷиҳатҳои қавии ширкати Аморати Муттаҳида пешниҳоди интиқоли нерӯи барқ буд, ки дар ин нерӯгоҳҳо тибқи тарифи хеле пасттарин ва барои 25 сол истеҳсол карда хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, нерӯи барқи мавриди интиқоли нерӯгоҳи Ҷиззах ба шабакаи ягонаи барқ барои як киловат ба андозаи 1, 823 сент ва нерӯгоҳи Самарқанд ба андозаи 1,791 сент рост хоҳад омад. Интизор меравад, ки “Масдар” ин лоиҳаҳоро то 300 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад ва ин маблағ моҳи декабри соли 2021 гузаронда шуда, сохтмон дар семоҳаи соли 2022 шурӯъ мегардад.
Ба таври илова ҳаминро қайд кардан лозим меояд, ки ин нерӯгоҳҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар назди энергетикаи Ӯзбекистон барои то соли 2030 гузошта шудаанд, хеле мусоидат хоҳанд кард. Манбаъҳои ин энергия, ки аз офтоб ва шамол маншаъ мегиранд, дар тавлиди барқи 8 ГВтӣ саҳми калон хоҳанд гирифт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: