УМРИ Ӯ ДАРАХТИ ТӮСРО МЕМОНД

Чанде пеш ба забонҳои русиву ӯзбекӣ китобе бо номи «Дарахтон то баҳор сарсабзанд», ки ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсии сиёсатмадори бузург, аз охирин роҳбарони даврони шӯравии Ӯзбекистон Рафиқ Нишонов бахшида шудааст, рӯйи чопро дида буд.

Инак, ҳамзабонони мо низ метавонанд аз ин китоб баҳраманд шаванд: хотираҳое, ки худи муаллиф ба журналистони номии Русия Марина Завада ва Юрий Куликов нақл кардааст, аз тарафи Аслиддин Қамарзода ва Тоҷибой Икромов ба тоҷикӣ тарҷума шуд, ки «Akademnashr»-и Тошканд бо 1000 нусха чоп кард. Муҳаррири китоб Раҳимҷон Султонов аст.
Китоб бе сабаб «Дарахтон то бӯрон сарсабзанд» номида нашудааст. Муаллифон умри қаҳрамони асарро ба дарахти тӯс нисбат додаанд, ки: «...то сардиҳои қаҳратун низ баргҳояшон намерезад ва ҳатто то тӯфонҳои шадид низ сарсабз мемонад. Онҳо мӯъҷизаанд. Чунин одамон ҳам ҳастанд. Ҳаёти ин дунёро ба сар бурдаанд, лекин то дами марг хубанду хубтаранд».
Рафиқ Нишонов умри дароз дид. Ӯ 15 январи соли 1926 дар деҳаи Ғазалкенти ноҳияи Бӯстонлиқи имрӯза ба дунё омада, 11 январи соли равон аз олами ҳастӣ чашм пӯшонд. Дар давоми ин умри бобаракот корҳои зиёдеро анҷом дод, ки мардум фазилатҳои неки инсонӣ, саховатпешагӣ, таҳаммулпазириву хайрхоҳии ӯро солҳои зиёд фаромӯш нахоҳанд кард. Инчунин, солҳое, ки Нишонов вазифаи роҳбарии  Ӯзбекистонро бар зимма дошт, барои миллатҳое, ки  дар ин сарзамин умр ба сар мебурданд, хайрхоҳиҳои  фаромӯшнашаванда кард. Аз ҷумла, ба воситаҳои ахбори оммавӣ, ба хусус ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ғамхориҳои зиёд кард, бо дастгирии ӯ дар чандин вилоят рӯзномаҳои тоҷикӣ ва дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ саҳифаҳои тоҷикӣ кушода шуда буданд.            
Дар китоб асосан хотираҳои Нишонов дар бораи Л. Брежнев, А. Громико, Ш. Рашидов, Е. Фурсева, М. Горбачёв, Е. Примаков, А. Яковлев, А. Собчак, С. Лавров, шоҳи Ӯрдун Ҳусейн, сарвазири Шри-Ланка С. Бандаранаика ва ғайра, ки бо тақозои фаъолияти сиёсӣ бо онҳо кор кардааст, нақл мешавад. 
Вақте бо воқеаҳои китоб якояк шинос мешавем, қаҳрамони ӯ ба назар ҳамчун нависандаи боистеъдод намоён мегардад. Масалан, дар тасвири табиати ватан ӯ ибораи «Бурҷимуллои заррин»-ро истифода бурдааст, ки бо ҳамин як ибора зебоиҳои ин макон ба назари хонанда пурра ҷилвагар мешавад... 
Ӯ ҳанӯз хурдсол асту барои кумак ба модар бо апааш Анор бо сатили пур об мекашонад, аз оби зулолу ширини зодгоҳ меошомад ва ба таърифи манзараҳои бетакрори силсилакӯҳҳои Тёншону Чотқол шурӯъ мекунад, ки гӯё хонанда ҳамаи онро навакак бо чашмони худ дида бошад.
Рафиқ Нишонов дипломати ҳақиқӣ буд, ки ин аз муносибатҳои ӯ бо роҳбарони Иттифоқи шуравӣ, Ӯрдуну Шри-Ланка ва бурдбориҳои  ӯ дар вазъиятҳои ҷиддии сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад.                
Хуллас, дар китоб воқеаҳои зиёди хонданибоб, аз ҷумла, сабаби ба вуҷуд омадани «кори пахта», рӯй ба харобӣ овардани баҳри Арал, таназзули Иттиҳоди Шуравӣ ва ғайра тасвир шудаанд, ки хеле мароқангез аст.

Набия НОДИРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: