ИСЛОҲОТЕ, КИ БОБАТИ БЕШ АЗ ПЕШ ПУРЗӮР КАРДАНИ НИЗОМИ МАҲАЛЛА АНДЕШИДА ШУДААНД, НАТИҶАҲОИ АВВАЛИН МЕДИҲАНД

Дар ҳар коре, ки барои беҳтар кардани ҳаёти аҳолӣ ва ободонии маҳаллаҳо амалӣ мегарданд, бо халқ машварат карда мешавад.

 Ин ҳуввияти хоси халқи мост. Ба ин амал бештар эътибор додан бошад, хурсандиовар аст. 
Солҳои охир идораи низоми маҳалла зина ба зина инкишоф меёбад. Алҳол ба маҳалла иқтидор ва имкониятҳои иловагӣ дода мешаванд. Ба ин низом ҳам ваколат ва ҳам масъулият пешбарӣ мегардад. Мо натиҷаи онро дар мисоли яке аз маҳаллаҳои калони шаҳри Қаршӣ ҷамоати шаҳрвандони Ойдин мушоҳида мекунем. 
Роҳбари давлат ҳангоми ташрифаш ба вилояти Қашқадарё, ки 24 октябр содир шуд, аз ин маҳалла низ боздид ба амал овард. Президент дар мулоқот, пеш аз ҳама, ба тарзи ҳаёти аҳолӣ, ободонии ҳудуд ва тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба ҷараёни кор дар ин соҳаҳо эътибори алоҳида дод. 
Алҳол дар маҳалла низоми «ҳафтгона» ташаккул меёбад, ки онҳо ҷараёни корро дар маҳалла мунтазам назорат мекунанд. Барои ҳамин ҳам Президент дар маҳаллаи Ойдин аввал бо ин гурӯҳ ҳамсуҳбат шуд. 
Мо баъди сафари Президент бо онҳо суҳбат кардем, аз нақшаҳои пешбинишудаашон пурсон шудем. 
– Мо дар низоми иборат аз раиси маҳалла, ёвари ҳоким, фаъоли занону духтарон, пешоҳанги ҷавонон ва инспектори профилактика кор кардем, – мегӯяд раиси маҳаллаи Ойдин Нодира Ҳакимова. – Дар ин низом низ ба натиҷаҳои матлуб муваффақ гардидем, вале имрӯз ба сафи мо ҳамроҳ шудани ходими андоз ва корманди хидмати иҷтимоӣ кори хуб гардид. Минбаъд ба рӯйхат ворид намудани аҳолии муҳтоҷ, кумакҳои моддӣ, ҷудо кардани субсидия ва вом барин беш аз ҳафтод масъаларо худамон ҳаллу фасл мекунем. Оё тасаввур мекунед, ки Президент ба маҳалла чӣ қадар ваколат додааст. Бисёр масъалаҳо ба идораҳои ноҳия ва вилоят нарафта, дар худи маҳалла ҳал мешаванд. Ба коргузории мусоиди электронӣ мегузарем. «Онлайн маҳалла», «Занону духтарон», «Сомонаи ҷавонон» барин се платформаи мо бо ҳам қаробат карда, дар низоми ягона муттаҳид мегарданд. Ваколати раисони маҳалла васеътар шуд. Ҳар як чорабиние, ки амалӣ мегардад, барои кори ҳамҷиҳати мо хидмат мекунад. Ҳангоми мулоқот бо Президент дар бораи фикрҳо, ки аз диламон гузашт, суҳбат намудем. 
Воқеан, дар ҷараёни мувофиқсозии кори «ҳафтгона» ваколати раиси маҳалла афзуд. Ин чӣ маънӣ дорад? Минбаъд раиси маҳалла барои рағбатнок кардан ё худ ҷазои интизомӣ додан ба ёвари ҳоким, пешоҳанги ҷавонон, фаъоли занону духтарон, инспектори профилактикӣ, ходими андоз ва корманди иҷтимоӣ метавонад тақдимнома пешниҳод кунад. Шубҳае нест, ки ба амал татбиқ сохтани ин ташаббус ба беш аз пеш мустаҳкам шудани кори маҳалла мусоидат хоҳад кард. 
Пештар барои кори хуби «панҷгона»-и маҳалла душвориҳо ба назар мерасиданд. Ғайр аз ин, баъзан ҳолатҳои бидуни мақсад истифода бурдани маблағҳои барои кумакҳои иҷтимоӣ ҷудошуда мушоҳида мегардиданд. 
– Дар маҳаллаи мо 2 ҳазору 646 хоҷагӣ ҳаст, дар онҳо тақрибан 11 ҳазор нафар истиқомат мекунанд, – мегӯяд корманди иҷтимоии маҳалла Азиз Маманов. – Миқдори оилаҳо ба 2 ҳазору 782 адад мерасад. Дар ҳудуд ду муассисаи таълими томактабӣ ва як мактаби таълими ҳамагонӣ амал мекунанд. Мо ба ин маҳалла ҳамчун ходими андоз ва корманди иҷтимоӣ ҳамроҳ шудем. Аз рӯзи аввали кор ҳудудро омӯхтем. Ба зиммаамон чӣ гуна вазифа гузошта шудааст, хуб дарк менамоем. Дар ин бобат аз роҳбари давлат низ супоришҳои зарурӣ гирифтем. Ҳоло хуб медонам, ки вазифаи ман барои хидмати иҷтимоӣ расонидан ба пирони танҳо, ногироҳо ва дигар муҳтоҷон аз чӣ иборат аст.
Маркази нави маҳалла – бинои маъмурии он, гузар, шабакаҳои хидматрасонӣ, дуконҳои савдо, сартарошхона, китобхона ва хонаҳои солимгардонӣ дар хидмати аҳолӣ мебошанд. 
Дар маҳалла бекорон тақрибан нестанд. Зиёда аз сад нафар аҳолии бекор ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ банд карда шудаанд. Боз ҳамин қадар аҳолӣ дар мономарказҳои «Ишга марҳамат» ва дигар муассисаҳои ғайридавлатии таълим касб меомӯзанд. 191 нафари онҳо бо шуғли хусусӣ фаъолият доранд. 
Дар ҳудуд дар мавсими тирамоҳ беш аз шаш ҳазор ниҳоли дарахтони мевадеҳ ва манзаравӣ нишонда шуданд. Кӯчаҳо асфалтпӯш ва чароғон гардиданд. Пайроҳаи пиёдаҳо ташкил карда шуд. Барои тайёрӣ ба тирамоҳу зимистон дар хонаҳои бисёрошёна тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. 
Хулоса, ин мавзеъ метавонад барои даҳҳо маҳаллаҳои Қашқадарё намуна бошад.

Икром АВВАЛБОЕВ, хабарнигори ӮзА.          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: