Дар Тошканд семинари омӯзишӣ оид ба мубориза бо терроризм баргузор мешавад

4-7 марти соли равон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тренинги миллӣ оид ба муқовимат ба истифодаи технологияҳои нав ба мақсадҳои террористӣ баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур бо ошноии мутахассисони Ӯзбекистон бо таҷрибаи пешқадам, усул ва амалиётҳои муосир дар ин самт, инчунин таҳияи чораҳои миллӣ ва тавсияҳо оид ба пешгирии хатару таҳдидҳои дахлдор нигаронда шудааст.

Омӯзиш дар доираи «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи пешниҳоду ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд дар Тошканд ва татбиқи Стратегияи глобалии мубориза бо терроризми СММ дар Осиёи Марказӣ 3-4 марти соли 2022 гузаронида мешавад.

Ташкилкунандагони семинар Идораи зиддитерроризми СММ, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Хидматӣи бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  мебошанд. Дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, коршиносони соҳаи киберамният ва сохторҳои таҳлилӣ ширкат доранд.

Дар давраи омӯзишии чаҳоррӯза маърӯзаҳои коршиносони варзида дар соҳаи амнияти киберии Маркази зиддитеррористӣ ва Раёсати зиддитеррористии СММ баргузор мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: