НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!
Муҳтарам ҳамкасбон! Иштирокдорони маҷлис!
Шуморо аз таҳти дил табрик менамоям ва ба тамоми табрикоте, ки ба муносибати 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай иброз гардиданд, ҳамроҳ мешавам.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмон барои меҳмондӯстии самимии анъанавие, ки ба мо зоҳир намуд ва  барои ташкили аълои мулоқоти ҷашниамон алоҳида миннатдорӣ изҳор мекунам.
Мо раёсати муваффақиятноки ҷониби Тоҷикистонро олӣ арзёбӣ мекунем, ки дар ҷараёни он гуфтугӯи шаффоф ва босамар доир ба тамоми самтҳои ҳамкории бисёрҷанбаамон таъмин карда шуд.
Ҳамоиши Душанбе ин имконоти хубест барои табодули афкор роҷеъ ба нақш ва аҳамияти Ташкилоти мо ва инчунин барои дубора назар намудан ба зарфият ва пешомади кори муштарак.
Воқеан дар давраи гузашта СҲШ субъекти муҳими сиёсати ҷаҳонӣ гардида, дар қатори ниҳодҳои бонуфузи байналхалқӣ ҷойгоҳи муносибро ишғол намуд.
Шарикии минтақавӣ дар асоси принсипҳои «рӯҳи Шанхай» мустаҳкам мегардад.
Потенсиали муштаракамон дар муқовимат бар зидди таҳдид ва ситезаҳои нав афзуда, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва маданиву гуманитарӣ васеъ мегардад.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди афзоиши шиддат дар ҷаҳон ва минтақа мегардем.
Оқибатҳои манфии пандемия ҳанӯз боқӣ мондааст.
Ҳамаи ин аз мо боз ҳам муташаккилӣ ва дастгирии ҳамдигарро дар доираи Ташкилотамон тақозо менамояд.
Чунин мешуморем, ки бо ин мақсадҳо:
– ҳифзи шаффофият, равон нагардидани СҲШ зидди ягон давлати сеюм ва ташкилотҳои дигар;
– сари вақт ва якҷоя таваҷҷӯҳ намудан ба таҳдид ва ситезаҳои умумӣ;
– афзоиши ҳамкории иқтисодии минтақавӣ;
– мустаҳкам намудани дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва эътимод, амиқсозии ҳамкориҳои маданиву гуманитарӣ дар фазои СҲШ муҳим мебошанд.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Тавре ки дар баромадҳои ҳамкасбони ман қайд гардид, мо ҳарчи бештар аз вазъияти кунунӣ дар Афғонистон нигарон ҳастем.
Имрӯз дар ин мамлакат воқеияти нав ба вуҷуд омада, ба қудрат қувваҳои нав омаданд. Ин аллакай факт мебошад. Бинобар ин ногузир аст, ки бархурдҳои ҳамоҳангсохтаро нисбат ба вазъият дар Афғонистон ва ҳамчунин роҳгузории мулоқот бо ҳукумати нави мамлакат таҳия гардад.
Аз он ҷумла, даст ёфтан ба намояндагии васеи сиёсии тамоми қишрҳои ҷамъияти Афғонистон дар идораи давлат;  роҳ нагузоштан ба авҷи эҳтимолии тундравӣ дар минтақа ва содироти идеологияи ифроткор, истифодаи ҳудуди Афғонистон барои ҳаракатҳои тахрибкор бар зидди давлатҳои ҳамсарҳад; таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, аз он ҷумла занон ва ақаллиятҳои миллӣ; бартарафсозии буҳрони доманфарохи гуманитарӣ, афзоиши мавҷи гурезаҳо, идома додани ҳамдастӣ ба ин мамлакат дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ муҳим аст.
Бинобар ин нақша баррасии имконоти боздории маблағҳои давлатии Афғонистон, ки дар бонкҳои хориҷӣ ҳастанд, зарур аст.
Барои муттафиқ сохтани кӯшишамон ва муҳокимаи васеи масъалаҳои бартарафсозии сиёсӣ дар ин мамлакат мунтазам баргузор намудани вохӯриҳои дараҷаи олиро дар андозаи «СҲШ – Афғонистон» бо ҷалб намудани давлатҳои нозир ва шарикон оид ба гуфтугӯ пешниҳод менамоем. Омодаем, ки нахустин чунин мулоқотро дар Тошканд ташкил намоем.
Дӯстони муҳтарам!
Дар поёни ҳамоиши имрӯза ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рисолати ифтихорӣ ва беҳад масъулиятноки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай мегузарад.
Ман аз ҳамкасбони муҳтарам барои табрикот ва таманноҳои нек самимона сипосгузорам.
Дар навбати худ мехостам, ки бартарият ва вазифаҳои кори муштаракро барои давраи оянда муайян намоям.
Якум. Идомаи талошҳо доир ба минбаъд мустаҳкам намудани потенсиал ва нуфузи СҲШ муҳим аст.
То мулоқоти оянда таҳия намудани Барномаи маҷмӯиро доир ба татбиқи Шартнома дар бораи некҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддат барои панҷ соли ояндаро пешниҳод менамоем.
Дуюм. Мо ҷонибдори таҳияи Нақшаи амалиёти муштарак доир ба рушди савдои дохилиминтақавии СҲШ ҳастем.
Ба он дохил намудани қадамҳои муштарак дар заминаи бартарафсозии мамониатҳои савдо, наздиксозии тартибҳои техникӣ, рақамисозии низомҳои гумрук ва ҳамчунин дигар чорабиниҳо доир ба сабуксозии дастрасии ҳамдигар ба бозорҳо зарур мебошанд.
Сеюм. Тезондани қабул кардани Барномаи кооператсияи саноатии СҲШ муҳим мебошад.
Механизми амалии татбиқи он ба вуҷуд овардани маркази кооператсияи индустриалӣ дар мамлакатҳоямон мегардад.
Мо инчунин омодаем, ки Форуми иқтисодӣ ва Ҳафтаи навгониҳои саноатии Созмони ҳамкории Шанхайро соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор намоем.
Чорум. Қабул намудани Стратегияи СҲШ оид ба рушди иртиботи ҳамдигарии нақлиётӣ имкон медиҳад, ки комилан потенсиали транзити мамлакатҳоямон роҳандозӣ гардида, самаранокии низоми даҳлезҳои «Шарқ – Ғарб» ва «Шимол – Ҷануб» баланд бардошта шавад.
Ғайр аз он мо мехоҳем ташаббускори якҷоя тайёр намудани Барномаи дарозмуддати инкишофи инфрасохторӣ дар фазои СҲШ бошем, ки ба он метавонад лоиҳаҳои фаромарзӣ дар соҳаи энергетика, коммуникатсия, рушди «сабз» дохил гарданд.
Панҷум. Барои мо масъалаҳои коҳиши қашшоқӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ аҳамияти алоҳида касб менамояд.
Дар вақтҳои наздик роҳандозии механизми вохӯриҳои мунтазами вазирон ва машваратҳои экспертиро аз рӯи ин самтҳо фавқулодда муҳим мешуморем.
Шашум. Бартарияти калидӣ фаъолсозии кӯшишот доир ба таъмини сулҳ ва субот дар фазои СҲШ ба шумор меравад.
Татбиқи амалии Қарори қабулгарданда дар бораи такомули механизмҳои муқовимат бар зидди таҳдид ва ангезаҳои бехатарӣ, аз он ҷумла истифодаи ҳарчи бештари потенсиали СЗМ СҲШ ба ин хидмат менамояд.
Ташаббусҳое, ки дар ин ҳуҷҷат акс ёфтаанд, имкон медиҳад, ки ҳамкориҳоямон дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи нашъа ва ҷинояткории муташаккил ва ҳамчунин дар соҳаи кибербехатарӣ мустаҳкам гардад.
Ғайр аз ин барқарор намудани вохӯриҳои вазирони корҳои дохилӣ ва бехатарии ҷамъиятии мамлакатҳоямонро пешниҳод менамоем.
Ҳафтум. Бо назардошти таҷрибаи бомуваффақияти ғанинамудаи шариконамон дар соҳаи бехатарии иттилоотӣ, таъсиси Форуми экспертии СҲШ аз рӯи мавзӯи мазкур мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Ин имкон медиҳад, ки чорабиниҳои ҳамоҳангсохта бинобар таваҷҷӯҳи муносиб ба таҳдид ва ситезаҳои имрӯз дар киберфазо  таҳия гардад.
Ҳаштум. Мо дастовардҳои муштараки «дипломатияи халқӣ»-ро мусбӣ арзёбӣ менамоем, аз рушди ҳамкории бисёрҷанба байни минтақаҳои мамлакатҳоямон, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки маданӣ, илмиву таълимӣ, варзишӣ ва ғайра манфиатдор ҳастем.
Бо ин мақсадҳо ҷонибдори таъсиси институти «Сафири иродаи неки СҲШ» ҳастем.
Инчунин доир ба таҳияи Муоҳидаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкории мамлакатҳоямон дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод баён менамоем.
Нӯҳум. Пандемия ногузирии ҳарчи зичтар ҳамкорӣ намуданро дар соҳаи тандурустӣ нишон дод. Ба ин маъно мо бояд «Нақшаи роҳ»-ро доир ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои профилактика ва муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда, реабилитатсияи пас аз ковид, аз ҷониби ҳамдигар ба расмият шинохтани сертификатҳо ва ваксинатсияҳо қабул намоем.
Даҳум. Ӯзбекистон ба сифати раис азм дорад, ки фаъолона нозирон ва шариконро дар бобати гуфтугӯ аз рӯи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар доираи Ташкилотамон ҷалб намояд.
Мо қарорҳои қабулшудаи имрӯзро дар бобати оғози тартиби қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти СҲШ ва ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб ба Давлати Қатар додани мақоми шариконро доир ба гуфтугӯ истиқбол менамоем.
Муҳтарам раҳбарони ҳайатҳо!
Номзадии ҷаноби Чжан Минро ба вазифаи Котиби генералии СҲШ дастгирӣ менамоем ва ба ӯ муваффақиятҳои калон орзу менамоем.
Аз ҳамкасбон барои дастгирии номзадии Руслан Мирзоев ба вазифаи директори Комиҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавӣ сипосгузорӣ менамоем.
Инчунин ба Котибот ва Кумитаи иҷроияи СЗМ СҲШ барои кори фаъолонаашон дар пешбурди мақсадҳо ва вазифаҳои умумии Ташкилотамон миннатдорӣ изҳор мекунам.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Бовар дорам, ки қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки имрӯз қабул гардиданд, ба рушди минбаъдаи мамлакатҳоямон ва баланд гардидани нуфузи СҲШ мусоидат хоҳанд кард.
Аз фурсат истифода намуда, шуморо ба ҷамъомади навбатии Шӯрои роҳбарони давлатҳо, ки мо онро 15-16 сентябри соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор намудан мехоҳем, даъват менамоям. Барои эътиборатон ташаккур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: