НИЗОМИ НАВИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ҶОРӢ МЕГАРДАД

21 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба вазифаҳои бартариноки соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ машварат баргузор кард.

Зикр шуд, ки тӯли ду соли охир миқдори гирандагони кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ 1,3 баробар зиёд гардид, ҳаҷми кӯмакпулиҳо ду баробар афзуд, нафақаи нафақахуроне, ки кор мекунанд, пурра дода мешавад. 
Вале дар соҳа ҳанӯз як қатор мушкилот мавҷуданд, ки дар ин бора, аз ҷумла 36 ҳазор шикояте, ки вобаста ба таъин шудани кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли равон ба қабулгоҳҳои халқӣ расидаанд, шаҳодат медиҳанд. 
Зеро маҳаки дақиқи ба табақаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ дохил кардан ва ҳисобу китоби онҳо вуҷуд надорад. То ҳол мафҳумҳои «сабади истеъмолӣ» ва «ҳадди ақалли зист», ки омили муҳими мушаххас сохтани миқдори нафақа ва кӯмакпулиҳо ба шумор мераванд, ҷорӣ карда нашудаанд. Роҳхатҳое, ки барои табобати бемузд аз бемориҳои таъиноти иҷтимоӣ дода мешаванд, на ҳамеша ба шаҳрвандони ниёзманд мерасанд.
Чунин ҳолат дар мавриди ҷудо кардани манзил барои табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ, аз пардохти аъзобадалии хонаводагӣ озод кардани онҳо дар муассисаҳои таълими томактабӣ мушоҳида мешаванд.
Ҳамчунин дар таъмин сохтан бо манзил ва кори тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ, назорати пирони танҳо, дастгирии ашхоси бидуни манзили доимии зист камбудиҳо мавҷуданд.
Низоми ягонае, ки корро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоҳанг созад, вуҷуд надорад. Тақрибан 30 идора, созмон ва комиссияҳои давлатӣ бо ин масъалаҳо машғул мебошанд. Дар машварат масъалаҳои дар соҳа ҷорӣ кардани низоми куллан нав дар пояи таҷрибаи байналхалқӣ баррасӣ гардид. 
Зарурияти пеш аз ҳама маълум сохтан ва ба роҳ мондани ҳисобу китоби шаҳрвандон аз табақаи ночори аҳолӣ, таъмин намудани пардохти нишонадор таъкид шуд.
Ба зиммаи вазоратҳои молия, иқтисодиёт ва саноат, Кумитаи давлатии оид ба омор вазифаҳои  бо ҷалби коршиносони созмонҳои байналхалқӣ кор карда баромадани тартиби ҳисобу китоби миқдори сабади истеъмолӣ ва ҳадди ақалли зист, ҳамчунин меъёри истеъмол гузошта шуданд. Муҳимияти ҷорӣ кардани мафҳумҳои зикршуда пас аз санҷиши он дар шаҳр ва вилояти мушаххас таъкид гардид. 
Сарвари давлат ҳамчунин супориш дод, ки маҳак (индикатор)-и дақиқи ба табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоии ночори аҳолӣ дохил кардан ва таъин намудани кӯмакпулиҳо ҷорӣ карда, реестри ягонаи гирандагони кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ташаккул дода шавад. Муттаҳид сохтани маълумотҳои мақомоти хидмати андоз, корҳои дохилӣ, кадастр, худидоракунӣ, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъиноти нафақа, оид ба меҳнат, ҳамчунин бонкҳо ва идораҳои коммуналӣ ба пойгоҳи ягона бартарии реестр мегардад. Дар натиҷа вақти ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, ки ҳоло чандин рӯзро ташкил медиҳад, ба соатҳои башумор коҳиш меёбад, шаҳрвандон метавонанд бо чунин тарз тамоми масъалаҳояшонро, танҳо ба як идора муроҷиат карда, ҳаллу фасл намоянд. 
Таъкид шуд, ки ҳифзи иҷтимоӣ бояд танҳо бо пардохти кӯмакпулиҳо маҳдуд нашавад, балки ба он мусоидат намояд, ки ниёзмандон таъмин бошанд. Чунончи, метавон 80 фоизи ногироҳоро бо меҳнати фоиданок фаро гирифт, шароити кори ба имкониятҳои онҳо мувофиқро фароҳам овард. 
Ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ бобати дида баромадани таснифи касбҳо бинобар гурӯҳҳои ногироӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти кории ногироён супоришҳо дода шуданд. 
Супурда шуд, ки барномаи обсозиши иҷтимоии ҷавонон – тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ, ки низ бо кор таъмин кардани онҳоро пешбинӣ менамояд, коркард шавад.
Президент зарурияти ислоҳсозии низоми суғуртаи иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани манфиатдории аҳолӣ ба пардохти аъзобадали нафақа аз тариқи гузаштан ба низоми таъминоти седавраинаи нафақаро таъкид кард.
Яъне, давраи аввал пардохти миқдори камтарини нафақаи давлатиро пешбинӣ менамояд. Дараҷаи дуюм ин нафақаест, ки дар ҳисоби шахсӣ дар пояи гузаронидани миқдори муайян аз музди меҳнати корманд бо ҳисобу китоби фоиз дар ҳаҷми на камтар аз миқдори Бонки марказӣ муайянкарда ҷамъ мегардад. Дар давраи сеюм шахс худаш миқдори маблағи ба бунёди нафақа мегузаронидаашро муайян мекунад. 
Агар низоми мазкур дастгирӣ гардад, шаҳрвандон, ғайр аз гирифтани нафақаи кафолатноки давлатӣ, метавонанд баъд аз ба синни нафақа даромадан миқдори нафақаи пешбиникардаашонро худашон муайян кунанд. 
Вобаста ба ин ба Вазорати молия супурда шуд, ки якҷо бо коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар ташкилоти бонуфузи молиявӣ консепсияи ислоҳоти нафақаро кор карда барояд, ҳамчунин хелҳои суғуртаи иҷтимоиро таҷдиди назар кунад. 
Роҳбари давлат махсус таъкид сохт, ки ислоҳсозии низоми дар амал бинобар усули «тезу тунд» метавонад ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҳар хел тасъир кунад, бинобар ин ба шахсони масъул супориш дод, ки аз ин нуқтаи назар стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро то соли 2030-юм кор карда бароянд. Вазифа гузошта шуд, ки то охири нимсолаи аввали соли 2020-ум дар ҳар кадом минтақа бинобар низоми нави ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷриба гузаронида шавад. 
Ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоии пирони танҳо, такмил додани фаъолияти марказҳои дастгирии шахсони бидуни ҷойи муайяни зист эътибори махсус дода шуд.
Бинобар масъалаҳое, ки дар машварат муҳокима гардиданд, чораҳои мушаххас муайян карда шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: