ҶИҲАТҲОИ ХОСИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Дар шароити кунунӣ хавфи таҳдиди ифротгароӣ ва терроризм саросари олам, аз ҷумла ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказиро низ хеле ба ташвиш гузоштааст.

Ин нерӯҳо байни худ иттиҳод баста, дар ҳар ҷо-ҳар ҷо сар боло мекунанд ва бо амалҳои зишту қабеҳи худ боиси ҳалокати одамон ва нороҳатиҳои зиёди мардум мегарданд.
Дар айни ҳол барои кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурате пеш омадааст, ки ҳамкориҳои минтақавиро тақвият диҳанд ва мубориза алайҳи ин иллатҳои ногуворро вусъат бахшанд. Дар ин замина ташаббусҳои сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев, маърӯзаҳо ва суханрониҳои ӯ аз минбарҳои баланд ва роҳандозии дидору мулоқотҳояш бо роҳбарони давлатҳои ҳамҷавор аз ҳамин ҷо маншаъ гирифтаанд.
Дар иттиҳоду ҳамбастагӣ мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ва пешгирии саривақтӣ аз зуҳури он дар ин ё он давлат ҳамеша натиҷаҳои мусбату босамар ба бор меоранд. Месазад, ки ҷавононро аз ҷалбу ҷазб шудан ба ин зуҳуроти ногувору фоҷиабор нигаҳ дошт, то ки қалбу мафкураи онҳо аз чирки ин падидаҳо осеб набинад.
Дар охири асри ХХ дар харитаи дунё кишварҳои нав пайдо шуданд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастанд. Ҳамчунин ин як давраи таърихист, ки бозгашти мардум ба арзишҳои динӣ ба миён омад. Хосатан, дар кишварамон баъди касби истиқлол муносибат нисбати мероси маънавию фарҳангӣ ва таърихӣ комилан ба ҷониби мусбат майл намуд.
Ба таври мисол, нуфузи дини мубини ислом, ки дар давраҳои гуногуни салтанати шӯравӣ мавриди таъқиб қарор мегирифт, дубора эҳё гардид. 
Аммо ҳамон давра касе аз “ҳомиёни дини мубини ислом” аз кишварҳои хориҷӣ кумаке намекарданд, вале акнун онҳо барои “омӯзонидани дини пок” барои мардуми мо, хусусан ҷавонон “бо камоли майл саъй ва ҳаракат” мекунанд. Ин дар ҳолест, ки арзишҳои динии мо эҳё мегарданд. Ин ҷо саволе ба миён меояд: шумо – “ҳомиёни дин” дар он давра куҷо будед?
Пӯшида нест, ки пешвоёну пайравони ин равияҳо амну осоиш, тараққиёту пешрафти кишварамонро намехоҳанд. Мақсади асосии онҳо гӯё тибқи таълимоти ислом роҳандозии корҳои давлат ва сиёсат аст, аммо дар асл зери он аз роҳи фитнаҷӯӣ амалӣ сохтани вайронагариҳо, аз эътидол берун баровардани вазъи солим мебошад.  
Дар айни ҳол корҳои зиёди таблиғотиву ташвиқотӣ пиёда мешаванд, ки мардум аз кирдукор ва ҳадафҳои ифротгароёну террористон огоҳӣ дошта бошанд. Соли 2000-ум Барномаи давлатии “Таҳкими мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ” қабул шуда буд. Худи ҳамон сол бар асоси он Қонун “Дар бораи мубориза алайҳи терроризм” ба тасвиб расид.
Дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай маркази минтақавии зиддитеррор таъсис ёфт, ки дар шаҳри Тошканд фаъолият мекунад. 
Маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ роҷеъ ба терроризм, манбаъ, пойгоҳ ва бартараф кардани фаъолияти он пешниҳодҳои худро ироа намуд. Вай таъсиси “Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм”-ро дар миён гузошт.
Дар ин сарзамин шахс бар асоси арзишҳои умумиинсонӣ ва миллӣ тарбия ёфтааст. Дар ин маҷро дин барои ривоҷи маънавияти инсон ҳамчун омили муҳим хизмат кардааст. 
Роҳи мо муайяну равшан аст, дин рӯҳияти инсон ва қалби ӯро пок месозад. Тавре ки дар Қомуси асосиамон қайд шудааст, ҳар кӣ метавонад ба дини дилхоҳи худ эътиқод кунад ва ҳақ дорад, эътиқод накунад. Моро лозим аст, ки аз кору аъмоли ин ниқобдорон ҷомеаро ҳифз намоем, ба муқобили он ҷиддан мубориза барем, аз ҷалбу ҷазби ҷавонон ба сафи онҳо пешгирӣ кунем. 
Бояд дарк намоем, ки Ӯзбекистон аз роҳи хоси худ пеш меравад. Кишварамон аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушду нумӯъ мекунад. Муносибат нисбати дин дар мо беш аз пеш рушд менамояд, маърифати исломӣ ва ривоҷи он ҳамеша вусъат меёбад. “Дил ба ёру даст ба кор”-и бузургвор Баҳоваддини Нақшбанд шиори аҳли ислом мебошад. Мо арзишҳои миллиамонро ҳифз мекунем, бо замон якҷо қадам мегузорем. 
Таҳти сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон ба сӯи орзуву ормонҳо ва маърифати ҳақиқӣ гом бардоштаем ва албатта, ба мақсадҳои неку наҷиби худ хоҳем расид. 

Ҳасанбой АБДУФАТТОЕВ,
муаллими Донишкадаи давлатии 
омӯзгории Қӯқанд.
Ҷумъабой СУЛАЙМОНОВ,
донишҷӯ.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: