СИМОИ ҶАЛОЛУДДИН ДАР АДАБИЁТИ ҶАҲОН

Ки гар фарзанд бошад, бошад ин сон! Чингизхон

Ки гар фарзанд бошад, бошад ин сон! Чингизхон

Ҷалолуддин Муҳаммади Мангубердӣ аз он симоҳои барҷастаи Хоразмшоҳиён аст, ки номи худро бо шуҷоату ватандӯстӣ, садоқату ҷавонмардӣ, хоссатан, бо муборизаҳои фидокоронааш алайҳи истилогарони Чингиз дар сафаҳоти таърих  сабт кардааст. Ӯ соли 1199 дар хонаводаи Хоразмшоҳ  Алоуддин Муҳаммади дувум (1169-1220) таваллуд шуда, пас аз фавти падараш дар соли 1220 ба тахти шоҳӣ нишаст. Даҳ сол қаламрави паҳновари  Хоразмшоҳиёнро бо адлу дод ва раиятпарварӣ идора намуда, дар пешрафти илму фарҳанг, иқтисод ва дигар соҳаҳои ҳаёти мардум саҳми сазовор гузошт. Аксари таърихнависон ӯро намунаву мисоли мубориза алайҳи Чингизхон –  хатарноктарин душмани башарият дар садаи  XIII ва қаҳрамони муқовимат бар зидди муғулони ғоратгар дар он даврон мешуморанд. Ҷадди  (бобои) ӯ  аз  тарафи падар  Алоуддин Абӯ-л-Музаффар Хоразмшоҳи Такаш (1172 - 1200) аз дудмони   Анӯштегинҳо буд, ки бо илмдӯстӣ,  адлу раиятпарварӣ, садоқату шуҷоат шуҳрат доштанд. Сарчашмаҳои таърихӣ ҳикоят мекунанд, ки Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ (тав. 30-сентябри соли 1207, Балх — ваф. 17-декабри соли 1273, Туркия), ки ба Румӣ шуҳратёр  ва соҳиби “Маснавӣ”-и оламшумул аст,  набераи аммаи Ҷалолуддин Мангубердӣ (дар баъзе нусхаҳо “Мангбурнӣ”) будааст.
Дар сирату сурати  Султон Ҷалолуддин Мангубурнӣ муаррихону адибони шинохта мисли Ҷувайнӣ дар “Таърихи ҷаҳонкушой”  (таълиф дар соли 658-и қ.), Ибни Асийр  (555-630 қ.) дар асари “Таърихи комил”,  Муҳаммад ибни Аҳмади Насавӣ (муншии якумрии Ҷалолуддин) дар китоби “Сийрати Ҷалолуддин Мангубердӣ” ва дигарон иттилооти  таърихию мустанад дар ихтиёри мо гузоштаанд. 
Бадеҳист, ки  муаррихон бештар ба ҷузъиёти зиндагӣ  ва ҷангҳои Ҷалолуддин пардохтаанд ва муншии ӯ Насавӣ  ҳама вақоеву ҳаводиси зиндагии султонро дар тӯли 10-15 соли охири  зиндагияш бо тамоми ҷузъиёт, бидуни каму кост ба риштаи тасвир кашидааст. Муаррихи дигар, ки асноди таърихиро бо ҳунари адабӣ ва ё бадеӣ баён мекунад ва дар таърихномааш ашъореро низ дар васфи ӯ меорад, Ҷувайнист: “... Чун (Ҷалолуддин) дид кор танг шуд...  Султон авлоду акбодаш (пайванду наздиконаш)-ро  бо диле бирён ва чашме гирён   видоъ кард ...  Асп дар об  андохт ва бар мисоли шери ғаюр  аз  Ҷайҳун (дарёи Синд ҳам гӯянд)  убур кард...  Чингизхон  ва  тамомати (ҳамаи) муғулон  шигифтзада  даст бар даҳон  ниҳоданд  ва Чингизхон чун он ҳоли Ҷанганда (ва ба талқини устод С. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» “Ҷанганда”  бо мурури замон шакли  “Ҷангара”- ро ҳам ба худ касб кард)  мушоҳидат кард,  рӯй ба писарон оварду гуфт: “Аз  падар  писар  мисли  ӯ  бояд!” (Ҷувайнӣ, “Таърихи ҷаҳонкушой”, с. 142).
Ривоятҳои маҳз  таърихӣ, сарфи назар аз он, ки аз ривоятҳои адабӣ-ҳамосӣ муътамадтару боварибахштаранд, дили одамро ба сабаби  якнавохтӣ, камрангӣ, фошгӯйӣ ва то андозае дуруштбаёнӣ танг мекунанд, мегиранд, хонандаи озодро дилгир намуда, гоҳе ҳам мегурезонанд. Ва агар ҳаводиси таърихӣ аз забони адиби таърихпажӯҳ  баён гардад, дилчасп, ҷаззоб, ҷолиб ва бо орояҳои адабӣ пироста мешавад ва  дар дилу хотир нақш  мебандад. Аз ин сабаб дар ин бахш аз гуфторамон мо бештар ба сарчашмаҳои таърихӣ-адабӣ  иттико  варзидаем, на манобеи сирфан таърихӣ. Зеро ки таърихномаҳои адабӣ-таърихӣ, ки бидуни шакк баёни ҳамон  вақоеъ, рухдодҳои мушаххаси таърихӣ буда, бо диди адиб ҷомаи алфоз мепӯшанд,  бар иловаи дилчаспу хоно будан ва харидори зиёд доштан, ҷанбаи муассири мусбати ахлоқӣ-тарбиявӣ низ доранд. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, қасоиди Рӯдакӣ, «Бӯстон», «Гулистон»-и Саъдӣ, «Қобуснома»-и Низом ул-мулк, “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлонои Балхӣ, «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (хосса «Баҳористон»)  ва ғайра, дар баробари ба риштаи назму наср кашидани воқеае, саргузаште,  намунаҳои беҳтарини дарси ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, пиндору гуфтору кирдори нек, садоқату вафо, шуҷоату далерӣ, адолату инсондӯстӣ, раиятпарварӣ  маҳсуб мешаванд.  
Симои  дурахшони Ҷалолуддини Хоразмшоҳ, набарду муқовиматҳояш баҳри озодию истиқлоли Ватан дар осори муаррихону адибони гузаштаву муосир гоҳе Рустами дастон ва гоҳе Шерак, гоҳе Спитамен ва гоҳе  Муқаннаъ, гоҳе Темурмалик ва аҳёне Гераклро ба ёд меорад  ва дар дили мо, хоссатан навҷавонон тухми муҳаббат ба модар, Ватан, садоқат ва самимият ба кору заҳмат, шуҷоату пойдорӣ дар муқобили мушкилотро мекоранд.
Тавре ки ишора шуд, дар ситоиши қаҳрамониву диловариҳо, ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва истодагию муқобилатҳои  Ҷалолуддин Мангубердӣ баҳри ҳифзи сарзамин, асолати маънавии хеш  китобу рисолаҳои зиёде навишта шуда, дар назму насри форсию туркӣ ва қасоиди арабӣ, чун рамзи фидокорию ҷасорат, миҳанпарастӣ медурахшад. Ин нукта низ барои мо, хоссатан барои соҳибқаламони мо  ибратомӯз хоҳад буд, ки беш аз ҳафтод сол дар мадрасаву мактабҳои миёнаи Эрон мактаббачагон чакомаи зебои “Дар амвоҷи Синд” (аз  Ҳамидии Шерозӣ)-ро, ки ба диловарию ватанпарастии Ҷалолуддин Мангубердӣ бахшида шудааст, чун мавзӯи алоҳида мехонанд ва аз ёд ҳам мекунанд... :
Ба машриқ  синамолон  қурси 
хуршед,
Ниҳон мегашт пушти кӯҳсорон.  
Фурӯ мерехт  гарде заъфаронранг, 
Ба рӯйи найзаҳову найзадорон...
Зи ҳар сӯ бар  саворе ғалт 
мехӯрд,
Тани  сангини асбе тирхӯрда...    
Ба зери  бора менолид аз дард,
Савори захмдори ниммурда...
Вақте Чингизи аҳриманхӯй  бо лашкаре анбӯҳ ба Хоразм ҳуҷум мекунад, Ҷалолуддин бо даъвати ин розгӯи дил алайҳи душман бармехезад ва саворону пиёдагонашро бад-ин нидои бархоста аз аъмоқи замираш бармехезонад: 
Шабе  омад, ки  мебояд 
фидо кард,  
Барои мамлакат фарзанду занро.
Ба пеши  душманон  истоду 
ҷангид,
Раҳонд аз банди Аҳриман  
Ватанро!
Бубинед, воқеан дар ин чаҳор мисраъ беҳтарин, пурмуҳтавотарин ва аз ҳама асосӣ – соддатарин ва муъҷазтарин  хушсуханоне дар ситоиши Ватану ватандӯстӣ, футуввату ҷоннисорӣ...  баён гардидааст. Агар ин қитъа ба ҳама забонҳои бани Одам тарҷума  мешуд, шиоре, даъвате  дар садоқату ватандӯстӣ мегашт ва бо хатти зар дар дилҳо нигошта мешуд.
Қасида басо ҷаззоб, муассир, бо ийҳому истиороти дилпазир, ташбеҳоту таҷнисот,  орояҳои лафзию маънавӣ  ороставу пироста  гардида, филми ҳуҷҷатии рангорангеро мемонад, ки саршор аз задухӯрдҳои далерона, мушткӯбию ханҷарзаниҳо, шиновариву аспсаворӣ, фидокорию ҷонбозиҳо баҳри ҳимояту озодӣ ва истиқлолияти  Ватан аст. 
Ҷалолуддин даҳ сол пайваста Чингизро ба мағлубиятҳои мухталиф пайваста дучор намуда, роҳи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи ӯро ба мулкҳои Русу Урупо мебандад. Иншоаллоҳ ба ин мавзӯъ, ки басо муҳим аст, боз  руҷӯъ хоҳем кард, вале баҷост чанд байти дигари ин қасидаи 32 байтиро, ки аз забони Чингизи малъун пас аз мағлубияти аввалин ва фирораш,  дар ситоиши чусту чолокӣ, аспрониву теғзании Ҷалолуддин дар корзор гуфта мешавад, нақл кунем ва ба ин бахши сухан ҳусни хотима бахшем:
Чу бигзашт  аз паси он ҷанги 
душвор, 
Аз он  дарёи бепоёб  осон.  
Ба фарзандону ёрон гуфт  
Чингиз: 
Ки гар фарзанд бошад, бошад 
ин сон!
Бале, Чингизу чингизиён, пас аз дидани шиддати  ҳуҷум, чусту чолокӣ, найзаву шамшерзаниҳои Ҷалолуддин дар ҷанг, шигифтзада мешаванд... Аз тарс ақибнишинӣ намуда, сипас роҳи гурезро пеш мегиранд.  Дар он тарафи Ҷайҳун Чингиз зуд эълон мекунад, ки тамоми лашкар, ҳатто занону  фарзандонаш дар гирди ӯ  ҷамъ шаванд. Чун издиҳоми лашкари хуношом  ва  мағлубгардидаи Чингизхон – маҷруҳу шикастарӯҳ — дар дили  дашти паҳновар  гирди ӯ  ҷамъ мешаванд, бонге баланду бимнок мезанад ва бо аламу хашму ғазаб  мегӯяд: “Агар  касе  фарзанд ёбад, бояд  ин сон” (яъне мисли  Ҷалолуддин бошад!).

Файзхоҷа  МАҲМУДОВ, нусхашиноси Донишкадаи таърихи АИ Ӯзбекистон.                          Машҳура ДАРМОНОВА, Донишкадаи таърихи АИ Ӯзбекистон, 
доктори илмҳои таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: