СОҲАҲОИ БУЗУРГИ САНОАТ БА ДРАЙВЕРҲОИ ИҚТИСОДИЁТАМОН ТАБДИЛ МЕЁБАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 август ба мақсади шиносоӣ бо ба кор даровардани иқтидорҳои нави бузурги саноатӣ, кори корхонаҳои амалкунанда ва мулоқот бо аҳолӣ ба вилояти Навоӣ ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 август ба мақсади шиносоӣ бо ба кор даровардани иқтидорҳои нави бузурги саноатӣ, кори корхонаҳои амалкунанда ва мулоқот бо аҳолӣ ба вилояти Навоӣ ташриф овард.
Дар арафаи 30-солагии истиқлолияти кишварамон дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ нахустин нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.
Имрӯз ашёи хоми карбогидрид, асосан ангишт, нафт ва газ ба сифати манбаъҳои тавлиди энергия васеъ истифода мешаванд. Аммо захираҳои онҳо маҳдуд мебошад. Аз ин рӯ, дар мамлакатамон манбаъҳои барқароршавандаи энергия инкишоф меёбанд. 
Чи хеле ки маълум аст, Ӯзбекистон дар як сол ба ҳисоби миёна 320 рӯзи офтобӣ дорад. Бинобар баҳои коршиносон аз ҳисоби сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ дар мамлакат дар маҷмӯъ 600 миллиард киловатт соат нерӯи барқ тавлид кардан мумкин аст, ки 8 маротиба аз эҳтиёҷоти умумии Ӯзбекистон зиёд аст.
Маҳз аз ин рӯ, сармоягузорони хориҷӣ ҷалб карда мешаванд, бисёр нерӯгоҳҳои офтобӣ сохта мешаванд. Нерӯгоҳ дар ноҳияи Кармана аввалини онҳост.
Сохтмони маҷмӯъ соли гузашта оғоз ёфта буд. Дар ҳаҷми 110 миллион доллар сармоя аз худ карда шуд ва 300 ҳазор панелҳои офтобӣ насб карда шуданд. Иқтидори  нерӯгоҳ 100 мегаваттро ташкил медиҳад.
– Ин нерӯгоҳ аввалин қадами бузург аст, гуфтан мумкин аст, ки аввалин фароштуруки низоми нави энергетикии Ӯзбекистон, ки оғози марҳилаи комилан нав дар рушди соҳа мебошад. Он дар як сол 252 миллион киловатт-соат қувваи электр истеҳсол хоҳад кард. Ин имкони сарфа намудани 80 миллион метри мукааб гази табиӣ ва пешгирии партофтани 160 ҳазор тонна газҳои гулхонаиро ба атмосфера фароҳам меорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Лоиҳа, ки номи «Nur Navoi Solar»-ро гирифтааст, аз ҷониби ширкати Masdar-и Аморати Муттаҳидаи Араб татбиқ мегардад. Президент сол аз сол ривоҷ ёфтани ҳамкориро бо ин мамлакат алоҳида таъкид намуд.
Дар танҳо соҳаи энергетикӣ якҷоя бо Аморати Муттаҳидаи Араб 6 лоиҳаи иқтидораш 1,7 ҳазор мегаватт ба маблағи қариб 1,5 миллиард доллар татбиқ мегардад. Аз ҷумла, дар соли 2023 дар вилояти Навоӣ якҷоя бо Masdar нерӯгоҳи барқии бодии иқтидораш 500 мегаватт, инчунин, нерӯгоҳи офтобии иқтидораш 200 мегаватт бо иштироки Phanes group сохта хоҳад шуд.
Сарвари давлат ба сармоягузорони хориҷӣ ҳамаи сохтмончиён ва мутахассисоне, ки дар сохтмони нерӯгоҳи офтобии барқӣ иштирок кардаанд, миннатдорӣ изҳор намуд.
Муҳимияти ин нерӯгоҳ дар он аст, ки он барои эҳтиёҷоти афзояндаи аҳолӣ ва саноат бо нархи дастрас 2,67 сенти ИМА барои як киловатт-соат нерӯи устувор таъмин хоҳад кард.
Ҷанбаи дигари муҳим дар он аст, ки ба шарофати чунин лоиҳаҳо дар кишвари мо самтҳои нави истеҳсоли хатҳо ва технологияҳои замонавӣ пайдо мешаванд.
Аз ҷумла, барои бунёди ин нерӯгоҳ таҷҳизоти барқӣ аз корхонаи «Ӯзэлектроаппарат», кабелҳо аз «Ӯзбеккабел», низоми НРС, сутунҳои такягоҳӣ аз заводи конструксияҳои металлии Бектемир ворид карда шуданд.
Умуман, чунин лоиҳаҳои калонҳаҷм ба офаридани бозор барои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар як сол на камтар аз 1 миллиард доллар, инчунин ташаккули кластери электротехникӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин кластер истеҳсоли панелҳои офтобӣ, маҳсулоти кабелӣ, трансформаторҳо, аккумуляторҳо, муҳаррикҳои электрикӣ, генераторҳо ва таҷҳизоти асосиро барои нерӯгоҳҳои барқии бодии маҳаллӣ гардондан мумкин аст. Ин маънои созмон додани ҳазорҳо ҷойҳои нави кориро дорад.
Иқтисодиёти мамлакати мо бо суръати тез тараққӣ мекунад, ҳиссаи саноат дар сохтори он афзун мегардад. Дараҷаи зиндагии аҳолӣ торафт баланд шуда, истифодаи электротехника меафзояд. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир шумораи соҳибкороне, ки нерӯи барқ истеъмол мекунанд, 25 фоиз ва ҳаҷми истеъмоли онҳо 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
Президент, инчунин нақшаҳои рушди иқтисод, аз ҷумла сектори энергетикаро муайян намуд.
– Дар панҷ соли оянда мо нақша дорем, ки суръати рушди иқтисодиро 1,5 баробар зиёд гардонда, ММД-ро ҳадди ақалл ба 100 миллиард доллар расонем. Ба ин муносибат ҳазорҳо корхонаҳои нави саноатии миёнаҳаҷм ва калон ба кор медароянд ва талабот ба нерӯи барқ ба 100 миллиард киловатт соат мерасад. Ин назар ба ҳозира 30 миллиард киловатт соат зиёд аст. 
Аз ин рӯ, мо барои татбиқи ислоҳот ва лоиҳаҳои нав дар соҳаи электроэнергетика нақшаҳои хеле калон дорем. Хусусан дар панҷ соли оянда 19 лоиҳа ба маблағи 6,5 миллиард доллар оид ба созмон додани иқтидорҳои нави 11,5 ҳазор мегаваттдор ба кор андохта мешаванд. То соли 2030 ҳиссаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар истеҳсоли нерӯи барқ аз 30 фоиз зиёд хоҳад шуд. Барои интиқоли қувваи барқ ба минтақаҳо 3 ҳазор километр хатҳои нави интиқоли барқи шиддаташ 500 ва 220 киловатт кашида мешаванд, – гуфт сарвари давлат.
Баробари ин имрӯз 66 шабакаи пастшиддат, 74 фоизи зеристгоҳҳо ва беш аз 50 фоизи нуқтаҳои трансформаторӣ кӯҳна шудаанд. Ба ин муносибат дар панҷ соли наздик 70 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи пастшиддат, 22 ҳазор трансформатор ва зиёда аз 100 зеристгоҳҳо навсозӣ карда мешаванд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ бобати ба вуҷуд овардани занҷири ягонаи энергетикӣ, васеъ гардондани ҳамкорӣ дар ин соҳа кор пеш мебаранд. Сарвари давлат қайд кард, ки бо ин мақсад дар соҳаи нерӯи барқ лоиҳаҳои муштарак амалӣ карда шуда, шабакаҳои магистралии иловагӣ сохта мешаванд, ки системаҳои энергетикии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозанд.
Пас аз ин, Президент Шавкат Мирзиёев дастдораги корандозиро пахш карда, нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобиро ба кор даровард.
Муҳандисон ва сохтмончиён дар ин чорабинӣ ҳузур дошта, намояндагони маҳаллии насли калонсол ва ҷавонон, инчунин сармоягузорони хориҷӣ дар бораи аҳамияти сохтмони нав изҳори назар карданд.
Сипас Президент Шавкат Мирзиёев  ба ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» ташриф овард. Дар ин ҷо маросими ба кор андохтани ду корхонаи истеҳсоли кислотаи азотӣ, инчунин аммиак ва карбомид баргузор гардид.
Саноати кимиё ба яке аз драйверҳои асосии иқтисодиёти мо табдил меёбад. Пештар соҳа барои кишоварзӣ асосан нуриҳои минералӣ истеҳсол мекард ва ҳиссаи чунин маҳсулот тақрибан 80 фоизро ташкил медод. Имрӯз аз ҳисоби истеҳсоли полимерҳои замонавӣ ҳиссаи нуриҳои минералӣ 10 фоиз кам шуда, ҳаҷми маҳсулоти таъиноти дигар 6 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар давоми панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсолот дар низоми «Ӯзкимёсаноат» 4 маротиба афзуда, содироти маҳсулоти кимиёвӣ ба 250 миллион доллар расид.
Дар ин нақши ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» калон аст. Он тақрибан нисфи истеҳсоли маҳсулоти кимиёвиро ташкил медиҳад, дар ин ҷо қариб 9 ҳазор муҳандис, технолог ва коргар кор мекунанд. Заводҳои ба кор андохташудаи истеҳсоли кислотаи азотӣ, аммиак ва карбомид ба рушди соҳа такони иловагӣ мебахшанд. Татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 1,5 миллиард доллар ҳаҷми истеҳсолотро дар «Навоиазот» 3 маротиба – аз 150 миллион то 410 миллион доллар дар як сол афзоиш медиҳад.
Ин маҷмӯъҳои замонавӣ, ки бо технологияҳои пешқадамтарини бори аввал ба Ӯзбекистон овардашуда муҷаҳҳаз гардонда шудаанд,  дар қатори дигар объектҳои кӯҳнаи корхонаи шастсоларо пурра иваз мекунад.
Аз ҷумла, корхонаи аввал соле 660 ҳазор тонна аммиак ва 578 ҳазор тонна карбомид истеҳсол мекунад. Дар баробари ин сарфи энергия ба истеҳсоли як тонна аммиак 2,5 баробар коҳиш меёбад.
Корхонаи дуюм дар як сол 500 ҳазор тонна кислотаи азотӣ истеҳсол мекунад ва истеъмоли нерӯи барқро 18 маротиба коҳиш медиҳад.
Танҳо ин ду лоиҳа арзиши аслии нуриҳои азотиро 30 фоиз коҳиш медиҳад.
– Дар паси рақамҳо кори душвор ва ҳамзамон шарафноки ҳазорон коргарони меҳнатдӯст, фидокори корхона, мутахассисони баландихтисос ниҳон аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев ва ба ҷамоаи коллектив миннатдорӣ изҳор кард.
Сарвари давлат бо пахши тугмаи рамзӣ дар корхонаҳо истеҳсоли кислотаи азотӣ, аммиак ва карбомидро ба роҳ монд.
28 декабри соли 2019 дар ин ҷо маҷмӯи истеҳсоли поливинилхлорид, содаи каустикӣ ва метанол ба кор дароварда шуда буд.
Имрӯз сохтмони навбатии дуюми заводи истеҳсоли поливинилхлорид оғоз ёфт. Лоиҳаи арзишаш 400 миллион доллар соле иқтидори истеҳсоли поливинилхлоридро аз 100 ҳазор то 200 ҳазор тонна, содаи каустикӣ – аз 75 ҳазор то 165 ҳазор тонна зиёд мегардонад. Ҳамин тариқ истеҳсоли маҳсулоти серхаридор дар ҳаҷми 210 миллион доллар дар як сол дар саноати электротехника, мебел, сохтмон, кимёи маишӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда мешавад. Баҳрабардории он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин муҳим аст, ки дар асоси корхонаи мазкур дар пойгоҳи «Навоиазот» ва заводи электрокимиёвӣ бунёди комбинати калони кимиёвию технологӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлатамон иқтидор ва пешомади иттиҳодияи мазкурро таъкид кард.
– Дар ин кластер дар солҳои наздик 23 лоиҳа ба маблағи 3,4 миллиард доллар амалӣ хоҳад шуд. Дар кластер 33 намуди маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд истеҳсол карда мешавад. Аз ҷумла, то охири сол кластер ду лоиҳаи истеҳсоли маҳсулотро барои саноати кимиё, чарм, мебел ва масолеҳи сохтмонӣ оғоз мекунад. Аз ҳама муҳимаш, дар ин замина дар «Навоиазот» зиёда аз 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, – гуфт Президент.
Лоиҳаҳои иқтисодӣ дар кишвари мо ба принсипҳои ҷойгиркунии оқилона ва мукаммал асос ёфтаанд. Ҳамин тариқ то соли 2030 сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 8 ҳазор мегаватт ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол 5 миллиард метри мукааб гази табииро сарфа мекунад. Ин газ барои истеҳсоли маҳсулоти  арзиши иловагиаш баланд истифода мешавад.
Пештар мо асосан пахта ва газ мефурӯхтем, ҳоло мо ба хориҷ намефурӯшем, балки худамон аз нав кор мекунем. Мо ҳатто ҳангоми зарурат харидорӣ мекунем. Чаро? Корхонаҳо зиёд мешаванд, бештар маҳсулот истеҳсол мекунанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба ин муносибат дар солҳои наздик ташкил намудани 6 кластери кимиёвию технологӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аввалинаш кластер дар «Навоиазот» гардид.
Кластери дуюм дар вилояти Бухоро воқеъ гардида, аз гази табиӣ истеҳсоли полиэтилентерефталат (ПЭТ), поливиниласетат (ПВА), полипропилен ва дигар полимерҳоро ба роҳ мемонад. Дар он ҷо даҳҳо корхонаҳои замонавӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бунёд карда мешаванд.
Кластери сеюм дар пойгоҳи маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан ва заводи нуриҳои калийдори Деҳқонободи вилояти Қашқадарё сохта мешавад. Он ҷузъҳои  асосии воситаҳои шустушӯй ва кимиёи маишӣ, полиэтилени биомодалӣ ва дигар молҳоро истеҳсол хоҳад кард.
Кластери чорум дар пойгоҳи «Фарғонаазот» барои саноати бофандагӣ лак, меламин, мебел ва нахҳои синтетикӣ истеҳсол мекунад.
Кластери панҷум дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, дар Устюрт ҷойгир хоҳад шуд. Дар ин ҷо истеҳсоли содаи хокистар, поливинилхлорид, полиэтилен ва полипропиленро ташкил мекунад.
Кластери шашум дар вилояти Тошканд фосфати моноамонӣ, карбомиди сулфур, нуриҳои минералии дигари фосфорӣ ва митрогенӣ, протеин ва воситаҳои шустушӯйӣ истеҳсол хоҳад кард.
Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо то соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ нисбат ба соли ҷорӣ се маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2030 7 фоизи ММД-ро ташкил хоҳад кард.
Сарвари давлат зарурати тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро барои лоиҳаҳои азим дар ин самт таъкид кард.
Барои ин дар шаҳраки Улуғбеки Тошканд дар соҳаи кимиё кластери илмию таълимӣ ташкил карда хоҳад шуд. Ба ин кластер 4 муассисаи таҳсилоти олӣ ва як маркази замонавии илмии кимё дохил мешаванд.
Президент ба таҳкурсии корхонаи ояндаи истеҳсоли поливинилхлорид капсула гузошт.
Дар рафти сафар ба вилояти Навоӣ Президент Шавкат Мирзиёев инчунин ба ноҳияи дурдасти Томдӣ ташриф овард. Сарвари давлат бо фаъолияти заводи коркарди партовҳои техногении Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ шинос шуда, бо мардум суҳбат кард. То истиқлолиятро ба даст овардани мамлакатамон Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ ду завод дошт ва дар солҳои минбаъда чор заводи гидрометаллургӣ сохта шуд. Дар натиҷа ҳаҷми коркарди маъдан се баробар ва ҳаҷми истеҳсол ду баробар афзуд. Ҳаҷми кандани массаи кӯҳӣ табиатан афзуда, миқдори зиёди партовҳо ҳосил мешаванд.
Корхонаи нав ба гирифтани тилло аз коркарди партовҳои техногенӣ ихтисосонида шудааст. Аз ин рӯ, онро заводи ҳафтуми гидрометаллургӣ меноманд.
Мувофиқи барномаи рушди Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ то соли 2026 татбиқи 27 лоиҳа ба маблағи 3,4 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар байни ин лоиҳаҳо заводи нав ҳаст.
Корхона бо арзиши умумии 200 миллион доллар қодир аст дар як сол 15 миллион тонна партовҳои техногениро коркард карда, беш аз 7 тонна тилло тавлид кунад. Ҷолиби диққат аст, ки то соли 2040 партовҳо барои ин мақсадҳо кофӣ хоҳанд буд.
Ҳангоми сохтмон конструксияҳои сабук ва технологияҳои каммасраф истифода шуданд. Истеҳсоли бисёр хелҳои таҷҳизот ва комплектҳое, ки пештар аз хориҷа оварда мешуданд, маҳаллӣ карда шуд. Онҳо дар сехҳои заводи мошинсозии Навоӣ ва сехҳои раёсатҳои маъдани кӯҳӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар раванди коркарди партовҳои кимёвӣ ҷузъҳои ватанӣ низ истифода мешаванд.
Ҳамаи ин омили муҳими минбаъд кам кардани хароҷот мебошад. Дар корхона беш аз 1100 нафар  мутахассисони ҷавон – хатмкунандагони Донишкадаи давлатии маъдани кӯҳии Навоӣ ва сокинони маҳаллӣ кор мекунанд.
Президент бо ҷамоаи завод, намояндагони ҷомеа ва ҷавонони вилояти Томдӣ суҳбат кард.
– Дар тӯли чор соли охир ҳаҷми корҳо оид ба азхудкунии сарватҳои зеризаминии мо 30 фоиз афзуд. Ба саноатамон технологияҳои нави пешқадам ворид гардиданд. Аз ҳама муҳимаш, насли мутахассисон, ки қодиранд дар чунин корхонаҳои замонавӣ кор кунанд, ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, шумо барои давлатамон сарвати қиматбаҳотарин ба ҳисоб меравед, – гуфт Шавкат Мирзиёев ба ҷавонон.
Дар ин ҷо тақдимоти лоиҳаҳое, ки дар Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ татбиқ мегарданд, ба амал омад.
Сарвари давлат инчунин бо журналистон суҳбат карда, дар бораи самарабахшии иқтисодии  корхонаҳои имрӯз ба кор даровардашуда, нақшаҳои рушди саноати ватанӣ сухан ронд.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Навоӣ ба охир расид.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Авазбек ХУДОЙҚУЛОВ,
Абдувалӣ БӮРИЕВ,
мухбирони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: