«INSIDEHOOK»: ҲАР ЯК ШАҲРИ ӮЗБЕКИСТОН САҲИФАИ БЕНАЗИРИ КИТОБИ ТАЪРИХ БУДА, ПУР АЗ КАШФИЁТ ВА ТААССУРОТИ ФАРОМӮШНОПАЗИР АСТ

Иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар маркази таваҷҷуҳи ВАО ИМА

Дар нашри амрикоии «InsideHook» дар бораи иқтидори сайёҳии кишвари мо таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистон бояд дар рӯйхати ҳар як сайёҳ бошад» мақола чоп шуд, хабар медиҳад мухбири АИ «Дунё». 
Муаллиф мепиндорад, ки Ӯзбекистон кишвари дорои таъриху фарҳанги ғанӣ, яке аз ҷойҳое аст, ки бояд таваҷҷуҳи сайёҳони тамоми ҷаҳонро ҷалб кунад. 
«Ин гӯшаи аҷиби ҷаҳон замоне дар маркази Роҳи бостонии абрешим буд, имрӯз тавъамии беназири фарҳангҳо ва анъанаҳои аз чинӣ то русӣ, форсӣ, туркӣ ва арабиро пешниҳод мекунад», – қайд мекунад «InsideHook».
Инчунин таъкид мегардад, ки Ӯзбекистон дорои ёдгориҳои ғайриодии санъат ва меъморӣ мебошад. Дар шаҳрҳои Хева, Бухоро ва Самарқанд даҳҳо ёдгориҳои боҳашамате воқеъ гардидаанд, ки бо кошинҳои рангҳои кабуд оро дода шудаанд. Саёҳат ба ин шаҳрҳо аз рӯйдодҳои  муҳим, бой ва фаромӯшнашаванда хоҳад буд. 
Масъалан Хева шаҳрест, ки дар он зиёда аз 60 ёдгорӣ ва осорхонаҳо дар деворҳои шаҳри бостонии Ичанқалъа ҷамъ шудаанд. Барои воқеан  ҳис кардани муҳити Роҳи абрешим бояд аз меҳмонхонаи «Orient Star khiva», ки дар бинои охири асри XIX сохта шудааст, ҷой гирифт», – гуфта мешавад дар мақола.
Муаллифон қайд мекунанд, ки Бухоро аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун «мукаммалтарин намунаи шаҳри асри миёнагӣ дар Осиёи Марказӣ» эътироф шудааст, аз ёдгориҳои ҷолибтарин дар он замон ба ҳисоб меравад. Муаллиф менависад, ки маркази таърихии Бухоро ихчам буда, онро пиёда ба осонӣ омӯхтан мумкин аст. 
Дар навбати худ Самарқанд шаҳри дорои таърихи беш аз 2500-сола мебошад, ки маҷмӯи аҷиби ёдгориҳои бостонӣ ва шаҳри замонавиро мемонад. Тавсия дода мешавад, ки саёҳатро аз қабристони Шоҳи Зинда оғоз намуда, дар мақбараи Гӯри Амир идома диҳед ва дар майдони Регистон ба охир расонед.
Аз рӯйи ақидаи нашрия шумо набояд аз Ӯзбекистон бидуни тановули таоми миллӣ – оши палав берун равед. 
Дар ҷамбаст қайд мегардад, ки Ӯзбекистон кишварест бо мероси бойи фарҳангӣ ва меҳмоннавозии худ ба ҳайрат меорад. Ҳар як шаҳр дар ин ҷо як саҳифаи беназири китоби таърихи пур аз кашфиёти аҷиб ва таасуроти фаромӯшнопазир аст. 

АИ «Дунё», 
ВАШИНГТОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: