Назар ба маълумоти Агентии статистика аз моҳи августи соли равон Ӯзбекистон ба хориҷ фурӯхтани тиллоро боздошт.
Вале Бонки марказии Ӯзбекистон дар хариди тилло ё худ металлҳои қиматашон баланд дар сафи бонкҳои пешбари дунё ҷой гирифтааст.Чунончи, дар давоми чаҳоряки сеюми соли равон ин бонк ҷамъ 7 тонна металли гаронбаҳо харид кардааст.
Бо баробари Ӯзбекистон дар сафи мамолике, ки захираи тиллои худро афзун мегардонанд, Чин, Полша, Туркия, Ҳиндустон, Чехия,Сингапур ва Русия ҷой гирифтаанд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири
«Овози тоҷик».