«ДАР САФИ ПЕШ БУДАН ОСОН НЕСТ»

мегӯяд амини маҳаллаи «Навбоғчиён»-и шаҳри Самарқанд Муродилло Остонақулов

Дар вилояти Самарқанд беш аз 1000 гузару маҳалла ҳаст, ки миёни онҳо маҳаллаи тоҷиктабори «Навбоғчиён»-и шаҳри бостонӣ аз ҷамоати шаҳрвандони пешқадам ба шумор меравад.
Чанд сол муқаддам маҳаллаи мазкур на бинои маъмурӣ дошту на нуфузи хосса. «Болои сӯхта намакоб», коркун яктаю балегӯй садто шуданд. Мардуми корафтода барои ҳалли муаммо назди мансабдорон раванд, мақоли «гӯши ману девори қиёмат» буд.
Мӯйсафедони рӯзгордидаи гузар машварат ороста, қарор карданд, ки ба Муродилло барин марди кордон кор осон. Мебояд ӯро амини деҳа интихоб кард. Воқеан, Муродилло Остонақулов пас аз хидмат дар идораҳои ҳуқуқу тартибот ба нафақа баромада, бо соҳибкорӣ машғул буд. Таъҷилан ӯро ба маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии маҳалла даъват намуданд. Масъалаи пешбарӣ ба вазифаи сарвари гузар ба миён омад, собиқадори таълими халқ Абдукарим Ӯрунови 80-сола риштаи суханро ба даст гирифт:
– Дар ин ҷо писари ҳамкасбам раҳматӣ муаллим Азизҷон Муродилло ҳузур дорад, ҳамин шахс ба вазифаи амини гузар муносиб аст. 
– Барои боварӣ ташаккур! Талаби мӯйсафедону фаъолон барои ман қонун, – аз ҷо хеста, даст болои сина гузошт Муродилло. — Вазифаи пурмасъулро ба зимма бо шарте мегирам, ки агар ҳама аз як гиребон сар барорем. Бо «ҳалво» гуфтан даҳон ширин намешавад. Ҳаракату баракат. Муаллими адабиётамон мегуфтанд, ки “ҳар кӣ бо халқ ситезад, сар ба сар обрӯйи худ резад”.
Дар маҷлис амини нав, ки ҳозиронро чун панҷ панҷа медонист, «команда»-и хешро интихобу тасдиқ карда гирифт. Чанд нафар мӯйсафедонро маслиҳатгару раҳнамо таъин намуд.
Аз рӯзи аввал Муродилло аз пайи пайдо кардани роҳи ҳалли муаммоҳо шуд. 
Баъди намози бомдод мӯйсафедон аз рӯйи одат ба чойхонаи гузар омаданд. Муродиллои дилёб як коса қаймоқ ва ду дона нони гармро назди онҳо гузошта гуфт, ки аз нӯги хамир фатир. Аммо барои гузар бинои нав бояд сохт. Пирони ҳимматбаланд аз ҳисоби нафақаи худ чанд сӯмӣ ба хазинабон дода, таъкид кардаанд, ки бигузор ҳама огоҳ шаванд – ҳашари умумихалқӣ эълон мекунем ва ҳар кас аз рӯйи имконият саҳмгузор гардад.
Дар муддати кӯтоҳ қариб сад миллион сӯм ҷамъ оварда шуд. Сохтмон оғоз ёфт. Вале барои бунёди ошёнаи дуюми иншооти хушсифату замонавӣ маблағ нарасид. Дар чунин вақт ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов роҳгузар шуда, баъди «монда набошед!» гуфтан пурсид ки аз ман чӣ хизмат?
– Агар ҳокимият ёрдами моддӣ диҳад, дар арафаи иди истиқлол бинои навро ба истифода месупоридем, – нимшӯхиву нимҷиддӣ луқма партофт Аҳтамбобо Абдураҳимови 90-сола.
– Аз шумо ишорат, аз мо бо сар давидан, – пирамардро самимона ба оғӯш кашид ҳоким, – дуои хайр кунед, ки Самарқанди қандманд обод гардад. 
Дар ҳақиқат, дере нагузашта аз ҳисоби буҷаи ҳокимият 700 миллион сӯм ирсол гардид. Сохтмон боз авҷ гирифт. Меъмор Баҳрон Маннонов лоиҳаи биноро таҳия намуда, ба бинокорон маслиҳатгар шуд... 
Ҳоло дар бинои дуошёна дар асоси панҷ ташаббуси сарвари давлатамон ҳунар меомӯзанд, бо варзиш машғул мешаванд, аз олами санъату мусиқӣ баҳраманд мегарданд.

Чаро «Навбоғчиён» мегӯянд?

Маҳаллаи «Навбоғчиён» таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Дар асрҳои IX-X аз сарҳади Панҷакенти Тоҷикистон – саҳеҳтараш мавзеи Равотхоҷа бо ташаббуси Закарияи Варроқӣ қисми оби дарёи Зарафшонро бо канали Дарғам ба Самарқанд овардаанд. Сипас, он ба бисёр ҷӯйҳо тақсим шуда, яке аз шохобчаҳое, ки он дар қадим номи худои Зардуштиён Аҳурамаздоро дошт ва бо гузашти айём суфта ва халқӣ гардида, Мазоқинро гирифтааст. Маҳз тавассути гузари «Навбоғчиён» сӯйи шаҳри Самарқанд ҷорист. Шояд бобою бобокалонҳои мардуми таҳҷоӣ, ки соф тоҷик буданд, боғҳои нав бунёд кардаанд, ки ҳоло номи «Навбоғчиён»-ро дорад. 
Инчунин, дар маркази гузар масҷиди ҷомеи Ғанӣ Аттор вуҷуд дорад, ки дар солҳои ҳукмронии давлати шӯро ба вазифаҳои дигар истифода гардид. Хушбахтона, аҳли гузар масҷидро таъмир карданд, ки намуди зебову дилнишинро гирифт. Дар ин кори хайр хизмати беминнати савобталабон Муртазобобо Примов, Самадбобо Ҳоҷиев, Фозилбобо Ӯрунов, Аҳтамбобо Абдураҳимов ва дигарон хеле калон аст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳоло дар маҳалла қариб чор ҳазор нафар аҳолӣ дар 720 хонадон аҳлу тифоқ зиндагӣ ба сар мебаранд, ки танҳо ду нафари онҳо ба миллати рус мансуб буда, боқимонда тоҷикон ҳастанд.
 
Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ наояд

Вақте мо ба идораи маъмурии хушсохту зебо омадем, чанд нафар фаъолону мӯйсафедон ҳалқа нишаста, сӯйи Муродилло менигаристанд. Вай аз рӯзнома фармони сарвари давлатамонро «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026»-ро хонда, шарҳ медод.
– Дар стратегияи рушд барнома ва нақшаҳои наве, ки тараққиёти ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегиранд, пешбинӣ шудаанд, – гуфт Муродулло Остонақулов. – Боиси ифтихор аст, ки роҳбари кишварамон ҳамаи имкониятҳои сохтори идоракунии давлат ва ҷамъиятро бо қувваи бузург ва иштиёқи баланд ба мақсади нек сафарбар карда истодааст. Алалхусус, фаъолияти самарабахши ёварони ҳокимони шаҳру ноҳияҳо оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ, инчунин, пешвоёни ҷавонон, ки дар маҳаллаҳо ба сифати ниҳоди нав ҷорӣ шуданд. Ҳозир ҷавонони чаққону зирак Заршед Эҳсонов, Саъдулло Неъматов, Бобур Амонов ва дигарон тартиби омӯзиши мушкилоти мардумро хуб дониста, дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли онҳо чораҳои заруриро меандешанд. Ҳоло нуфузи маҳалла дар байни аҳолӣ бо роҳи фароҳам овардани низоми муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва мулоқоти онҳо бо масъулон, расонаҳои хидматҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ бевосита дар истиқоматгоҳ нуфузи маҳалларо баланд мебардоранд. 
Аҳтамбобо Абдураҳимов, Каримбобо Ӯрунов, Самеъҷон Ҳалимов, Зокирҷон Давронов, Абдукарим Маннонов, Аҳмадҷон Эшов ва албатта, бонувони ташаббускор Хуршеда Маҳмудова, Сарвара Мавлонова, Соҷида Исомова, Раҳима Ҳамроқулова, Сайёра Саидова ва дигарон маслиҳатгарон ҳастанд. 
Воқеан, қиблагоҳи Муродилло раҳматӣ Азиз Остонақулов дар мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд устоди мо буд, ки зиёрати хонаи охирати ӯро ҳам қарз ҳам фарз донистем. Аз ҳамин сабаб, ҳама сӯйи қабристон раҳсипор шудем. Ва бояд таъкид намуд, ки дар шаҳри Самарқанд қариб 50 адад қабристонҳо буда, водии хомӯшони деҳаи Навбоғчиён ҳамчун зиёратгоҳи ҳақиқӣ эътироф шудааст.
– Бо кумаки шахсони савобталаб айвони калон сохтем, ки мардум зери барфу борон ва офтоби сӯзон намонанд, – гуфт Муродилло Остонақулов, – ҳар сол садҳо бех ниҳолҳои манзаравию сояафкан ва гулбуттаҳои гуногун месабзонем.
Дар кӯчаҳои мумфарш сайр карда, майдончаҳои варзиш, ки ҷойи дӯстдоштаи бачагон ҳаст ва аз дигар корҳои ободонӣ дидан карда, шоду масрур шудем ва ба марди ғайратманду ташаббускор тасанно гуфтем.

Собири БУРҲОН,
муҳаррири калони бахши тоҷикии телевизиону радиои давлатии вилоят.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: