ВАСИЯТИ МОМО

Яке аз рӯзҳои тобистон буд.

Баъди субҳона, одатан, сатилҳоро гирифта барои чидани меваҳои дарахтон ба боғ мефуромадем. 
– Тобистони имсола пурбор омад,– гуфт модарам. – Ин ҳам ризқи мардум. Имрӯз аз меваҳои боғ чида ба момоят бар. Рӯзгори тағоят аз зиндагии шаҳриҳо фарқе надорад, ҳама чизаш харида. На мол дораду на ҳол. Як порча заминашро ҳам обод карда натавонист. Пурсем, ки барои чӣ обод намекунӣ, баҳона пеш меорад, ки боғаш аз об дур аст. 
Модарам дар як халта себу нок, дар сатил помидору бодиринг ва дар болояш се-чор сар ангурро монду моро гусел кард. 
Ману хоҳарам ба роҳ баромадем. 
Ҳавлии тағоям дар баландӣ воқеъ буд, аз он ҷо тамоми деҳа чун дар кафи даст менамуд. Ба ҳавлии тағоям рафтанро дӯст медоштем. Зеро дар болои суфа нишаста аз намои хонаҳо, ҷунбуҷӯли одамон, манзараҳои деҳа, шилдирроси оби рӯд, чаридани бузу бузғола баҳра мебурдем.
Баробари аз дарича даромадан чашмам ба момоям афтид. Дар остона нишаста ба хаёл рафта буд. Ҷуссаи хурдакак дошт ӯ. Бо чунин ҷуссаи хурду лоғар бори гарони зиндагиро бар дӯш доштааст. Ғаму андӯҳаш кам набуд. Бино ба нақли модарам, момоям ба бемории вазнин дучор гардида,  солҳои тӯлонӣ бистарӣ мешавад. Корҳои рӯзгор, нигоҳубини фарзандон, молу ҳол ба дӯши бобояму холаҳоям меафтад. Бобоям зани дигар гирифта момоямро ба ҳавлии алоҳида мекӯчонад. “Очам дардманд бошад ҳам, хеле меҳрубон аст. Бо палонҷаш боре ба тую ман нарафтааст. Хоҳарон барин умр гузаронданд”, мегуфт модарам. 
– Момоҷон, ассалому алейкум,– хоҳарон ҳар ду баробар ҳолпурсӣ кардем.
– Ваалейкум ассалом, биёед-биёед, пагоҳӣ дар пиёлаи чоям меҳмон дида будам. Ҳар дуи шумоён будаед-дия. Пештарҳо баъди дарс даромада мегузаштед. Ҳоло таътил.
– Момоҷон, мо имрӯзҳо серкорем, гову гӯсола, бузу бузғола, баррачаҳоро мечаронем. Ба замми ин, меваҳои боғ пухтаанд, онҳоро меафшонем, мечинем, себҳоро қоқ карда ба болои бом мерезем... – корҳои ҳавлиро як-як номбар кард Санами сергап. 
– Момоҷон, ҳоли шумо хуб аст?
– Э, хубии ман ҳамин. Базӯр меҷунбам, чашмонам хира шудаанд, Худо амонаташро зудтар гирад буд... 
– Ин хел нагӯед, момоҷон, мо шуморо дӯст медорем.
– Одам, ки пир шуд, маргашро интизор мешудааст, духтарам. Ҳоло шумоён ҷавон, ба бисёр чиз сарфаҳм намеравед. Фардо мардум нагӯянд, ки кампири пургӯ барои рӯзи сиёҳаш як тин ҳам пасандоз накарда будааст. Барои ҳамин ду-се танга ҷамъ карда мондаам. Аммо келинам бӯйи пулро фаҳмид магар, ин пагоҳӣ ба баҳонаи “биринҷ нест, гӯшт нест, орд нест” роҳи машмашаро пеш гирифт. Гуфтам, ки сандуқро кушода, пулро гирифта сарф кардан гир. Рост-дия, дар гӯристон дӯкон буд, ки  ман пул ҷамъ кунам. Мурам, ягон илоҷаша меёфтагистанд.
– Момоҷон, ин гапҳоро нагӯед, моро натарсонед, – гуфт Санам. 
– Мурдан ҳақ, бачем, манзили шоҳу гадо як ҷо.
Чизе ба хотири момо расиду садо баланд кард:
– Ҳалима!
– Лаббай, – аз дарун садои наберааш шунида шуд.
– Ба аммаҳоят чою нон биёр, чаро аз дарун намебароӣ?
– Ба чашм, момоҷон, – гуфту Ҳалима аз пайи супориши момо шуд. 
Момо бо остини васеи куртааш худро шамол дода гуфт:
– Холаи Садбаргат  боз бача партофтааст. Ҳаминашро ба дасташ мегирифт, хотирам ҷамъ мешуд. 
– Боз нобуд шудааст?

– Шашмоҳа, мурда зоидааст.
Ҳар се хомӯш мондем. Ба назарам чашмони фурӯрафтаи момо маҳзун тофтанд.
– Момоҷон, ғами ҳар яки моро нахӯред. Худатонро фикр кунед,– тасаллӣ доданӣ шудам. Рӯймоли аз сараш лағжида афтодаро гирифта, мӯйҳои барф барин сафедашро бо шонаи панҷаҳоям ҳамвор кардам. Аввал пешонабанд, баъд рӯймолашро сахтакак баста мондам. 
– Арӯси холаи Назокатат қаҳр карда рафтааст. Як ҳафта аст, ки се кӯдакаш ба ғаму ташвиши холаат меафзоянд. Ба ҷавонҳо ҳайронам: сабр чист, ҳаё чист намедонанд. Дар миён кӯдакон сарсону саргардон, – хавотиромез гуфт момо. 
– Момоҷон, хоб кунед, камтар дам гиред.
– Э, чиҳо мегӯйӣ? Дар рӯзи равшан ҳам одам хоб мекунад? Ҳалима!,– боз набераашро садо кард момо. Ҳалима аз дарун давида баромад. 
– Калиди сандуқи маро медонӣ-а?
– Медонам.
– Сандуқро кушою ҳамон бастаро гирифта биёр. Ба аммаҳоят нишон медиҳам.
Ману хоҳарам ба якдигар маънидорона нигаристем: “Оббо, боз ҳамон чизҳои ба рӯзи маргаш ҷамъкардаро нишон медиҳад”.
Ҳалима ду-се бастаи сафедро бароварду дар назди момо гузошт. 
– Оҳиста кушо, саросема нашав. Худам ба кӣ чӣ доданамро мегӯям,–  ба ман нигоҳ карда гуфт момо. 
– Ҳалима, дасторхонро ғун дор!,– набераашро боз кор фармуд. 
– Гир, ана ин бастаи калонро кушо. 
Саросема бастаро ба пеш кашида кушодам. 
– Мана, ин як ҷуфт кафшу маҳсӣ, ҷома, курта, эзор ва рӯймол ба мурдашӯй...
– Э, момоҷон, тарсида истодаем, ин чизҳоро ба мо нишон надиҳед,– гуфт хоҳарам.
– Оё чизҳои ба мурдашӯй ҷудокардаатон бисёр нест? – пурсидам ман.
– Аз ӯҳдаи ин кор ҳама ҳам намебарояд, ӯро розӣ кардан лозим. Одам ба он дунё бо тани озодаю пок равад, замин ҳам қабул мекардааст. Дили замин аз одами нопоку бетаҳорат озурда мешудааст, бачем. 
Моморо хомӯшона гӯш мекардем. 
– Мана, ин сӣ метр суф. Назар ба мард, ба зан кафанӣ бисёр меравад. Дарунаша кушо!         
Тарсида-тарсида таҳи суфро кушодам. Ғайричашмдошт аз дарунаш гиреҳи хурдакаке рӯйи фарш афтид. Момо ба ман нигоҳ карда гуфт:
– Ту акнун калон ҳастӣ, дар хотират нигоҳ дор. Баъди шустану ба кафан печондани майит ин чизҳоро ба болоям мепошанд. Дар ёд дор.
Одатан, дар деҳаи мо майитро хешу пайвандон ва фарзандонаш мешӯянд. Дар баъзе маҳалҳо ин амалро покшӯйи касбӣ анҷом медиҳад.
Момо гиреҳи хурдакакро кушода ба мо нишон дод.
– Ин тухми нозбӯйу ҳулбӯй. 
– Чаро инҳоро пошидан лозим?
– Аз гапҳои шумо метарсем, мегӯеду боз тагкобӣ мекунед. Майит баъди чил рӯз оҳиста-оҳиста пӯсида танҳо устухонҳояш мемондааст...
– Момоҷон, бас кунед. Шумо умри дароз мебинед.
– Мурдан ҳақ. Рафтанду равему боз оянду раванд. Боз як гапро мегӯям, дар гӯшатон ҳалқа кунед.
Ману хоҳарам чашмамонро аз ӯ наканда, гӯш мекардем.
– Рӯзи таъзияамро бо гиря обод кунед, ҳама ҳавас кунанд. Дар як саф истода бо як овоз “момоҷонам” гӯед. Охир, ҳангоми ба дунё омадани ҳар якеат аз хурсандӣ оби дида рехта, ба Худо шукронаҳо гуфтаам...
Беихтиёр, рӯзи марги момоямро пеши назар оварда меҳрам ба ӯ афзуд. Ӯро ба оғӯш кашида, аз рухсораҳои пуроҷангаш гаштаю баргашта бӯсидам, дастони рагу паяш намоён ва пӯсташ овезонашро ба кафи дастам гузошта молиш додам.
– Ба ту боз як насиҳат. Ту наберабузурги манӣ, дигарон аз пайи ту мераванд, – гуфт хаёлолуд момо. – Ба қадри зиндагӣ, ба қадри якдигар расед. Гузаштагони мо  меҳрубон буданд, ба беморону муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз мекарданд. Дарвоқеъ, – ногаҳон ба хотири момо чизе расид, – хез, аз ин қанду қурс ва меваҳои овардаат гиру момои Моҳбикаро рафта бин. Дирӯз аз беморхона омад, чашмашро ҷарроҳӣ кардаанд. Кошкӣ, поям дард намекард, худам рафта хабар мегирифтам...
Бад-ин тариқ, чанд тобистону тирамоҳ ва  зимистону баҳор пушти сар шуданд. Ҳар як фасл дар деҳаи кӯҳии мо зебост. Бахусус, баҳор деҳаро рангинтару ҷаззобтар мегардонад. Рӯзҳои боронӣ духтаракон мӯйҳоро ба борон дошта суруд мехонанд:
Борони ҳамал, 
ба мӯям амал.
Мӯям дароз кун,
 дарози соз кун...
Дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ хабар расид, ки момои беморам аз хӯрок мондааст, ҳеҷ касро намешиносад. Ба аёдаташ шитофтем. Рӯйи ҷойгаҳ мисли кӯдак фиш-фишкунон мехобид.
– Момоҷон, маро мешунавӣ? Ман омадам, ки қиссаҳои туро, панду насиҳатҳоятро бори дигар шунавам. Ҳар як рафторат, гуфторат, ҳаёти сангини аз сар гузарондаат барои мо панд аст,– гуфта, момоямро ба оғӯш кашидам.
– Бо кору бори зиндагӣ, бачаю кача, ташвиши рӯзгори худ банд шуда, сари вақт аз ҳолат хабар гирифта натавонистам, очаҷон, – гирякунон мегуфт модарам. 
– Рӯзи момоят пур шудааст, туро намешунавад, ғами ҳеч касро намехурад, – гуфт кампири ҳамсоя оби дидаи маро меҳрубонона пок карда. 
Баъди ду рӯз момоямро ба хок супурдем. Васияти ӯро ба ҷо овардем. Духтарон, писарон, набераю абераҳо дар як саф истода гиря кардем: “Момоҷонам, момоҷони насиҳатгӯю меҳрубонам...”

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: