Ширкати "Cengiz Holding" нақшаҳои нави тавсеаи тиҷорат дар Ӯзбекистонро муаррифӣ кард

  • Ширкати
  • Ширкати
  • Ширкати
  • Ширкати
  • Ширкати
  • Ширкати
  • Ширкати
  • Ширкати

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 август ҳайати ширкати туркии «Cengiz Holding»-ро таҳти сарварии раиси раёсат Меҳмет Ҷенгиз ба ҳузур пазируфт.

Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба рушд ва таҷдиди соҳаҳои иқтисодиёти кишварамон баррасӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки бо иштироки ин холдинги серсоҳаи пешбари Туркия дар Ӯзбекистон ду лоиҳа бомуваффақият анҷом ёфт – дар вилоятҳои Тошканд ва Сирдарё неругоҳҳои замонавӣ бо иқтидори умумии 460 мегаватт ба истифода дода шуданд.

Дар мулоқот ба Сарвари давлатамон дар бораи фаъолияти ин иншооти энергетикӣ муфассал маълумот дода шуд.

Илова бар ин, Президенти Ӯзбекистон дар вилояти Ҷиззах ба сохтмони боз як неругоҳи барқӣ бо иқтидори беш аз 500 мегаватт шурӯъ кард.

Ширкати «Cengiz Holding» инчунин нақшаҳои татбиқи лоиҳаҳои навро ба маблағи беш аз 5 миллиард доллар муаррифӣ кард.

Таҷдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгард ва нақбҳо, гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ ва азхудкунии конҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок, идоракунии инфрасохтори энергетикӣ бо шартҳои шарикии давлатию хусусӣ аз ҷумлаи онҳост.

Раҳбари Ӯзбекистон барои ҳарчи зудтар омода кардан ва татбиқи ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои ояндадор бо иштироки сармоягузори турк супоришҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: