ЭЪТИБОРИ БАЙНАЛХАЛҚИИ СТРАТЕГИЯИ РУШД

Аз тарафи Маркази «Стратегияи рушд» бахшида ба муаррифии маҷмӯи «Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» ва платформаи онлайни «Қадри инсон» чорабинии байналхалқӣ баргузор шуд.

Дар он намояндагони вазорат, идораву созмонҳои ба иҷрои барномаи Стратегияи рушд масъул, СҒҒ ва дигар намояндагони институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, эксперт ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, ВАО маҳалливу хориҷӣ иштирок карданд.
Ҷонишини якуми раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев гуфт, ки дар Стратегияи рушд вазифаҳои дар ҳаёт татбиқ намудани тамоюли «Қадри инсон» пурра инъикоси худро ёфтааст. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрванд, ҳаёти осуда ва бехатари ӯ, фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ, муҳити экологии солим, сохтори ҳифзи иҷтимоӣ, хидматрасонии тиббии бомалака, таълими босифат аз ин ҷумла мебошанд. 
– Барномаи асосиро бесабаб «Стратегияи рушд» наномидаанд, – гуфт ҷонишини якуми раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Акмал Саидов. – Ин идомаи мантиқии Стратегияи амалиёт, ки моҳи феврали соли 2017 татбиқ гардидааст, мебошад.
Панҷ тамоюли Стратегияи амалиёт дар Стратегияи рушд боз ҳам тақвият дода мешавад. Ду тамоюли боқимонда бошад, ба масъалаҳои рушди маънавият ва мушкилотҳои байналхалқӣ, чунончӣ терроризм, экстремизм, тағйиротҳои иқлим бахшида шудааст.
Дар Стратегияи рушд 100 мақсад, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, маданиву маърифиро дар бар мегирад, пешбинӣ шудааст. Барои дастрас гардидани ин мақсадҳо қонун, шароит ва имкониятҳои мо басанда мебошанд.
Дар чорабинӣ мушкилоти экологӣ ҳамчун мушкилоти умумӣ номбар шуда, таъкид гардид, ки ин мушкилот дар айни ҳол ҳаллу фасл нагардад, барои насли оянда хавфи бузургро эҷод мекунад, ки он вақт пешгириаш имконнопазир мегардад.
Ғайр аз ин, А.Саидов се аҳамияти муҳими барномаи Стратегияи рушдро таъкид кард.
– Аҳамияти аввалин волоияти қадри инсон мебошад, – гуфт А.Саидов. – Ҳоло дар Ӯзбекистони Нав сохтори нави ҳуқуқи миллӣ ташаккул меёбад, яъне ба тамоюли «Инсон, ҳуқуқ ва озодӣ, бахусус қадри ӯ – қадрияти олист» эътибори доимӣ нигаронида мешавад. Дуюм, аҳамияти минтақавӣ доштани Стратегияи рушд ба шумор меравад. Дар он гиромидошти муносибатҳои бародарии халқҳои Осиёи Марказӣ, пурзӯр гардондани муносибатҳои тарафайн ва бехатарии минтақавӣ эътибори алоҳида нигаронида шудааст. Сеюм, аҳамияти байналхалқӣ доштани барнома ба шумор меравад. Дар стратегия барои ба зинаи нав бардоштани ҳамкориҳои байналхалқӣ оид ба ҳаллу фасл намудани мушкилоти глобалӣ, чунончи, экология, терроризм, экстремизм, коррупсия, камбизоатӣ ва ғайра, пурзӯр гардондани фаъолияти институт ва идораҳои СММ, ташкилотҳои гуманитариву молиявӣ, иқтисоди минтақавию байналхалқӣ сухан меравад.
Платформаи онлайни «Қадри инсон»-ро муаррифӣ намуда, директори иҷрогари Маркази Стратегияи рушд Элдор Туляков гуфт, ки платформа нақши купрукро дар байни аҳолӣ ва давлат мебозад. Портали мазкур аз тарафи марказ ва Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсияҳо ба кор андохта шуд. Мақсад аз платформа ба эътибори аҳолӣ расонда додани натиҷаҳои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи рушд, таъмин намудани иштироки бевоситаи аҳолӣ оид ба иҷрои он дар мавзеъҳо мебошад. Бинобар ин, аз платформаи онлайни «davlatdasturi.uz» аҳолӣ метавонад оид ба чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, ҷараёни иҷрои он муфассал шинос шавад, таклиф, эътироз ва мушоҳидаҳои худро баён намояд. 
– Маҷмӯи «Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» аз тарафи Марказ муназзам ба дасти чоп мерасад, – гуфт Э. Туляков. – Маҷмӯа дар муддати кӯтоҳ ба забонҳои англисӣ, чинӣ ва италянӣ тарҷума шуда, ба палатаҳои парламент, вазорат ва идораҳои давлатӣ, СҒҒ ва институтҳои дигари шаҳрвандӣ, сафоратхонаҳои мамлакатамон ва хориҷ барои истифода супурда шуд.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: