Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

Дар ҳошияи нишасти Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон музокирот анҷом дод.

Сарони давлатҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Аҳамияти идомаи кори ҳамоҳангшуда, аз ҷумла дар чаҳорчӯби фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ҷиҳати афзоиш додани савдои мутақобила ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, электротехника, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо қайд карда шуд.

Ба васеъ гардондани равобити корчаллонӣ байни минтақаҳо ва табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Сарони Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамчунин ҷадвали баргузории чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: