ГИРЕҲҲОИ ДИЛ КУШОДА ШУДАНД

Бо устод Сайфиддин Иноятов ин бор дар назди чойхонаи “Ором”-и шаҳри Риштон вохӯрдам.

Бо устод Сайфиддин Иноятов ин бор дар назди чойхонаи “Ором”-и шаҳри Риштон вохӯрдам. Аз он ки баъзан ба Риштон мерафтам, имкон намешуд, ки ӯро бубинам, дилаш андак озор меёфт. Аз ин рӯ ҳамеша тақозо менамуд, ки ҳар вақт ба Риштон омаданӣ шавам, ҳатман барояш занг занам. “Гапҳои мегуфтагӣ хеле зиёд”, изҳор мекард ӯ ва ба ин васила масъулияти маро меафзуд, ки дидору мулоқот бо вайро ҳатман барномарезӣ кунам. 
– Аз дидани шумо хушҳолам, – гуфтам дар оғози суҳбат. 
Баъд Иноятов хост, ки перомуни муҳити фарҳангии тоҷикони кишвар суҳбат кунам. 
– Дар якчанд донишгоҳ ташкил шудани гурӯҳҳои тоҷикӣ аз ҳодисаҳои муҳими фарҳангӣ аст. Хушбахтона, ҳоло ҷавонони тоҷиктаборамон дар ин гурӯҳҳо машғули омӯзиш мебошанд,– гуфт бо ифтихори хос Иноятов.
Синни ӯ ба ҳаштод расидааст, аммо ҳанӯз чолоку бақувват. Худаш мошин меронад.  
– Ба иллати маҳдудиятҳои карантин ва пахши коронавируси сабилмонда, кайҳо боз аз деҳа берун набаромадаам. Дурӯғ нашавад, як-ду бор ба кори зарур то маркази ноҳия рафта омадам. Аксар вақтамро дар кунҷи хона сипарӣ мекунам ва баъзе саҳифаҳои хотиротамро рӯйи варақҳо мекорам,– гуфт ӯ.
– Оре, имрӯз вазъият тақозо менамояд, ки ба қоидаҳои карантин риоя кунем, дар акси ҳол сироятшавӣ ба ин беморӣ ҳаргиз аз эҳтимол холӣ нест. Бояд худрову атрофиёнамонро аз ин беморӣ ҳифз кунем,– гуфта фикри ӯро тақвият бахшидам.
 Вай аз дӯстдорони забони модарӣ ба шумор меравад. Дар деҳае, ки зиндагӣ мекунад, то ба наздикиҳо мактаб пурра ба забони тоҷикӣ фаъолият мекард. Танҳо синфи хатмкунанда боқӣ монда буд, ки хонандагони он аллакай шаҳодатномаи фориғуттаҳсилро гирифтаанд.  
– Аз ин ҳол ба риққат омадам. Мо — мардуми Хуррамобод, забони модариамонро хеле дӯст медорем. Аксари омӯзгорони синнашон бузург донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Самарқандро хатм кардаанд. Дар ин миён қариб ду даҳсола равуо бо Тоҷикистон қатъ гардид. Донишкадаи омӯзгории Самарқанд, ки факултаҳои зиёди тоҷикӣ дошт, чанд сол муқаддам барҳам хӯрд. Хушбахтона, имсол дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд нӯҳ факулта ҷавонони тоҷикро ба канор мепазирад, – гиреҳҳои бастаи дили худро кушода гуфт Иноятов. 
 Ба таъкиди ӯ ҷавононе, ки мактабҳои тоҷикиро хатм менамуданд, ғайр аз он ки аз тариқи бозомӯзӣ (омӯзиши репетиторӣ) ба донишгоҳҳои худамон дохил шаванд, илоҷи дигар надоштанд. Ҳамин тавр, оҳиста мактаби деҳаи Хуррамобод низ синфҳои худро ба ӯзбекӣ табдил дод. Ин ҳол имконоти идомаи таҳсил ба забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳоро барои ҷавонони хуррамободӣ маҳдуд сохт. Барои ҳамин аксари падару модарон бо ариза аз маъмурияти мактаб тақозо карданд, ки синфҳои тоҷикӣ ба синфҳои ӯзбекӣ бадал карда шаванд, дар акси ҳол фарзандони онҳо аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо бенасиб хоҳанд монд.
– Ман то андозае тапиши қалб ва нигаронии ин зумра падару модаронро хеле хуб дарк мекунам. Онҳо барои ояндаи фарзандони худ ба чунин ташвиш мувоҷеҳ мешуданд, барои ҳамин мактаби ягонаи тоҷикии онҳо низ дар пайи чанд мактаби собиқадори ноҳияи Риштон забони таълимро иҷборан тағйир дод,– мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Вай аз чанд нафар омӯзгорон ёдовар шуд, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Самарқандро хатм кардаанд ва дар мактаби таълимоти умумии деҳаи Хуррамобод ба шогирдон аз фанҳои гуногун дарс додаанд.
– Кору фаъолияти Обидҷон Ҷумъаев ҳамеша дар лавҳи хотирам нақш бастааст. Вай аввалин ҷавони хуррамободӣ буд, ки мактабро бо медали тилло хатм кардааст. Баъд дар шаҳри Самарқанд таҳсил карда, ба деҳ баргаштааст. Вай дарсҳояшро хеле ба дараҷаи баланд мегузашт. Барои ҳамин аз ноҳияҳои дигари вилоят омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба дарсҳои ӯ медаромаданд ва аз таҷрибаи вай меомӯхтанд,– гуфт Иноятов.
 Тавре ки ӯ тазаккур дод, омӯзгорони собиқадор интизоми меҳнатро хеле бо қатъият риоя мекарданд ва як соат аз дарс қафо намемонданд. Бо эҳсоси масъулият ба дарсу маҳфилҳо бо тайёрии пухта ҳозир мешуданд.
– Мардуми Хуррамобод дар нишасту ҷамъомадҳо номи Муродҷон Шокировро ҳамеша ба некӣ ба забон меоранд. Вай писари нонвойи деҳ буд. Падараш– Ҷумъабой дар баробари хизмат ба халқ одами бомаърифат ва фарҳангдӯст низ маҳсуб меёфт. Вай ва ҳамсараш– Турғунбӣ барои соҳибмаълумот гардонидани фарзандонашон ҷаҳду ҷадал мекарданд,– мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ногуфта намонад, ки Сайфиддин Иноятов факултаи методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Аз зумраи ҳамкурсони Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ  Ҷӯрабеки Мурод мебошад. 
– Баъди ба нафақа баромадан аз мактаб мехостам, ки кори омӯзгориро боз каме идома диҳам. Аммо лозим омад, ки солҳои зиёд мақоми раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Хуррамобод”-ро бар дӯш гирам. Маҳалла дар тафаккури ман як вожаи номафҳум не, балки ҷамъиятест, ки аз теъдоди хонаводаҳо ва як гурӯҳи одамони гуногункасбу гуногунтабақа ташкил ёфтааст. Раиси маҳалла бояд нисбати сокинони он аз равзанаи меҳрубонӣ, мурувват ва мадоро нигарад ва талош намояд, ки мардум дар сурату сирати ӯ шахси мададкор, беғараз ва боҷуръатро дарёбанд, – изҳор кард ӯ.
– Ман дар муқаддимаи китобчаам, ки “Сабақҳои умр” ном гирифтааст, баъзе мушоҳидаҳои ҳаётии худро ба қалам додаам,– гуфт Сайфиддин Иноятов ва аз папкаи дасташ китобчаи хурдакакеро берун оварда ба ман дароз намуд.
 Онро кушодаму ба муқаддима назар кардам. Вай онро айнан бо чунин ҷумлаҳо оғоз карда буд: “Ҳаёт мураккабтар аз он будааст, ки мо фикр мекунем. Ман дар байни одамон зистам, дар маросимҳои шодиву ғами онҳо ширкат кардам, ним аср ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шудам, борҳо хурсандиву ташвишҳоро паси сар намудам, аммо як нуктаро дарк намудам, ки ҳар як фард як олами дигар будааст ва шинохти ӯ кори сода нест”.  
– Ин китобчаро барои шумо овардам. Вақт ёфта, бемалол варақ мезанед,– гуфт Сайфиддин Иноятов.
– Имрӯз ҳокимияти ноҳияи Риштон барои як гурӯҳ аҳли қалам дасторхони идона густурданист. Он ҷо одамоне ҷамъ меоянд, ки аксарияти онҳоро шумо хеле хуб мешиносед,– гуфт Сайфиддин Иноятов ва рамузгирона ба ман нигарист.
– Бале, хабар дорам. Бо ҷонишини якуми ҳокими ноҳия Абдусалом Сиддиқов доир ба баъзе масъалаҳо гуфтугӯ мекардам. Вай масъалаи кушодани як гимназияи тоҷикӣ дар маркази ноҳияро ба миён гузошт. Сипас гуфт, ки бахшида ба Рӯзи матбуот ва воситаҳои ахбор меҳмонҳоро даъват кардаанд ва соати панҷи бегоҳ маро низ он ҷо интизор хоҳад шуд, – гуфтам ба Иноятов.
Баъди анҷоми корҳои барномарезишуда ба ҷойи даъватшуда шитофтам. Ин маҳфил хеле хуб гузашт. Он ҷо хотираҳои зиёди аҳли қалам ёдоварӣ гардиданд. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: