САРДОБА ВА САРДОБАСОЗӢ

Работи Малик яке аз ёдгориҳои наҷиб дар таъриху фарҳанги асрҳои миёнаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин ёдгорӣ дар ривоҷу равнақи илму фан, санъатшиносӣ, меъморӣ аҳамияти хосеро касб мекунад.

Работи Малик яке аз ёдгориҳои наҷиб дар таъриху фарҳанги асрҳои миёнаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин ёдгорӣ дар ривоҷу равнақи илму фан, санъатшиносӣ, меъморӣ аҳамияти хосеро касб мекунад.
Корвонсаройи работи Малик аз шаҳри  Кармана  дар 18 километрии ғарби он, дар чӯли Малик бунёд ёфтааст. Он ба сифати яке аз кӯшкҳои бузурги давраи худ ғайр аз он ки таваҷҷӯҳи мардуми маҳаллиро ҷалб намояд, инчунин мавриди эътибори сайёҳони зиёди хориҷӣ низ қарор гирифтааст. Работҳо аз замони юриши арабҳо ба Шарқ барои дидбонӣ ва камингоҳи сарбозоне сохта шудаанд, ки аз вуруди душманҳо ҷилавгирӣ карда шавад. Работҳои аввалин дар асри VIII дар Хуросон пайдо шудаанд. Работи Малике, ки дар биёбони Малик сохта шудааст, дар Роҳи бузурги абрешим бунёд ёфтааст ва вазифаи конвонсарой-меҳмонхонаро адо намудааст. Он яке аз ёдгориҳои меъмории монументалӣ дар Осиёи Миёна низ маҳсуб меёбад. Вай ғайр аз иҷро кардани вазифаи корвонсарой, ҳамзамон ба сифати истеҳкоми сарҳадӣ низ истифода мешудааст.
Инчунин дар миёни Кармана ва Тавоис работи Малик вазифаҳои зиёдеро низ бар ӯҳда доштааст ва аз он роҳгузарҳо истифода мекардаанд. Работи Малик дар байни солҳои 1069-1079 сохта шудааст.  
Работи Маликро аз чаҳор тараф ҳавлӣ ва хона-ҳуҷраҳо иҳота намудаанд. Ба он аз пештоқи дарвозае ворид мешаванд, ки дар тарафи ҷануби он воқеъ гаштааст. Дарозии деворҳои кунгурадори берунаи бино наздики 100 метр буда, баландии он 12 метрро ташкил мекунад. Баландии деворҳои он шаҳодат медиҳад, ки хонаи паси он дуошёна мебошанд. Дар миёни работ пештоқи бузург ҷой гирифтааст ва баландии он 18 метр, арзи он 12 метрро ишғол намудааст
Дар солҳои чилуми асри XIX работи  Малик ба ҳолати хароба табдил ёфтааст. То он замон вай барои корвони чопарҳои султону хонҳо ва қӯшунҳои ҳарбӣ, савдогароне, ки аз Роҳи бузурги абрешими водии Зарафшон мегузаштанд, инчунин сайёҳон як истгоҳи ҷолибу зебо ва анбор шумурда мешуд. Дар он савдогарон ва хидматкорони онҳо, посбонҳо истироҳат мекарданд. Корвониён маҳз дар ҳамин ҷо об, яроқу аслиҳа ва озуқаи ҳайвонҳои худро захира менамудаанд ва ба роҳ мебаромадаанд.
Ба таъкиди таърихнигорону бостоншиносон, аз ҷумла олими рус И.Умняков дар девори работи Малик ҳамаи навиштаҷот ба форсӣ-тоҷикӣ будааст. 
Дар дохили корвонсарой тавассути лӯлаҳои сафолин аз сардоба об гузаронида шудааст ва ин обро мусофирон истеъмол мекардаанд. Гуфта мешавад, дар работи Малик ҳунармандони маҳаллӣ низ бо тоҷирони кишварҳои гуногун маҳсулоти заргарӣ, зебу зинат ва мармари худро ба фурӯш расонида, аз онҳо молу маводи мавриди эҳтиёҷи мардуми худро мехаридаанд. Дар охирҳои асри ХVI ин работ яке аз зеботарин манзили тоҷирону мусофирон маҳсуб меёфтааст.
Дар солҳои нахустини касби истиқлол як гурӯҳ тадқиқотчиён таҳти сарварии Н.Немсева ва М.Хушназаров сиккаҳои даврони салтанати Амир Темурро ба даст овардаанд ва анбори сарду салқини пур аз захираҳои маҳсулоти хӯроквориро пайдо кардаанд. 
Дар тарафи ҷанубӣ-ғарбии работи Малик обанбори “Сардоба” ёфт шудааст, ки аз оби он сайёҳон ва мусофирон, ҳамзамон уштурҳо ва аспҳои онҳоро бо об таъмин мекардааст. 
Он аз хишти пухта сохта шудааст ва дар вақтҳои танқисии об маҳз мардуми зиёдро бо оби ошомиданӣ таъмин мекардааст. Сардобаҳо дар таърих, аз як тараф, ҳавзе тасниф шудаанд, ки обро хунуку тоза нигоҳ медоранд ва ба ифлос шудани он роҳ намедиҳанд.   
Аз тарафи дигар, ба сифати анбори зеризаминии об дар суратҳои зарурӣ, аз ҷумла зимни юришҳои низомӣ қӯшунҳо ва ҳайвонҳои онҳоро бо об таъмин мекардааст. Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки девори сардоба шакли силиндр ё давраиро гирифта, ғафсии он 1,5 метр. Ба ин сардоба аз даре ворид мешудаанд, ки дар тарафи шимоли он воқеъ гаштааст. Об дар ҷуқурӣ буда, ба он тавассути зинаҳо мефаромадаанд. Ин кор танҳо аз ҷониби шахсоне метавонистааст анҷом дода шавад, ки ҳаққи ба ҳавзи он даро-баро карданро доштаанд. 
Барои он ки оби сардоба ҳамеша тоза нигоҳ дошта шавад, тарафи пеши он бо девори баланд иҳота гирифта шудааст. Барои шахсоне, ки тоза нигоҳ доштани ин об бар дӯши онҳост, утоқҳои алоҳида ҷудо карда шудааст. Сардобаи работи Малик яке аз иншооти нодири ҳамон замон маҳсуб меёбад. Гуфта мешавад, ки оби ин ҳавз дар байни шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ягона оби ҳаёт барои мусофироне мебошад, ки тавассути биёбон худро аз як манзил ба манзили дигар мерасониданд. 
Ҷойгиршавии сардоба аз нигоҳи ҷуғрофӣ аҳамияти хосеро касб намудааст. Дар фасли баҳор оби барфу борон аз нишеманҳои атроф ҷорӣ шуда, дар шафати сардоба ҷамъ мешудааст, баъд ба воситаи тарновҳо ба охурҳо рафта, чорво аз оби он мехӯрдааст.
Тавре ки дар маълумотҳои таърихӣ сабт шудааст, дар қаламрави Мовароуннаҳр 44 сардоба мавҷуд будааст. 
Солҳои 1841-1842 таърихнигор А.Леман дар бораи работи Малик ва сардобаи он чунин навиштааст: “Сардобаи работи Малик гунбази баланди аҷоиб дошта, аз болои он ба дохили сардоба равшанӣ медарояд, нисфи бино дар зери замин сохта шудааст, ин ҷо барои сайёҳон манзили будубош ва аз сардиву боди сахт нигоҳдоранда низ мебошад”.
Сардобаҳо аз рӯи мавқеи ҷуғрофиашон мувофиқи релеф дар чунин ҷойҳо бунёд ёфтаанд, ки оби барфу борон ва чоҳҳо ва чашмаҳо бевосита ба он рафта мерезанд. Пеш аз он ки сардобаҳо сохта шаванд, ба ин ҷиҳатҳо аҳамият дода мешудааст ва интихоби ҷой низ аҳамияти муҳимеро касб менамудааст. Чунки сардобаҳо маҳз аз оби барфу бороне пур карда мешудааст, ки аз нишеманҳо ба тарафи он ҷорӣ мешудаанд.  Он барои таъмини мардуми шаҳр ва деҳот сарчашмаи оби асосӣ низ маҳсуб меёфтааст.     
Тавре ки М. Массон дар китоби “Муаммоҳои омӯзиши сардобаҳо” навиштааст, сардоба дар вилояти Навоӣ, ки  дар назди корвонсаройи работи Малик бунёд ёфтааст, аз тарафи Шамсулмулк эъмор гардидааст. 
Соли 2004 сардобае, ки дар Кармана бунёд ёфтааст, бозсозӣ шуда, атрофи он иҳота гирифта шудааст ва ба ҳолати аввалаи хуб баргаштааст. Ин сардоба намунае аз сардобасозиҳое муаррифӣ шудааст, ки наслҳои баъдӣ ба воситаи он аз таърих ва фарҳанги наслҳои қадимаи мо огаҳӣ хоҳанд ёфт. 

Дилафрӯз МУСТАФОЕВА,
ходими осорхонаи давлатии таърих 
ва фарҳанги
 вилояти Навоӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: