ҲАЁ

Мансабу насаб шараф аст ё ҳаёю адаб?

Мақолати шашуми достони «Ҳайрат-ул-аброр» дар бораи адаб, тавозӯъ ва ҳаё аст. Аз нигоҳи Навоӣ мафҳумҳои вафо ва ҳаё бо ҳам иртиботи ногусастанӣ доранд. Аммо ӯ ҳаёю адабро аз мансабу насаб боло гузоштааст. Яъне, аз нигоҳи ӯ на мансабу насаб, балки ҳаёву адаб ба инсон шараф меоварад:
Элга шараф бӯлмади ҷоҳу насаб,
Лек шараф келди ҳаёу адаб.
Шарҳи маънӣ: «Ба мардум мансабу насаб шараф наоварад, балки мардум аз ҳаёву адаб шараф ёбад».
Дар байти баъдӣ шоир ҳаёро ба манбаи борон монанд кардааст, ки ҳар қатраи он хокро кимиё кунад. Аз ин гуна хок  зар мерӯёнанд:
Чунки ёғин манбаи ӯлди ҳаё,
Қатраси тупроғни қилур кимё.
Шарҳи маънӣ: «Ҳаё манбаи боронгарист, ки ҳар қатраи ин борон хокро ба кимиё (зар) табдил диҳад». 
 
Ягонагии ҳаё ва адаб

Навоӣ адабу ҳаёро бештар паҳлӯи ҳам мегузорад:
Мунча мазаллат бориси булъаҷаб,
Дафъ бӯлур келса ҳаёву адаб.
Шарҳи маънӣ: «Хориву зории зиёд, баъди омадани ҳаёву адаб, нест мешавад».
Дар байти зерин низ ҳаёву адаб паҳлӯи ҳаманд:
Вазъи тавозуъда вафо айламак.
Даъби адаб бирла ҳаё айламак.
Шарҳ: «Вафо кардан дар ҳолати тавозуъ маънои адабу ҳаёро ба одат табдил доданро дорад».

Чашми гул наафтад...

Дар боби навбатӣ, бино ба тартиби қатъии достон, бояд ҳикоят оварда шавад. Ин боб чунин ном дорад: «Дар боғи ҳаё шарм доштани наргиси чашми Нӯшервон аз наргиси чашм ва гулрухи наргисчашм на канор, балки канора ҷустани ӯ». 
Нӯшервон — ҳукмрони муки Аҷам дар адабиёт тимсоли адолат мебошад. Ин аст, ки ба ӯ номи «Нӯшервони одил»-ро додаанд. Нақл мекунанд, ки ӯ дар овони ҷавонӣ духтареро дӯст медошт. Дар чаманзори хилват бо ӯ вомехӯрад:
Бир чаман ичра тузубон хилвате.
Гулрух ила қилди аён суҳбате.
Шарҳи маънӣ: «Дар чаман хилвате пайдо карда, бо гулрухе суҳбат орост».
Шоҳ барои ба канор гирифтани ёри гулъузор даст дароз кард. Дили духтар низ об хӯрд. Вале шоҳ яке аз раъяш гашт. Чаро? Зеро:
Сунғач илик дилбари мунис сори.
Тушди кӯзи бир бути наргис сори.
Шарҳи маънӣ: «Вақте даст ба дилбари мунис дароз кард, чашмаш ба гули наргиси шукуфта афтод».
Аҷабо! Вақте шоҳ ба духтар даст дароз кард, чашмаш ба наргисе афтод, ки шабеҳи чашми одам буд. Духтар аз ҷавонмард сабаби аввал даст дароз кардан ва пас кашиданро пурсид:
Ким бу не қӯл сунмоғу чекмак эди?
Шарҳи маънӣ: «Сабаби даст дароз кардану пас кашидан чӣ буд?» Шоҳ посух дод:
Ким бу савол ичраким воқеъдурур.
Наргиси шаҳло кӯзи монеъдурур.
Шарҳи маънӣ: «Дар вақти висол чашмони шаҳлои гули наргис садди роҳ шуд».
Пас, ҳангоми висол танҳо гули наргис шоҳиди ин ҳол бошанд ҳам, ошиқу маъшуқ бояд шарм доранд. Аз он ки хаёли Анӯшервон дар сатҳи шарм доштан аз чашми шаҳлои наргис буд, ба шоҳи адолатпаноҳи олам табдил ёфт:
Ҷумлаи олам аро шоҳ айлади,
Адлини оламға паноҳ айлади.
Шарҳи маънӣ: «Дар ҷумлаи ҷаҳон ӯро шоҳ кард ва адолатро дар сартосари олам густурд».
Навоӣ аз ин қисса натиҷа мегирад:
Айш, Навоий, неча дилкашдурур,
Лек адаб бирла ҳаё х(в)ашдурур.
Шарҳи маънӣ: «Эй Навоӣ, айшу ишрат ҳарчанд дилкаш аст, вале адабу ҳаё дилкаштар аз он бошад».

Маърифати замири ҳаё

Чун мақсад фаҳмидани Навоист, ба баҳонаи ин ҳикоят бояд ду чизро бигӯем.
Якум, наргис дар адабиёти классикии Шарқ рамзи чашм мебошад, ки аз монандии он ба чашм маншаъ гирифтааст. Ин вожа имрӯз шакли «наргиз»(а)-ро гирифтааст, ки саҳеҳ нест. Мо бисёр калимаҳои қадимаро имрӯз дар шакли нодуруст кор мефармоем, ки ин мавзӯи алоҳида аст. Масъалаи дуюм ин аст, ки агар хонандаи дақиқназар пай бурда бошад, вожаи «хуш»-и сатри дуюм ба сифати қофия дар шакли х(в)аш омадааст. Чӣ, фикр мекунед, ки ин ҷо қофия барои Навоӣ танг омадааст? На, танг наомадааст, вожаи «хуш»-и тоҷикӣ тибқи алифбои арабиасоси ниёгон бо «вов» навишта мешавад. Вале он тақозои қоидаи қофия «хаш» низ хонда мешавад. Биноан, дар матнҳои тоҷикӣ ин вожа дар шакли  «х(в)аш» (бо вов) низ меояд.

Ҳаёи Фарҳод

Дар достони «Фарҳод ва Ширин» ҳодисаи дигаре, ки ба ҳаё иртибот дорад, омадааст. Овозаи дар кӯҳ бо ғайрати бемислу монанд ҷӯй кандани Фарҳод ба гӯши дарбориён мерасад. Ҳукмдори Арманистон — Маҳинбону барои дидани ин корнамоӣ ба кӯҳ меравад. Ширину ҷиянаш низ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Фарҳод ба Ширин, ки савори асп буд, менигарад. Вақте медонад, ӯ ҳамон духтарест, ки дар оина дида буд, аз ҳуш меравад. Ӯро дар каҷова ба қаср меоранд. Фарҳод тӯли ду шабонарӯз ба худ намеояд. Вақте рӯзи сеюм ба худ меояд, мебинад, ки дар қаср аст. Чун ин ҳамаро дар ёд зинда мекунад, аз ҳодисаи рухдода шарм медорад. Бино ба тасвири Навоӣ зери обу арақ мемонад:
Ҳаёдан терга бӯлди абрдек ғарқ,
Ул уйдин чиқти секриб, ӯйлаким барқ.
Шарҳи маънӣ: «Аз ҳаё мисли абр ғарқи обу арақ гардид ва аз он хона барқосо берун омад».
Рустӣ аз қаср берун омаду ба кӯҳ рафт ва ба кандани ҷӯй идома дод:
Етиб ориққа кӯп айлаб такупӯ,
Ҳаё теридин андоқ оқизиб су(в).
Шарҳи маънӣ: «Ба сари ҷӯй зуд расид, аз пӯсташ ҳаё мисли об ҷорӣ шуд».
Аз ин таҳлилҳо низ ошкор мегардад, ки аҷдоди мо ба шарму ҳаё арҷ гузоштаанд.

Султонмурод ОЛИМ,
Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: