РӮЗҲО МЕГУЗАРАНД...

Деҳаи Бурҷимулло яке аз деҳаҳои калонтарин ва хушобуҳавои ноҳияи Бӯстонлиқ ба шумор меравад.

Деҳаи Бурҷимулло яке аз деҳаҳои калонтарин ва хушобуҳавои ноҳияи Бӯстонлиқ ба шумор меравад. Мардуми меҳнаткаши он бо боғдорӣ, чорвопарварӣ, соҳибкорӣ ва дигар амалҳое, ки ба шароити русто мусоидат мекунад, машғул мебошанд. Кӯдакони деҳа дар мактаби миёнаи рақами 40-ум, ки рӯзгоре мактаби таълимаш пурра ба забони тоҷикӣ буд, таҳсил мегиранд. Мактаби мазкур чандин академику профессор, коркунони илм, шифокору соҳибкорони номиро таълиму тарбия намуда, ба камол расондааст. Аз ҷумла, Абдувалӣ Имомалиев – академик, Рисқалӣ Шоёқубов – доктори фанҳои биология, профессор, Ортиқалӣ Ҳакимов – академик, Тӯхтамурод Набиев – доктори фанҳои техникӣ, профессор, Убайда Файзиева – номзади фанҳои психология, Шопӯлод Бобоҷонов – доктори илмҳои физика-математика, Малик Кабиров – номзади фанҳои филология, Аҳмадҷон Маюсупов – номзади фанҳои биология ва дигарон сабақи аввалинро аз ҳамин мактаб гирифтаанд.
Мардуми ин деҳа мефахранд, ки адиби забардасти тоҷик Сотим Улуғзода фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби номбурда оғоз намудааст.
Хамкори мо — Гулҷаҳон Кабирова низ дастпарвари мактаби мазкур мебошад.
– Ин мактаб, ки чунин шахсонро ба забони тоҷикӣ таълим дода парвардааст, чӣ шуд, ки таълимаш ба дигар забон кӯчид? – мепурсем аз Гулҷаҳон.
– Ҳақиқатан ҳам мактаби деҳаи мо ҳам аз ҷиҳати таълим ва ҳам аз ҷиҳати тарбия миёни мактабҳои ноҳия пешқадам буд. Муаллимони ботаҷриба ва дониши пухтадошта сабақ медоданд. Миёни ин даҳсолаҳо чун дигар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ фаъолияти мактаби мо низ заиф гардид. Китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ба забони тоҷикӣ намерасиданд. Хирадманде барҳақ фармудааст:
Агар забон дар ҷойи худ истад, забон аст, в-арна нуктае зиёд ояд – зиён аст.
Он рӯзгор китобхонаи мактаби мо аз китобҳои бадеиву дарсӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо бой буд. Илова бар ин, хонандагон ба «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Маориф ва маданият», «Занони Тоҷикистон», «Машъал», «Садои Шарқ» ва нашрияҳои дигар обуна мешуданд.
Мутолиаи рӯзномаву маҷалла, китобхонӣ машғулияти беҳтарин ва писандидатарини ман буд. Падарам низ куҷое равад, албатта барои мо китобҳои наву хонданӣ меовард. Ҳамаи ин бетаъсир намонд. Меҳри бепоёни ман нисбат ба сухану суханварӣ буд, ки ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам. 
Овони донишҷӯӣ вохӯрӣ бо адибони тоҷик, ба монанди Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Сотим Улуғзода ва дигарон хотирмон буданд. Боре баъди шабнишинии адабии бахшида ба 80-солагии Ҳаким Карим Ҷамолхон Мурувватов маро бо нависандаи забардасти тоҷик Сотим Улуғзода шинос карда гуфт, ки «ин кас аз Бурҷимулло». 
– Рост аст, ки шумо фаъолияти омӯзгориатонро аз мактаби мо оғоз намудед? – аз вохӯрии ғайричашмдошт ба ҳайрат монда пурсидам аз устод Улуғзода. Устод баъди каме табассум ҳамкасбони собиқи худро ёд кард, номи якчанд ҳамдеҳагонро номбар карда пурсид, ки ҳоло онҳо чикораанд. Баъди ин суҳбат ба дилу дидаи мо наздик будани ин нависандаро бори дигар ҳис карда будам.   
Албатта, дур аз зодгоҳ, пазмонии падару модар ва хоҳарону додарон барои қаҳрамони лавҳаи мо хеле мушкил буд. Сабру таҳаммул ва иродаи қавиро пеша намуда, донишгоҳро бомуваффақият хатм кард. 
Ҳар дафъае, ки рӯзҳои таътил ба деҳа меомад, падари омӯзгораш (дертар раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳа) Қуронтой Кабиров ва модари меҳрубонаш Онаҷон Кабирова мегуфтанд, ки «духтарам, хон, илм омӯз, бо сари баланд ба деҳа баргард, мо бояд бо ту фахр кунем».
Муаллима фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби зодгоҳаш оғоз намуд. Муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор оид ба корҳои  маънавию маърифатӣ фаъолият бурд, таҷриба андӯхт ва ба қавле «солор» гардид.
Шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро гирифтанд. Моҳира Мирсамиева, Заҳро Акрамова, Раимбердӣ Ҳайитметов, Марҳабо Тошметова, Нигина Ҳайитметова, Зебо Нодирова, Сарвиноз Сулаймонова, Шуҳрат Шомуродов аз шогирдони муаллима мебошанд, ки касби омӯзгориро пешаи худ кардаанд.
Оилаи Гулҷаҳон Кабирова соли 2004 ба мақсади давом додани таҳсили фарзандон дар коллеҷ, ки он гоҳ дар деҳа коллеҷ набуд, ба шаҳр кӯчид ва ӯ фаъолияташро дар рӯзномаи «Овози тоҷик» давом дод.
То ба таҳририят ба кор омадан ходимони рӯзномаи «Овози тоҷик» аз ҷумла, Гулҷаҳон Кабироваро   ғоибона мешинохтем. Маводҳои навашро тавассути радио мешунидем. Оиди ҷараёни кор ва масъулияти ходимони рӯзнома сонитар, баъди ба ин ҷамоа ҳамроҳ шудан донистем.
Ҳар як мактуб ё мақолае, ки ба таҳририят меояд, аз қайд гузашта, барои таҳрир ба шуъбаҳо супурда то рӯйи чопро дидан дар назорати масъули мактубҳост. Қариб 20 сол аст, ки дар баробари хабарнигорӣ вазифаи шуъбаи хатҳо бар дӯши Кабирова мебошад. 
Муаллима дар оила низ фаъол аст. Бо ҳамроҳии шавҳараш Абдувалӣ Эшматов писарону духтаронро ба воя расонд, хононд, соҳиби касбу кор намуд.
Ҳар вақт, ки мағзи донакҳо-набераҳо дар гирду паҳлӯяш мегарданд, ба зиндагӣ дилгармтар мешавад, ширинии ҳаётро аз таҳти дил ҳис мекунад.
– Барои зан-модар бахти аз ҳама бузург чист? – мепурсем аз ҳамсуҳбатамон.
– Албатта, зиндагиро ба кадом роҳе, ки андозӣ мегузарад. Тинҷиву осудагии кишвар, муҳити созгори зиндагӣ, камолоти фарзандон бахти модарон аст. Инсон бояд бо чашми нек ба ҳаёт дида андозад. Зиндагӣ бо шебу фароз, талхию ширинӣ, ноомади кор, бурдбориҳо – хуллас, бо ҳамааш зебост, – мегӯяд Гулҷаҳон.
Мо ба ходими рӯзнома Гулҷаҳон Кабирова, ки имрӯз синни 60-ро пешвоз мегирад, сиҳату саломатӣ, комёбиҳои эҷодӣ ва хонаободӣ металабем!
Тавре ки шоир фармудааст:
Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо, аз дили 
мо мегузаранд.
Хабари соати дидору 
ҷудоӣ бар лаб,
Аз раҳи манзили мо 
мегузаранд,
Ба назар мо ҳама бояст 
 зи умр,
Судҳо бардорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз,
Боз ҳам бихраду солор 
шавем.
На чи дирӯза, ба як қоида 
такрор шавем...

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
Набия НОДИРОВА,
хабарнигорони 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: