ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИЕ, КИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ШӮРОИ ТУРКӢ ПЕШ ГУЗОШТ, ҶИҲАТИ МУНТАЗАМ ВА РӮЗМАРРА ДОРАНД

Ҳамоиши ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон (Шӯрои туркӣ), ки 31 март дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд ва суханронии пурмазмуни Президент Шавкат Мирзиёев дар он боиси эътибори сиёсатмадорони хориҷӣ, намояндагони коршинос ва ҷомеаи тиҷоратӣ гардиданд.

Ҳамоиши ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон (Шӯрои туркӣ), ки 31 март дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд ва суханронии пурмазмуни Президент 
Шавкат Мирзиёев дар он боиси эътибори сиёсатмадорони хориҷӣ, намояндагони коршинос ва ҷомеаи тиҷоратӣ гардиданд.
Раиси иттиҳодияи тиҷоратии куриёиву ӯзбекистонӣ, собиқ депутати парлумони Ҷумҳурии Куриё Ким Ёнг Гу чунин мешуморад, ки ҳамоиши онлайнии ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон барои вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайни кишварҳое, ки таърихан бо риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ иртиботи зич доранд, аҳамияти муҳим касб мекунад.
– Қайд кардан хурсандиовар аст, ки бо вуҷуди муддати кӯтоҳ, аз соли 2019 Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Шӯрои туркӣ гардид, мамлакат муносибатҳояшро бо тамоми аъзои созмон бинобар самтҳои мухталиф, ки ҷонибҳо аз онҳо манфиатҳои тарафайн доранд,  мунтазам инкишоф медиҳад, – гуфт Ким Ёнг Гу. – Ба ин маънӣ бояд гуфт, ки ташаббусҳои пешниҳодкардаи Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиш, ки татбиқсозии онҳо, аз нуқтаи назари ман, барои муваффақ шудан ба мақсадҳое, ки дар назди созмон бинобар таҳкими эътимод ва рушди ҳамкориҳои муфиди тарафайн истодаанд, такони иловагӣ мебахшад.
Доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишкадаи тадқиқоти Осиёи Марказии Донишгоҳи забонҳои хориҷии Хангук Ким Санг Чхол (Ҷумҳурии Куриё) таъкид намуд, ки роҳи ошкоро, пурмазмун ва дурандешонаи Президент Шавкат Мирзиёев барои бунёди муносибатҳои муҳими Ӯзбекистон бо кишварҳои Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон, дар муддати хеле кӯтоҳ дар байни сарони кишварҳои ШҲДТ сазовори эҳтиром гардиданд.
Бинобар суханони коршинос Президенти Ӯзбекистон дар ҳама гуна ҳамоишҳои байналхалқӣ масъалаҳои рӯзмарраро ба миён мегузорад. Аз ҷумла, ташаббуси роҳбари ҷумҳурӣ дар ҷараёни ҳамоиши ғайрирасмии ШҲДТ бинобар барқарор кардан ва инкишоф додани савдо, сармояҳо, саноат, рафтуои нақлиётӣ дар шароитҳои нав, ҳамаҷониба ҷорӣ кардани тиҷорати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳамчунин истифодаи комили имкониятҳои доираҳои корчаллонӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ ба манфиати тамоми давлатҳо – аъзои Шӯрои туркӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Ғайр аз ин яке аз масъалаҳои рӯзмарратарине, ки аз ҷониби Ӯзбекистон дар ҳамоиши ғайрирасмӣ ба миён гузошта шуд, масъалаи коркарди стратегияи ҳамкорӣ бинобар нарм сохтани оқибатҳои манфии буҳрони ҷаҳонӣ аз таъсири пандемия ба шумор меравад.
Сиёсатшинос Марат Қазоқбоев (Қирғизистон):
– Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ бори дигар фаъолнокӣ ва ташаббускорӣ намоиш дод, ба иштирокдорони ҳамоиш вусъат додани шарикии бисёрҷанбаро дар соҳаҳои савдову иқтисодиёт, сармояҳо, нақлиёту коммуникатсияҳо ва маданиву башардӯстиро пешниҳод намуд.
Президенти Ӯзбекистон таклиф кард, ки Бонки рушди Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон ташкил карда шавад. Ғайр аз ин ҳоло муҳимияти рушди иқтидори нақлиётиву транзитӣ меафзояд. Татбиқ сохтани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи мазкур ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва умуман тамоми олами турк имкон медиҳад ҷуғрофияи савдо вусъат пайдо кунад.
Ташаббусҳои байналхалқии Президенти Ӯзбекистон пешгузошта ҷиҳати мунтазам ва рӯзмарра доранд. Таклифҳои мазкур барои коркарди амалиёти муштарак дар сатҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо назардошти он ки солҳои охир Ӯзбекистон бо суръати баланд инкишоф меёбад ва кишварҳои дигари минтақаро аз пайи худ мебарад, аҳамияти махсус дорад.
Бинобар ақидаи котиби генералии Иттиҳодияи шарқшиносони Испания, профессори Донишгоҳи мухтори Мадрид Хесус Ҳил Фуэнсент «даъватҳои Президент Шавкат Мирзиёев бобати муваффақ шудан ба мақсад ва муоҳидаҳои умумии кишварҳои аъзои ШҲДТ хеле муҳим ва саривақтӣ ба шумор мераванд.
– Фикр мекунам, дар шароити пандемия сайёҳӣ ҳамчун ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ яке аз ҷиҳатҳои муҳим ба шумор меравад, ки Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон бояд ба он эътибор диҳанд ва саъю кӯшишҳои умумии худро, бахусус дар замони кунунии номуайяни миқёси ҷаҳонӣ равона кунанд, – гуфт коршинос. – Ба ин маънӣ Президенти Ӯзбекистон хеле дақиқ ва равшан изҳор дошт, ки пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонии эпидемиологӣ вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Таклифи фаъолона вусъат додани шарикии бисёрҷанба, ки Президент Шавкат Мирзиёев барои баррасии Шӯро пешниҳод намуд, ба ҷомеаи байналхалқӣ, ки ба ҷустуҷӯи роҳҳо ва ҳаллу фасли масъалаҳои мушкил ҳам дар соҳаи иқтисодиёт ва ҳам дар соҳаи иҷтимоиёт нигаронида шудаанд, огоҳӣ медиҳад.
Мудири кафедраи тадқиқотҳои байналхалқӣ ва стратегии Донишгоҳи Малая Рой Энтони Роҷерс (Малайзия) қайд кард, ки ШҲДТ сохтори самарабахши минтақавӣ ба шумор меравад ва ба рушди амалии ҳамкориҳои тарафайни кишварҳои туркизабон, пеш аз ҳама, дар самтҳои савдо, сармояҳо, инноватсияҳо, нақлиёт ва сайёҳӣ, ҳамчунин дар соҳаи табодули фарҳангиву башардӯстӣ мусоидат менамояд.
– Ман бо муҳтавои суханронии Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши ШҲДТ ҳамаҷониба шинос шудам, – қайд кард Энтони Роҷерс. – Ӯзбекистон кишвари худкофӣ ба шумор меравад, вай дар байни кишварҳои туркизабон захираҳои зарурии сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар ташаббусҳои муҳиме, ки сарвари давлати Ӯзбекистон пеш гузошт, аз ҷумла рушди шабакаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, тезондани ҷорӣ кардани тиҷорати электронӣ ва ба  роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди байниминтақавӣ амалан ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии байни давлатҳои созмон дар даврони пандемия мусоидат менамоянд. Муътақидам, ки суннатҳои умумии маънавӣ, риштаҳои ҳамкорӣ ва шабоҳати забонии халқҳои турк, бешубҳа, ба таҳкими эътимоди тарафайн ва ҳамкориҳои муфиди минтақавии байни давлатҳои аъзои Шӯро хидмат мекунанд.

ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: