МУШКИЛОТ БО МУНОҚИШАҲО НЕ, БО РОҲИ ЭЪТИМОД ВА ҲАМКОРИИ НАЗДИК ҲАЛ КАРДА МЕШАВАНД

Чанд рӯз паи ҳамаи мо нутқи Президентро дар Ассамблеяи Генералии СММ бо ҳаяҷони зиёд гӯш кардем.

Чанд рӯз паи ҳамаи мо нутқи Президентро дар Ассамблеяи Генералии СММ бо ҳаяҷони зиёд гӯш кардем. Мо инчунин таассурот ва андешаҳои аввалини аъзои парлумон, олимон ва коршиносонро тавассути шабакаҳои телевизионӣ шунидем. Ба фикрам, ҳар яки мо бояд нисбати ин баромад, дар бораи ғояҳои васеи дар он пешниҳодшуда ва ташаббусҳои наве, ки ба ҳамҷиҳатона ҳал намудани мушкилоти байналмилалӣ нигаронида шудаанд, хулоса ва муносибати худро дошта бошем.

Матни суханрониро бори дигар хонда, рӯйдодҳои олам, сардшавии муносибатҳои байни кишварҳои гуногун, ҳолатҳои дар вазъиятҳои низоъӣ ба якдигар гузашт накардани ҷонибҳо аз пеши чашмонам гузаштанд. «Вазъияти ҳозираи пуртаҳлукаву мураккаб исбот кард, ки ҳамаи кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон бо ҳам алоқаманданд ва муколамаи мунтазам, эътимод ва ҳамкории зичи байнамон хеле муҳиманд». Дар замири ин андеша, ки дар нутқ оварда шудааст, албатта, маънои амиқ, даъвати махсус ниҳон аст.
Президентамон дар фаъолияти худ ба мустаҳкам намудани мулоқоти доимӣ, эътимод ва ҳамкории зич қатъӣ амал мекунад. Дар натиҷа, муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя дар солҳои охир ба дараҷаи мислаш диданашуда  густариш ёфта, дар Осиёи Марказӣ муҳити нав ба вуҷуд меояд. Фикр карда бинем, ин ҳудуд дар байни калонтарин иқтисодиёти ҷаҳон ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди мазкур устувор нигоҳ доштани муҳити мулоқоти доимӣ, эътимод ва ҳамкории зич хеле муҳим аст. Нақш ва фаъолияти Президенти мо дар ин раванд аҳамияти махсус дорад. Фикрҳои сиёсатмадорони бонуфуз дар ин бора беҳуда нест.
Дар муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ субот вуҷуд надошта бошад, мушкилоти иҷтимоӣ зиёд шудан мегиранд, дар натиҷаи таъхир ёфтани ҳалли баъзе масъалаҳо онҳо афзоиш меёбанд. Барои пешгирии ин ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманди давлатҳо ва ҳукуматҳо бояд таҳким ёбанд. Дар ин робита, муттаҳид сохтани кӯшишҳои тарафайни ҳукуматҳо, парлумонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими принсипҳои масъулияти муштарак, ба таври мувофиқ ривоҷ додани шарикии байналмилалӣ аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин суханронӣ ғояи  якҷоя бунёд намудани низоми одилонаи ҷаҳонӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як инсонро таъмин мекунад, инчунин ташаббуси ба ин мувофиқ ба миён гузошта шуд. Ин пешниҳоди таҳияи Кодекси байналмилалии ӯҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳо дар давраи пандемия таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар давоми пандемия, ки барои тамоми инсоният як озмоиш гардид, маълум шуд, ки ҳамкории байни давлатҳо дар асоси эътимод ва дастгирии тарафайн зарурати азим аст. Вазъияти ғайричашмдошти оқибати пандемия ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ зарбаи сахт зад, ки аз ин, пеш аз ҳама, гурӯҳҳои камбизоат ва камдаромад азият кашида, дар ҷомеа табақаҳои камбизоат афзоиш ёфта, ин на танҳо ба суботи миқёси як давлат, балки суботи байналхалқӣ таҳдид мекунад.
Ба ин маъно мубориза бо камбизоатӣ ба вазифаи умумиҷаҳонӣ табдил меёбад. Бе муносибати фаъолонаи байни давлатҳо ва иқтисодиёт, мубориза бо самаранокии камбизоатӣ дар дохили давлат душвор хоҳад буд. Чунки имрӯз иқтисодиёт ба ҳамдигар алоқаманданд, ки наметавонанд дар алоҳидагӣ аз ҳамдигар устувор инкишоф ёбанд.
Дар мамлакати мо бо назардошти хавфи афзудани камбизоатӣ ва бекорӣ аз сабаби пандемия пайваста корҳо ба анҷом расонда мешаванд. Оре, мушкилот кам нестанд, дар баъзе ҷойҳо камбудиҳо ба назар мерасанд. Аммо муҳимаш он аст, ки дар вазъияти душвор ба ниёзмандон дар навбати аввал кӯмаки зарурӣ расонда, онҳо дастгирӣ карда мешаванд ва таҷрибаи калони пурарзиш ғанӣ мегардад. Дар ин раванд тамоми сохторҳои марбутаи давлат ширкат доранд ва талошҳо барои ҳадафи ягона сафарбар карда мешаванд. Ҳоло дар пеш вазифаҳои зиёд дорем.
Боварӣ дорам, ки пешниҳоди Президент дар бораи мубориза бо камбизоатӣ бояд яке аз мавзӯъҳои асосии Ассамблеяи Генералии навбатии СММ гардад, ки ба ҳамкориҳои байни кишварҳо ба сатҳи нав мебарояд ва роҳҳои ҳалли нави мушкилоти мураккабро пайдо мекунад.

Шербек БӮРОНОВ,
Депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: