МУҲАҚҚИҚИ ТАВОНО

Вақте дар курси аввал мехондем, устодамон Саъдулло Асадуллоев (равонашон шод бод) саъй мекарданд дили моро ба хондан бештар гарм кунанд.

Мегуфтанд, ба институт даромадан ва таҳсил кардан низ омад аст, ин бахт ба ҳар кас насиб намекунад, чӣ қадар ҳамсолони шумо дохил шуда натавониста, ноком ба хона баргаштанд. Онҳоро лозим аст барои ба мақсад расидан боз як сол тайёрӣ бинанд. Бигузор, соли оянда бахт ба рӯйи онҳо низ хандад, аз санҷишҳо бомуваффақият гузашта, чун шумо донишҷӯ гарданд. 
Устод боз таъкид сохтанд дар «омад» низ гап калон: яке аз абитуриентҳо, бо вуҷуди он ки мактабро бо медали тилло тамом карда ва дониши хуби филологӣ дошт, соли аввал дохил шуда натавонист. Баъди омодагии ҳарҷониба соли оянда ба институт даромад. Чаҳор сол дар сафи беҳтарин донишҷӯён қарор гирифт...
Шодравон Асадуллоев айни замон аз хусуси дигар  шогирдони ояндадорашон сухан ба миён оварданд, ки Абдуманнон ном дошта, ду сол қабл факултаи моро хатм карда будааст. Арзанда, ки буд, дар институт ба кор монд, гуфтанд устод ва афзуданд умед аст вай рӯзе ба шумо дарс диҳад, баробари пеш бурдани фаъолияти педагогӣ дар сафи адабиётшиносҳои пештоз мавқеъ пайдо кунад.
Мутахассиси ҷавон Абдуманнон Насриддинов он вақт ба газетаи донишкадаамон (Институти давлатии педагогии Ленинобод, ҳоло ДДОХ ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров), ки «Маҳорати педагогӣ» ном дошт, муҳаррирӣ мекард. Вақте ба курси сеюм гузаштем, Асадуллоев ӯро ҳамроҳ ба аудитория дароварданд. Гуфтанд лексияҳоро аз адабиёти классикӣ ман мехонам, семинарҳоро Абдуманнон мегузарад. Ҳамин тавр, бо А. Насриддинов (он вақт ассистент буд, баъдтар сармуаллим гашт) наздиктар шинос шудем. Инсоне буд бисёр самимӣ ва хушмуомила. Ба донишҷӯён, хусусан ба онҳое, ки дониши хуб доштанд, бародарвор муносибат менамуд.
А. Насриддинов дар ибтидои солҳои ҳаштодум баробари фаъолияти омӯзгорӣ корҳои тадқиқотӣ пеш бурд, рисола бомуваффақият дифоъ ва номзади илмҳои филологӣ шуд. Аз соли 1883 то соли 1987 чун дотсент кор кард, солҳои 1987-1988 чун декани факулта фаъолият бурд. Баъд ба Душанбе рафт, докторантиаш дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АУ Тоҷикистон ду сол давом кард ва соли 1990 дар мавзӯи «Проблемаҳои маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Боз ба Хуҷанд, ба кафедраи адабиёти ДДОХ баргашт ва омӯзгорӣ идома дод. Аз соли 1991 профессор, аз соли 1992 то поёни умраш (2011) ба сифати мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик фаъолият намуд.
Аз охири солҳои ҳафтодум сар карда, Абдуманнон Насриддинов ба таълифи мақолаҳои илмӣ, илмиву оммавӣ ва илмиву методӣ шурӯъ намуд. Дар давоми тақрибан 35 сол бештар аз 30 китоб чоп кунанд, ки фарогири наздик 450 мақола мебошанд. Вай дар навиштаҳояш асосан муҳимтарин масъалаҳои таърихи адабиёти тоҷикро мавриди баррасӣ қарор дод. Фарҳангшиносӣ, матншиносӣ ва шарҳнависӣ се шохаи пурборе буданд дар фаъолияти пажӯҳишии олими пухтакор ва сермаҳсул. Баробари матбуоти маҳаллӣ дар нашрҳои хориҷ низ мақолоту гузоришҳо ба табъ мерасонд, бо ҳамкасбони бурунмарзӣ ҳамкориҳо месохт, чун олими варзида ва адабиётшиноси нуктасанҷ дар барқарории робитаҳо бо хориҷ, дӯстии адабиёт ва равуоҳои фарҳангиву маънавӣ бо ҳамзабонҳо саҳми муносиб мегузошт. Дар авҷи фаъолияти омӯзгориву эҷодиаш мегуфтанд фаъолияти самараноки доктор Абдуманнон дар эроншиносии дунё зуҳуроти тозаест. Профессор А.Насриддинов бо тадқиқот ва бозёфтҳои тозааш оиди поэтика, текстология ва фарҳангнигорӣ нафақат дар Эрон, айни замон то дараҷае дар Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Покистон, Русия, Афғонистон ва Қазоқистон ном баровард ва дар ин кишварҳо мақолаҳои илмӣ-адабиётшиносӣ ба чоп расонд. Вай дар корҳои ҷамоатӣ марбут ба илму адаб низ фаъол буду бо вуҷуди серкорӣ барои равнақи фарҳанг, хусусан, баҳри дастгириву пуштбонии кадрҳои ҷавони илмӣ фурсат пайдо мекард. Ҳамчун узви Шӯрои дифоъи рисолаҳои номзадии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Кумитаи С.Айнии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, узви Бунёди Рӯдакии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АУ Тоҷикистон, раиси Кумитаи ислоҳоти Бунёди забони вилояти Суғд дар ташкил ва пешбурди корҳои пурсамари фарҳангӣ, илмиву адабӣ саҳми муносиб гирифт.
Чанд соли охир дар Хуҷанд иборае сари забонҳост бо унвони «Мактаби Абдуманнон».  Дар мактаби намунавии ташкилкардааш даҳҳо шогирдон тарбия намуд, ки тавфиқ ёфтанд ва ҳоло аксарияти онҳо ба дараҷаи устодӣ расиданд. Бештар аз 30 нафар шогирдонаш ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ сазовор гардиданд. Як қатор докторҳои имрӯзаи илм низ дастпарвари мактаби А. Насриддинови зиндаёданд.
Дар чандин анҷуману ҳамоишҳои илмии байналхалқӣ иштирок ва суханронии профессор Абдуманнон Насриддинов (минҷумла, дар анҷуманҳои устодони забони форсӣ дар Эрон, анҷумани забони форсии Ҳиндустон, анҷумани тамаддуни эронӣ дар оғози қарни XXI, ки дар Маскав баргузор шуд, анҷумани «Мавлавӣ ва ҷаҳони муосир», ки дар Алмати рӯйи кор омад ва ғайраҳо) низ қобили қайд аст. Шодравон айни вақт чун узви Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсӣ (Эрон), узви Анҷумани устодони забону адабиёти форсии Ҳинд ва узви ҳайати таҳрири чандин рӯзномаву маҷаллаҳо фаъолият кардааст.
Таҳти ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Абдуманнони Насриддин дар вилояти Суғд маҳфили адабии «Ганҷи сухан» таъсис ёфт, дӯстдорони забон ва адабиётро ба як ҷо ғун ва гурӯҳ, ба қавли Соиб, масти баёни якдигар мегашт. Ин маҳфил ҳануз амал мекунад ва дар ҳаёти маънавии Тоҷикистони Шимолӣ нақши муҳим мебозад.
Қисми муайяни мақолаҳои илмии А. Насриддинов доири Рӯдакишиносист. Яке аз китобҳояш оиди рӯзгори шоирии Рӯдакии бузургвор бо унвони «Девони Одамушшуаро»  дар шаҳри Алмати низ ба табъ расидааст. Мегӯянд тадқиқотҳои Абдуманнони Насриддин дар Рӯдакишиносӣ саҳифаи тозаест. Даҳҳо мақолоташ дар ин бахш аз ҷониби мутахассисони маҳалливу хориҷӣ баҳои баланд гирифтааст. Навъе аз маълумотҳо бармеояд, «профессор А. Насриддинов  масоили илмиву амалии Рӯдакишиносиро ба қаламрави худ ворид сохта, пойгоҳи шоистае дар маърифати ҳикмати олии Рӯдакӣ фароҳам оварда тавонистааст».
Инсони комилеро дучор кардаам ё накардаам, намедонам. Вале дил мехоҳанд гӯям, ки устоди арҷманди мо Абдуманнони Насриддин инсони комил буд.
Соли 2013 ба муносибати 60-солагии муҳаққиқи тавоно «Куллиёти осор»-аш иборат аз ҳафт ҷилд ҷомаи табъ ба бар намуд, ки фарогири ҷамъ 4526 саҳифа мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон 70-солагиаш қайд карда мешавад. Даҳҳо шогирдони доктори илмҳои филологӣ, Барандаи ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ва ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Абдуманнон Насриддинов айни замон дар Ӯзбекистон низ ба сар бурда, номашро дар забон, хотираашро дар мағзи дилу ҷон зинда медоранд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: