ОДАМУШШУАРО ДАР ШОҲРОҲИ ХУД

Дар арафаи ҷашни 31 солагии истиқлолияти Ӯзбекистон дар маркази кӯчаи Рӯдакии шаҳри Самарқанд муҷассамаи Соҳибқирони шоирӣ гузошта шуд.

Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, устоди шоирони ҷаҳон Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (858-941), ки бо тахаллуси «Рӯдакӣ» шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аз бачагӣ ташнаи илму фарҳанг буд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар даргоҳи Сомониён ба эҳтироми дарбориён соҳиб шуд. Афсус, дар пиронсолӣ аз ҳукуматдорону нотавонбину ҳасудон ранҷу беилтифотӣ дида, «кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам»,... бо шиква ба зодгоҳаш – Рӯдак баргашта, чашм аз олами ҳастӣ пӯшид.
Гарчанде ӯ яке аз аввалин классикони шеъри форсист ва ба далели сарчашмаҳои таърихӣ миқдори ашъори эҷодкардаи Одамушшуаро беш аз як миллиону сесад ҳазор байт дониста мешавад, вале аз мероси бузургу гаронбаҳои бадеии вай ғайр аз қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ» ва «Модари май» абёти пароканда боқӣ мондаасту халос. Бояд таъкид намуд, ки аз ҳамин ашъори каму парешон ҳам  тавоно ва бузургии шоир эҳсос мешавад.
Шоир менависад:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ наомузад  зи ҳеҷ омӯзгор.
«Асарҳои Рӯдакӣ аз бобати забон дорои чандин аҳамияти бузурги таърихианд, – навишта буд забоншиноси маъруф Раззоқ Ғаффоров, — аввалан ҷиҳати муҳим он аст, ки Рӯдакӣ  қоида ва қонунҳоеро, ки шоирони пешин дар бобати забони нав — забони адабии форсии дарӣ вазъ карда буданд, дар навъҳои гуногуну назм мустаҳкам намуд ва дар роҳи комилан ба эътидол омадани ин забон  саҳми азим ва ҳалкунанда гузошт.
Ин аст, ки забони асарҳои Рӯдакӣ намунаи олӣ, меъёри идеалии забони адабии навбунёд қарор гирифт».
Самарқанд ҳазорон сол инҷониб маркази тамаддуну фарҳанги илму маданияти тоҷикон буду ҳаст, ки ҷаҳониён эътироф кардааст. Пас мардуми қадршиносу бофарҳанг, ба саромадони ин фарҳанг, ки эҷодиёташон бо Самарқанд вобаста аст, ҳайкалу лавҳаҳо мегузоранд. Боиси ифтихор аст, ки Рӯдакии нотакрору бузургро, ки решапайванди Самарқанд аст, барои эътирофу эътибор гузоштани муҷассамаи ӯро шараф донистаанд.
— Мо бо кумаки беғаразона ва хайрхоҳонаи мардуми равшанфикр ва маърифатпарвари Самарқанд соли 1996 дар майдони Регистон пайкараи Рӯдакиро гузошта будем, ки шаш метр баландӣ дошта, соф аз биринҷӣ сохта шуда буд, – иброз дошт яке аз онҳо, собиқадори таълими халқ Амина Шарофиддинова, — аммо  бо сабабҳои номаълум соли 2009 муҷассамаи боҳашамати Рӯдакӣ ғайб зада буд.
Баъдан дар шафати Боғи истироҳати ба номи Алишер Навоӣ нимтанаи Рӯдакиро гузошта будем, ки он ҳам ғайб заду майдони вай ҳам.
Ҳоло дар маркази шоҳроҳи кӯчаи Рӯдакӣ ҳайкали ӯ аз бетон гузошта шуда, ботантана кушода шуд, ки дар он аҳли қалам, донишҷӯён, мактаббачагон ва меҳмонону мизбонони самарқандӣ ширкат варзиданд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар баромади худ доир ба эҷодиёти Рӯдакӣ ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар оянда мухлисони каломи бадеъ ба ин ҷо ташриф оварда, анҷуманҳои бонуфузи хешро хоҳанд гузаронд.
Дар чорабинӣ профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъақул Ҳамроев, муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва дигарон ба сухан баромаданд.
– Дар Самарқанд, – гуфт адиб Адаш Истад, — аз рӯйи мантиқ ва адолат мешавад агар ба номи Одамушшуаро Рӯдакии Самарқандӣ Боғи истироҳатӣ барпо шавад. Солҳои охир бо ташаббуси сарвари давлатамон маркази шаҳри Самарқанд хеле ободу зебо гардида, боғу гулгашти дилнишин бунёд мешавад. Айни муддао мебуд, ки яке аз онҳо номи Рӯдакии Самарқандиро гирад. 
Воқеан таклифи холисона ва олиҷаноб.
Ин эҳтироми хоса ба устоди шоирони ҷаҳон аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.
Суратгир: А. ИСРОИЛОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: