ТОШКАНД – МИЗБОНИ НИШАСТИ ВАЗИРОНИ ТАНДУРУСТӢ

Тошканд якбора ба ду чорабинии байналмилалӣ мизбонӣ кард.

Чорабинии аввал форуми “Ҳамгироии тибби анъанавӣ ба системаҳои муосири тандурустӣ” буд. Он дар иштироки вазирон ва масъулони соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин намояндагони муассисаҳои таълимии давлативу ғайридавлатӣ, илмию тадқиқотӣ, мутахассисони клиникаҳо, марказҳои тиббӣ ва солимгардонӣ, истеҳсолкунандагони воситаҳои дорувор ва асбобу таҷҳизоти тиббӣ ба вуқӯъ пайваст.
Форум имкониятҳои табобати анъанавӣ ё халқӣ барои муолиҷаи беморонро ба таври васеъ баррасӣ намуд. Гуфта шуд, вақти он расидааст, ки муваффақиятҳои усули табобати халқӣ дар сохтори тибби муосир низ ба роҳ монда шавад ва бештар бемориҳои ғайрисироятиро дар канори худ қарор диҳад. Зеро мубориза бо бемориҳои онкологӣ, аз ҷумла, бемориҳои дилу саратон, диабет ва музмини шуш кори содае нест ва дар ин самт истифода аз табобати халқӣ низ самараҳои неки худро ҳатман ба бор хоҳад овард.
– Пешгирии пахши бемориҳо авлавиятҳои кори моро ташкил медиҳад ва дар ин самт мо бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоем. Дар соҳаи саломатии репродуктивӣ ва бемориҳои бачагона истифода аз имкониятҳои табобати халқӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Такмили касби пизишкон низ аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб ёфта, ба таври лозима ба роҳ мондани он бо ҷалби мутахассисони варзида боис хоҳад шуд, ки мо дар ҳалли масъалаҳои зиёди тиббӣ даст хоҳем ёфт, – изҳор намуд вазири тандурустӣ Беҳзод Мӯсоев.
– Ин форум барои он молики аҳамият мебошад, ки майдони табодули таҷрибаро фароҳам овардааст. Мутахассисони кишварҳои аъзои СҲШ метавонанд бо истифода аз ин майдон барои татбиқи табобати анъанавӣ дар тибби муосир бидуни дудилагӣ иқдом намоянд, – гуфт вазири тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.
Рӯзи дувум вазирони тандурустии кишварҳои аъзои СҲШ аз тариқи офлайн ва онлайн ҷамъомади панҷуми худро баргузор карданд. 
Дабири кулли СҲШ Ҷан Мин, ки аз тариқи офлайн дар ин ҷамъомад иштирок мекард, иброз дошт, ки хидматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ ба беҳбуди сифатан беҳтару хубтар ниёз дорад. Ба таъкиди ӯ, ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ бояд ба марҳилаи нав бароварда шавад, зеро имкониятҳои фаровоне, ки ҳоло мавҷуданд, амалӣ намудани ин нақшаҳоро куллан имконпазир мегардонанд.
– Дар амал пиёда кардани бандҳои шартномаҳои ҳамкорие, ки байни идораҳои тандурустии кишварҳои аъзои СҲШ ба имзо расидаанд, барои доман фарох намудани ин ҳамкориҳо хеле мусоидат мекунанд, – афзуд ҷаноби Ҷан Мин.
Ҷамъомад масъалаи «Муттаҳид кардани кӯшишҳо барои тавсеаи дастрасӣ ба хидматрасонии босифат дар давраи пандемияи COVID-19»-ро ба таври васеъ мавриди муҳокима қарор дод. Таъкид гардид, ки пахши пандемия пизишконро дар ростои муолиҷа ба ваҳдат овард. Дар фазои СҲШ пизишкон ба кишварҳои ҳамдигар рафта, ҷиҳати муолиҷаи беморони мубталои пандемия ҳамтоёни худро аз наздик дастгирӣ намуданд.
Ба гуфтаи иштирокчиёни Ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои аъзои СҲШ дар шароите ба сар мебарем, ки сол аз сол бемориҳои онкологӣ рӯ ба афзоиш овардаанд. Барои ҳамин ба он нукта таваҷҷуҳ дод, ки масъалаи асосии пешгирӣ намудани бемориҳои онкологӣ ба бемор гузоштани ташхиси саривақтӣ мебошад. 
Вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко гуфт, ки  ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкории кишвараш ва давлатҳои аъзои СҲШ вай самтҳои инноватсиониро пешниҳод мекунад. 
– Инҳо радиофармасевтика барои ташхис ва табобати бемориҳои онкологӣ ва ғайрионкологӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави тибби ҳастаӣ, аз ҷумла истеҳсоли муштараки таҷҳизоти вазнини ташхисӣ ва табобатӣ. Дар ин замина Федератсияи Русия омода аст, ки дар соҳаи таъминот ва татбиқи технологияҳои истифодаи радиофармасевтика бо кишварҳои узви СҲШ ҳамкорӣ кунад, – изҳор кард Мурашко.
Аз соли 2015 Маркази миллии тадқиқотии тиббии радиология дар шаҳри Маскав барои амалиёти брахитерапияи камқувват аз микроманбаъҳои ватанӣ бо йод-131 истифода мекунад. Истеҳсоли он 100 фоиз бо ашёи хоми Русия сурат гирифтааст. 
Ба таъкиди М.Мурашко Русия дар давоми як соли охир сарфи назар аз бемории сироятӣ, системаи ёрии онкологиро ба беморон хеле тағир додааст ва тавонистааст, ки сатҳи фавтро аз ин бемориҳои вазнин ба беш аз 3,5 фоиз коҳиш диҳад, ки ин муваффақияти хеле бузурги пизишкони кишвараш мебошад.
Ҷамъомад баъди муҳокимарониҳо лоиҳаи “Харитаи роҳ”-ро қабул кард.  Дар фарҷоми ҷамъомад Протоколи Ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ ба имзо расид.
Ногуфта намонад, ки дар пасманзари ин ҷаласаи вазирони кишварҳои аъзои СҲШ вазири тандурустии Ӯзбекистон Беҳзод Мӯсоев бо вазири тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко дидору мулоқотҳои корӣ анҷом дод.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: