Таклифҳо оид ба рушди соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд

  • Таклифҳо оид ба рушди соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд
  • Таклифҳо оид ба рушди соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд
  • Таклифҳо оид ба рушди соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд
  • Таклифҳо оид ба рушди соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд
  • Таклифҳо оид ба рушди соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд
  • Таклифҳо оид ба рушди соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 28 сентябр оид ба масъалаҳои тезондани ислоҳот дар соҳаи нақлиёт ҷамъомад баргузор намуд.

Нақлиёт яке аз омилҳое мебошад, ки тараққиёти иқтисодиётро муайян ва таъмин менамояд. Дар мамлакати мо инфрасохтор нав шуда, имкониятҳои саноат васеъ мегардад, ки ин натиҷаҳои хуб бахшида истодааст.

Аз ҷумла, ба далели озодгардонии бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ теъдоди ширкатҳое, ки ба Ӯзбекистон парвоз мекунанд, дар се соли ахир ду баробар афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи интиқолдиҳандагони дар ҳаҷми боркашонии байналхалқии автомобилӣ ба 62 фоиз расид. 300 километр роҳи оҳан электриконида, 1,5 ҳазор километр роҳ сохта шуд.

Аммо имкониятҳо дар ин бобат ҳанӯз пурра истифода бурда нашудаанд, бояд кори зиёдеро анҷом дод. Бо супориши сарвари давлат Агентии ислоҳоти стратегӣ самаранокии корҳоро дар соҳа таҳлил намуда, як қатор мушкилотро ошкор намуд.

Масалан, дар давоми се соли охир иқтисодиёти мамлакати мо 16 фоиз афзуд, вале муомилоти бор дар роҳи оҳан ҳамагӣ 7 фоиз афзуд.

Дар авиатсияи шаҳрвандӣ ҳанӯз рақобати пурра ташкил карда нашудааст, 10 аэропорт бо иқтидори пурра кор намекунад. Дар натиҷа, кишвари мо аз лиҳози қулайӣ ва рақобатпазирии ҷузъи таъминот дар Индекси байналмилалии логистика дар байни 160 кишвари ҷаҳон дар ҷои 120-ум қарор гирифт.

Дар доираи муколамаи ошкоро бо соҳибкорон оид ба ин масъалаҳо низ дархостҳои зиёд ворид гардиданд.

Дар ҷамъомад пешниҳодҳо оид ба ҳалли мушкилот дар соҳаи нақлиёту логистика ва ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас баррасӣ шуданд.

 - Ин соҳа барои иқтисодиёт ҳаётан муҳим аст. Агар нақлиёт ва логистикаро ба сатҳи нав набардорем, рушди устувори иқтисодиётро таъмин карда наметавонем, - гуфт Шавкат Мирзиёев.  

Президент дар се самт – ба таври назаррас васеъ намудани имкониятҳои транзити роҳи оҳан, табдил додани авиатсияи гражданӣ ба соҳаи дорои хидматрасонии қулай, зуд ва босифат, васеъ намудани шабакаи роҳҳои муосир барои ҳамлу нақли борҳои транзити байналмилалӣ вазифаҳо муайян намуд.

Зарурати таъсиси гурӯҳи алоҳида оид ба нақлиёт дар ҳайати Агентии ислоҳоти стратегӣ ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок таъкид гардид. Сарвари давлат таъкид кард, ки аз ҳама муҳимаш фароҳам овардани қулай барои мардум аст.

Нақши муҳими роҳҳои оҳан дар рушди саноат ва соҳибкорон зикр гардида, барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот дар соҳа дастурҳо дода шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби аз низом баровардани активҳои ғайрисоҳавӣ  электропоездҳои ҳозиразамон харидан, вагонҳоро таъмир кардан, саноатро аз ҷиҳати молиявӣ беҳтар кардан лозим аст.

Дар соҳаи авиатсия сифати хизматрасониро беҳтар кардан, аэропортҳои Бухоро, Хоразм ва вилоятҳои водиро тараққӣ додан, ихтисоси кадрҳоро баланд бардоштан лозим аст.

Президент ба сифат ва қобилияти гузарониши роҳҳо алоҳида дахл кард. Вазифаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва назорат дар соҳаи нақлиёти роҳ дар як ташкилот ҷамъ карда шудаанд, ки дар натиҷа сифат зарар мебинад. Ба ин муносибат дар бобати ҷорӣ намудани стандартҳои пешқадам, пурзӯр намудани кори озмоишӣ, баланд бардоштани масъулияти ташкилотҳои пудратӣ супоришҳо дода шуданд.

Оид ба васеъ гардондани инфрасохтори нақлиёт ва рақамисозии соҳа вазифаҳои дигари зиёд муайян карда шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: