Шатранҷбози 17-солаи ӯзбекистонӣ бар қаҳрамони 5-каратаи ҷаҳон Магнус Карлсен пирӯз шуд

Дар ин рӯзҳо дар Варшава Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмоти блитс ва рапид давом дорад.

Дар он ҳамватани мо Нодирбек Абдусатторов (2593) ширкат карда, бар қаҳрамони 5-каратаи ҷаҳон Магнус Карлсен (2842) пирӯз шуд.

Ин вохӯрӣ, ки дар доираи даври 10-ум сурат гирифт, боз ҳам муҳимтар буд, зеро пешсафиро дар ҷадвали мусобиқа муайян кард. Пеш аз ин Карлсен бо 7,5 имтиёз дар ҷои аввал ва ҳамватани 17-солаи мо бо 7 имтиёз дар ҷои дувум қарор дошт. Ғалабаи Абдусатторов ба сӯи мукофоти асосӣ қадами далерона буд.

Дар рапид ғолиб пас аз се даври дигар муайян карда мешавад. Агар шоҳмотбози мо дар дигар вохӯриҳо пешсафии худро нигоҳ дошта тавонад, дар ин самт чемпиони ҷаҳон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳарду шатранҷбоз дар соли 2019 қувваозмоӣ карданд ва дар он қувваҳо баробар буданд, хабар медиҳад КМО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: