Пазироии таэквондочиён

Дар фурудгоҳи байналхалқии Тошканд ба номи Ислом Каримов варзишгарони кишварамонро, ки дар чемпионати 25-уми ҷаҳон аз рӯйи таэквондо дар Гвадалахараи Мексика ширкат ҷуста буданд, сазовор пешвоз гирифтанд.

Аъзои мунтахаби Ӯзбекистон 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст дароварда, дар байни варзишгарони 122 кишвари дунё сазовори ҷойи шашум гардиданд.
Бояд гуфт, ки соҳиби медали тилло Светлана Осипова, нуқраю биринҷӣ Ниёз Пӯлодов ва Фирӯза Содиқова ходимони садорати варзиши Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.
Дар маросими мутантани пешвозгирӣ ҷонишини вазири рушди варзиш Шаҳрулло Маҳмудов, шахсони масъули Вазорати дифоъ ва намояндагони Ассотсиатсияи таэквондои WT Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Тӯлқин РӮЗИЕВ,
мухбири ӮзА.
Дар акс: маросими пешвозгирии варзишгарон.
Аксбардор: 
Н.ҲАЙДАРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: