КӮДАКОН – ОЯНДАИ ҶАМЪИЯТ

Кӯдакон шодии оила, такягоҳи ҷомеа, давомдиҳандагони корҳои нек ва умеду нерӯи давлати мо мебошанд.

 Хурсандии чашмони кӯдакон гӯё тамоми оламро равшан мекунад. Имрӯз ҳар як падару модар баҳри ба камол расидани фарзанди худ саъю талош меварзад.
Дар муассисаи таълими томактабии рақами 482-юми ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд бо ташаббуси Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ таҳти шиори «Кӯдакон – ояндаи ҷамъияти мо» чорабинӣ баргузор шуд. 
Инчунин, дар ин ҷо бо ҳамкории Вазорати таълими томактабӣ тарғиботи албоми «Зукко болаҷон» намоиш гардид.
Дар чорабинӣ раиси Ҷамъияти тарғибгарони маърифат Бахтиёр Ҳусанов, мушовири забони давлатии Вазорати муассисаҳои таълими томактабӣ Камола Ирисқулова, намояндагони мактабҳои таълими умумӣ, масъулони ҳокимият, фаъолони Иттифоқи ҷавонон ва вакилони ҷамоат иштирок намуданд.
Б. Ҳусанов таъкид намуд, ки аз ҷониби Маркази маънавият ва маърифат, барои насли наврасро соҳибақл, солим ва баркамол тарбия намудан лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои «Кӯдакони равшанфикр» ва «Кӯдакии хушбахт» барои кӯдакони имконияташон маҳдуд намоиши китобҳо, фароғатҳои гуногун ва консертҳо баргузор гардид, ки беш аз 5000 нафар кӯдаконро фаро гирифтанд.
– Дар тамоми муассисаҳои таълими томактабии ҷумҳурӣ имрӯзҳо, ки барои гурӯҳҳои хурдсол таҳти шиори «Кӯдакон – ояндаи ҷамъияти мо» чорабиниҳо гузаронида мешаванд, ба ташаккул додани тарзи ҳаёти солими тарбиягирандагон, баланд бардоштани салоҳияти зеҳнии онҳо нигаронида шудааст. Дар он кӯдакон бо кумаки мураббиён расм кашиданд, ҳар гуна нақшаҳо офариданд, дар бораи хусусиятҳои фоидабахши меваву сабзавот маълумот гирифтанд. Ҳамчунин нутқ ва саводи кӯдакон, дониши ибтидоии математикӣ, қобилияти эҷодии онҳо аз санҷиш гузаронида мешавад, – гуфт К. Ирисқулова.
Дар рафти чорабинӣ суруд ва рақсҳои гурӯҳи мусиқии бачагонаи «Марворид» табъи кӯдакон ва иштирокдоронро болида сохт.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: