ХАБАРИ МУХТАСАР дар бораи ҷамъомади умумии ҳабдаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

30 июл дар Тошканд ҷамъомади ҳабдаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кори худ оғоз кард. Ба кори ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс гузашт, аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

30 июл дар Тошканд ҷамъомади ҳабдаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кори худ оғоз кард.
Ба кори ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс гузашт, аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд. 
Ба кори ҷамъомад Раиси Сенат Т. Норбоева роҳбарӣ кард.
Кори ҷамъомади умумӣ мустақиман дар веб-сомонаи расмии Сенат www. senat.uz ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд.
Аввал сенаторон натиҷаҳои омӯзиши кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодиро оид ба  ҷой доштани камбудиҳо дар тарҳрезӣ, сохтмон ва таҷдиди иншооти таъминоти оби нӯшокӣ дар вилояти Самарқанд ҳангоми татбиқи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод», ки он дар ҷамъомади умумии шонздаҳуми Сенати Олий Маҷлис ба миён гузошта шуд, баррасӣ намуданд. 
Дар ҷамъомад раиси Кумита Э.Гадоев дар бораи натиҷаҳои омӯзиш маълумот дод.
Баъд аз ин масъалаи якуми рӯзномаи ҷамъомади умумӣ баррасӣ гардид ва оид ба дар сатҳи байнипарлумонӣ пеш бурдани ташаббусҳое, ки дар доираи конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, пайвастагии минтақавӣ.  Таҳдидҳо ва имкониятҳо» (Тошканд, 15-16 июли соли 2021) пеш гузошта шудаанд, вазифаҳои устувор муайян шуданд. 
Ба гуфтаи сенаторҳо, Конфронси байналмилалии Тошканд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев баргузор гардид, барои ташаккули шароити консептуалии нави рушди минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва  Ҷанубӣ рӯйдоди таърихӣ гардид.
Ғайр аз ин, он имкон дод, ки тамоюлҳои пайдошудаи рушди минтақа дарк карда шуда, дурнамои асосии ҳамкории байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ муайян карда шаванд.
Чи хеле ки таъкид гардид, расидан ба ҳадафҳои конфронс иштироки фаъолонаи захираҳои дипломатияи парлумониро талаб мекунад. Вакилони парлумон метавонанд ва бояд дар муттаҳидсозии потенсиали минтақаҳо саҳм гузоранд, ки ин омили муҳими рушди устувори онҳо, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими амният мегардад.
Дар қарори махсус таҳияшудаи Сенат самтҳои устувори фаъолияти палатаи болоӣ оиди тавассути механизми ҳамкории байнипарлумонӣ  фаъол пеш бурдани ташаббусҳои сарвари давлат, таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, сармояҳо, энергетика ва  инноватсия дар соҳаи рушди технологияҳои «сабз», ҳамоҳангсозии талошҳо ва кӯмак дар таҳияи тадбирҳои мушаххас оид ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва мубориза бо офатҳои табиӣ, инчунин дастгирӣ намудани ташаббусҳо оид ба ҳифзи муҳити атроф ва ғайра ифода ёфтаанд.
Ғайр аз ин, механизмҳои дахлдори дипломатияи парлумонӣ ва назорати парлумонӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, васеъ гардондани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба мақсади мустаҳкам кардани равобити тарафайни минтақаҳо, амалӣ гардондани назорати парлумонӣ барои иҷрои барнома ва нақшаҳо оид ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла, бо роҳи шунидани ҳисоботи роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давлатҳои хориҷӣ дар бораи фаъолияти онҳо, мониторинги ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тасдиқи нақшаҳои миллии амал («харитаҳои роҳ») оид ба рушди муносибатҳои байни кишварҳои минтақаҳо.
Дар ҷамъомади умумӣ ба кумитаҳои Сенат, роҳбарони комиссияҳо ва гурӯҳҳо оид ба ҳамкорӣ бо парлумонҳои хориҷӣ оиди васеъ ва бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардондани ҷаласаҳои гуруҳҳо оид ба ҳамкорӣ, шунидани иттилои сарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, кӯмак ба амиқсозии алоқаҳои байниминтақавӣ, фаъолсозии корҳои маърифатӣ дар маҳаллаҳо, ҳавзаҳои интихоботӣ ва донишгоҳҳо ва ғайра дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Сипас ҳисоботи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати иҷрои Барномаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 оид ба татбиқ сохтани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва таҳкими саломатии аҳолӣ» шунида шуд.
Қайд гардид, ки Барномаи давлатӣ аз 273 модда иборат аст, дар нимсолаи аввали соли 2021-ум таъмин сохтани иҷрои 116 модда пешбинӣ гардида буд. 89-тои онҳо куллан иҷро шуданд, муҳлати татбиқ кардани 2 модда бо тартиби муқарраршуда дароз гардид. Вазифаҳои 7 моддаи Барнома пеш аз муҳлат иҷро гардиданд, бобати 82 модда, ки иҷрояшон дар тӯли сол ба нақша гирифта шудааст, корҳои дахлдор амалӣ мегарданд.
Дар давраи ҳисоботӣ даромади Буҷаи давлатӣ ба 74,9 триллион сӯм расид. Хароҷоти умумӣ 79,3 триллион сӯмро ташкил дод, аз он хароҷот  барои соҳаи иҷтимоӣ 40,4 триллион сӯмро ташкил намуд, ки нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 16,6 фоиз бештар мебошад.
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 апрели соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бинобар татбиқ кардани барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» нишондиҳандаҳо бинобар сохтмон, таъмир ва ободонӣ дар арзиши умумии 20,8 триллион сӯм дар 7794 деҳа ва маҳаллаҳои тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳо тасдиқ гардиданд.
То ҳолати 30 июни соли 2021-ум 209,2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам омаданд, ба 78,5 ҳазор шаҳрванд касбҳо омӯзонида, ба беш аз 24 ҳазор шаҳрванд субсидияҳо ҷудо карда шуданд.
Ба мақсади таъмин намудани шуғли ҷавонон ва ба роҳ мондани истироҳати пурмазмуни онҳо дар тамоми секторҳо ва маҳаллаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо нақшаҳои махсус тасдиқ карда шуданд ва зиёда аз 425662 писарону духтарон бо кор таъмин гардиданд.
Бинобар 7 банди Барнома, қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар нимсолаи аввали соли 2021-ум бояд татбиқ мегардид, қабул карда нашудааст. Дар натиҷа вазифаҳои муҳими зерини Барнома дар муҳлати худ иҷро нагардиданд. Дар байни онҳо ҷорӣ кардани низоми рағбатноксозии шаҳрвандоне, ки ба хориҷа дар доираи ба роҳ мондани муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва имтиҳоноти ихтисосиро бинобар забони хориҷӣ ва касбҳо бомуваффақият супурдаанд, кӯмакрасонӣ бобати маълумот гирифтан, соҳиби ихтисоси муайян шудани наврасони то 18-сола, ки ба эътибори махсус эҳтиёҷ доранд, ҷорӣ кардани тартиботи пешниҳоди воми таълимӣ ба оилаҳои дорои 2 ва бештар фарзанд, ки дар муассисаҳои таълими олӣ дар пояи қарордодӣ таълим мегиранд, ҳастанд.
Сенаторон ҳамчунин зарурияти ба роҳ мондани мониторинги доимиро барои пешниҳоди хидматҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ, ҳифзи самарабахши ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла, ҳаёт, саломатӣ, шароити меҳнатии онҳо ва пардохти саривақтии музди корашон, ки дар қарордод муқаррар шудааст, таъкид карданд.
Бинобар масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул шуд.
Сипас ахбори вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи вазъи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва профилактикаи он шунида шуд.
Тавре ки қайд шуд, дар тӯли шаш моҳи соли 2021-ум аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳои масъул, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ як қатор чораҳои самарабахш бобати пешгирии ҷинояткорӣ, таъмин сохтани ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон татбиқ гардиданд.
Аз ҷумла, дар 6 моҳи соли 2021-ум 95,3 фоизи ҷиноятҳо аз миқдори умумии онҳо кушода шуданд, 1833 шахси дар ҷустуҷӯ дастгир гардид, 216 нафар шахсе, ки гумшуда эътироф шуда буданд, дарёфт карда шуданд. Бо ташаббуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи мазкур 15434 ҷиноят ошкор гардид.
Бояд қайд кард, ки миқдори ҷиноятҳое, ки бо ташаббуси ходимони корҳои дохилӣ ошкор шуданд, нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 71,4 фоиз беҳтар шуд.
Вале санҷишҳои баргузоршуда норасоиҳои корҳои оид ба пешгирии ҷиноятҳо ва пешгирии ибтидоии ҷиноятҳо, мавҷудияти камбудиҳои муайян дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва имкониятҳои куллан истифоданашударо собит сохтанд.
Аз ҷумла, дар 6 моҳи соли 2021 миқдори умумии ҷиноятҳое, ки дар ҷумҳурӣ содир гардиданд, 45630 ададро ташкил дод, ки ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна 132 ҷиноятро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта 111,9 фоиз афзудааст.
Ҷиноятҳое содир шудаанд, ки пешгирӣ карданашон имконпазир буд: қотилии 217 нафар, ҷароҳати бадании 4137 нафар, 135 ғоратгарӣ, 1100 авбошӣ, 7618 дуздӣ, 9439 ҳаннотӣ аз ин ҷумлаанд.
Ғайр аз ин аз ҷониби тақрибан 6 ҳазор бекорон, бахусус дар вилоятҳои Андиҷон, Тошканд, Фарғона ва дар шаҳри Тошканд ҷиноят содир карда шудаанд. Ин шаҳодати кори ғайрисамарабахш дар маҳалҳо бобати бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ мебошад.
Ҷиноятҳои бахусус вазнин содир мегарданд, зеро масъалаи сари вақт ҳаллу фасл кардани зиддияту носозии оилаҳо то ҳол аз эътибори фаъолони маҳаллаҳо ва ҷомеаи васеъ берун мемонанд.
Аз ҷумла, аз 77 ҷинояте, ки тӯли 6 моҳи соли 2021-ум дар доираи муносибатҳои оилавӣ содир гардидаанд, бо қотилӣ, 798 ҷиноят ба ҷароҳати баданӣ  алоқаманданд.
Ғайр аз ин кор бобати пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба тарзи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар кишвари мо бинобар тартиби тайёр кардани ронандагон ва аз ҷониби онҳо супурдани имтиҳонҳо мушкилот вуҷуд доранд.
Инчунин ногузир аст, ки қоидаи ҳаракати роҳро  дар таҳрири нав, ки онро қарори Девони Вазирон аз 24 декабри соли 2015 №370 тасдиқ намудааст, такмил бояд дод. Баъзе моддаҳои қоидаи мазкур иваз карда шуданд, ки бинобар он истинод ба фаслҳои марбут тамоман ба моддаҳои дигар дахл доранд.
Бинобар ин, ки дар роҳҳои автомобилгард назорати таъсирбахши таъмини бехатарии мусофирон ба таври куллӣ ва самаранок муқаррар нагаштааст, дар шаш моҳи соли 2021 дар ҷумҳурӣ ба таври умумӣ қариб 3,5 миллион ҳолати вайрон намудани ҳаракати роҳ ба қайд  гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020 40,8 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамкории ходимони хидмати роҳу патрул бо иштирокдорони ҳаракати роҳ низ ба таври бояду шояд нест. Дараҷаи дониш ва маданияти ҳуқуқии ходимони алоҳида ба талаби имрӯз ҷавобгӯ нест. Дар натиҷа рӯз то рӯз миқдори норизоии ҷиддии шаҳрвандон зиёд мегардад.
Дар ҷамъомад сенаторон инчунин ба масъалаҳои ташаккули муносибати номуросокорона нисбати ҷинояткорӣ байни аҳолӣ, огоҳии ҷиноёт, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодӣ ва инчунин манфиатҳои қонунии шаҳрвандон эътибор нигаронданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Пас аз ин масъалаи иҷрои чорабиниҳое, ки дар доираи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Боёвут, Қаршӣ, Бӯстон, Тӯрақӯрғон, Олот ва шаҳраки Каттақӯрғон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки дар ин минтақаҳо корҳои муайян анҷом дода шуда, 303 лоиҳаи сармоягузории инкишофи саноатӣ, соҳаи хидматрасонӣ ва хоҷагии қишлоқ ба арзиши қариб 912,1 миллиард сӯм ба кор дароварда шуда, беш аз 3800 ҷойи нави кор ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар доираи чорабиниҳои муқарраргардида доир ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ кор дар бобати сохтмон, таъмир ва таҷдиди 6 ташкилоти таълимии томактабӣ, 7 мактаби таълимоти ҳамагонӣ ва 3 муассисаи тандурустӣ ва инчунин 3 объекти маданӣ анҷом дода шудааст. Ба ин мақсадҳо маблағ аз буҷет дар ҳаҷми беш аз 47,0 миллиард сӯм харҷ гаштааст.
Иҷрои беш аз 50 чорабинӣ дар заминаи бартарафсозии мушкилот дар соҳаи коммуналӣ, таъмини аҳолӣ бо электроэнергияи сифатнок ва бетанаффус, гази табиӣ ва оби ошомиданӣ пурра таъмин гаштааст.
Дар квартираҳои аҳолӣ қариб 1700 ҳисобкунакҳои автоматии газ насб гаштааст. Бо мақсади таъмин намудан бо оби тозаи ошомиданӣ 9 иншооти нақли об бунёд гардида, ба баҳрабардорӣ супурда шудааст.
Ҳамзамон таҳлил нишон медиҳад, ки то 1 июли соли ҷорӣ 79 чорабинӣ дар вақташ баргузор нагардида, ҳолатҳои мураккаб дар татбиқи 106 чорабинӣ ба вуҷуд омадааст.
Сарфи назар аз он ки Барномаи сармоягузории маблағ ва буҷети ҷумҳурӣ чун манбаи таъмини молиявии чорабиниҳо оид ба сохтмон, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазсозии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ пешбинӣ гаштааст, 24-тои онҳо (9-тоаш соли 2020 ва 15-тоаш соли 2021) ба Барномаи сармоягузории соли ҷорӣ дохил нагаштааст, то ҳанӯз маблағи дахлдор ҷудо карда нашудааст.
Аз он ҷумла дар соҳаи таълими томактабӣ чорабиниҳо доир ба таъмир ва таҷдиди 3 ташкилоти томактабии таълимӣ барои 150 ҷой дар ноҳияи Боёвут ва барои 50 ҷой дар ноҳияи Қаршӣ аз ҷиҳати молиявӣ таъмин нагаштаанд. Кор дар бобати таъмири ташкилоти таълимии томактабии 47 ноҳияи Тӯрақӯрғон аз ҳисоби фонди махсуси Вазорати таълими томактабӣ шурӯъ нагаштааст.
Дар соҳаи маорифи халқ аз буҷети ҷумҳурӣ чорабиниҳо доир ба сохтмони мактаб барои 330 ҷой дар ноҳияи Тӯрақӯрғон, таъмири бинои шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Бӯстон таъминоти молиявӣ нагаштааст.
Сарфи назар аз он ки дар объектҳои тандурустии ноҳияи Олот аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ анҷом додани корҳои сохтмон ва таъмир ва инчунин ба миқдори 3,7 миллиард сӯм муҷаҳҳазсозӣ, имрӯз ин чорабиниҳо аз ҷиҳати молиявӣ таъмин нагаштаанд.
Аз ҳисоби маблағи Фонди инкишофи маданият ва санъат дар назди Вазорати маданият чорабиниҳо дар бобати таъмири асосии собиқ Қасри маданияти «Ҳарбийлар» дар горнизони ҳарбии Каттақӯрғон, ки дар ихтиёри Вазорати маданият қарор дорад ва сохтмони мактаби нави бачагонаи мусиқа ва санъат дар шаҳраки Ингичка кор шурӯъ нагаштааст.
Дар ҷамъомади умумӣ маълумоти роҳбарони ҳокимиятҳо, вазорат ва идораҳои масъул бинобар хато ва камбудиҳои роҳдодашуда шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Пас аз он натиҷаи омӯзиши ҳолати иҷрои қонунҳо, корбурди қонунии амалӣ ва мониторинги ҳуҷҷатҳои зерқонуни қабулгардида муҳокима гардиданд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади куллан баланд бардоштани сифати фаъолияти қонунгузорӣ, такомули таъмини ҳуқуқии ислоҳоти ҷорӣ таҷрибаи омӯзиши ҳолати иҷрои қонунҳо, корбурди ҳуқуқии амалӣ ва мониторинги қабули ҳуҷҷатҳои зерқонун таъкид гардид. Аз ҷониби кумитаҳои Сенат якҷоя бо Институти мушкилоти қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои парлумонӣ ва инчунин дигар ташкилотҳои манфиатдор 20 қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон омӯхта шуд.
Таҳлил нишон дод, ки ба сабаби вуҷуд надоштани механизмҳои дақиқ дар баъзе қонунҳо, вуҷуд доштани меъёрҳои истинодоваранда соҳа асосан бо ҳуҷҷатҳои зерқонун танзим гардида, меъёри баъзе қонунҳо дар амал татбиқ намегарданд, ки бинобар он қонунҳоро таҷдиди назар намудан ва такомул додан зарур мебошад.
Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Бо ҳамин рӯзи якуми кори ҷамъомади умумии ҳабдаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба поён расид.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: