Президенти Ӯзбекистон шаш неругоҳи барқии «сабз»-и иқтидори умумиаш 2,4 гигаваттро ба истифода дод

  • Президенти Ӯзбекистон шаш неругоҳи барқии «сабз»-и иқтидори умумиаш 2,4 гигаваттро ба истифода дод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 декабр дар маросими тантанавӣ ба истифода додан ва ба шабака пайваст кардани 5 неругоҳи барқии офтобӣ ва 1 бодӣ дар шаш минтақаи кишварамон ширкат варзид.

Дар чорабинӣ директори иҷроияи генералии «Masdar» Муҳаммад Ҷамил Ал-Рамаҳӣ, ноиби президенти «China Energy Engineering Corporation» Ву Юн, раиси раёсати «China Energy International Group» Лю Цзэсян, раиси раёсати «China Gezhouba Group»  Лин Сяодан, роҳбарони ширкатҳои “SEPCO III”, “Dongfang Electric Corporation” ва дигарон, ки бо онҳо ин лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ амалӣ карда мешаванд, иштирок доштанд.

Тавре Сарвари давлат таъкид намуд, дар мамлакати мо барномаи васеъмиқёси ислоҳот ва баланд бардоштани устувории системаи энергетикӣ амалӣ карда мешавад.

Солҳои охир барои рушди фаъолияти бахши хусусӣ ва ширкатҳои пешқадами хориҷӣ дар соҳа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо иштироки онҳо лоиҳаҳо барои густариши  иқтидори энергияи барқароршавандаи Ўзбекистон  бомуваффақият амалӣ гардонда мешавад.

Аз ҷумла, нахустин бор аз ҳисоби сармоягузории мустақими хориҷӣ дар шароити шарикии давлатию хусусӣ неругоҳҳои барқии офтобӣ дар ноҳияҳои Кармана ва Нуробод бо иқтидори умумии 200 мегаватт, ки то имрӯз 1 миллиард киловатт-соат энергияи “сабз” тавлид кардаанд, комилан ба истифода дода шуданд.

«Masdar»-и Аморат татбиқи лоиҳаҳои сохтмони се истгоҳи замонавии фотоэлектрикиро дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд ва Сурхондарё бо иқтидори умумии 900 мегаватт анҷом дод. Дар ноҳияи Томдии вилояти Навоӣ навбати аввали неругоҳи шамол бо иқтидори 500 мегаватт сохта шуд.

Ба ғайр аз ин, дар вилоятҳои Бухоро ва Қашқадарё аз ҷониби “China Gezhouba Group”-и Чин сохтмони навбати якуми ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 1000 мегаватт анҷом ёфт.

Ҷолиби диққат аст, ки корҳои сохтмон дар мӯҳлати рекордӣ — ҳамагӣ дар зарфи нӯҳ моҳ анҷом дода шуданд.

Дар ин маросим сарвари давлатамон дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ ба истифода додан ва пайваст намудани иншооти нави энергетикӣ ба шабака оғоз намуд.

Ба сармоягузорон, муҳандисон ва бинокорон, ки дар татбиқи лоиҳаҳо саҳми калони амалӣ гузоштанд, миннатдории махсус баён карда шуд.

Дар натиҷаи пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин тарҳҳо, ки арзиши умумии онҳо 2 миллиард долларро ташкил медиҳад, ду миллион хонавода ба неруи барқ ​​дастрасӣ пайдо карда, 2 миллиард метри мукааб гази табииро сарфа намуда, ба маблағи 4 миллиард доллари ИМА маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ истеҳсол карда хоҳад шуд.

Президент зимни суханронии худ ба нақшаҳои ояндаи рушди минбаъдаи ин соҳа дахл кард.

– Корҳои азиме, ки мо имрӯз ба амал бароварда истодаем, қадами навбатӣ дар татбиқи ислоҳоти мо дар соҳаи энергетика мебошад. Мо ин тадбирҳоро пай дар пай идома дода, тадриҷан пурра ба механизмҳои самарабахши бозор мегузарем.

Ҳоло дар мамлакати мо лоиҳаҳои сохтани 22 нерӯгоҳи электрикии офтобӣ ва шамолӣ, ки иқтидорашон 9 гигаватт мебошад, кор карда мешавад. Шарикии самарабахшамонро бо ширкатҳои хориҷӣ минбаъд низ густариш медиҳем, – қайд намуд раҳбари Ӯзбекистон.

Дар маҷмӯъ, то соли 2030 иқтидори неругоҳҳои “сабз” то ба 27 гигаватт расонда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки ҳар сол 25 миллиард мукаабметр гази табиӣ сарфа карда, ба атмосфера баровардани 34 миллион тонна партовҳои моддаҳои зарарнок кам карда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: