КАМОЛИДДИН БЕҲЗОД АЗ НИГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАҲОН

Таҳти чунин мавзӯъ дар Институти наққошӣ ва дизайни миллии ба номи Камолиддин Беҳзод конфронси байналхалқии илмӣ баргузор шуд.

Ба конфронс аз қабили «Эҷодиёти Камолиддин Беҳзод дар нигоҳи олимони ҷаҳон», «Мактаби Беҳзод», «Тадқиқи хусусиятҳои ба худ хоси минётураҳои Беҳзод», «Саҳми Камолиддини Беҳзод ба рушди минётураҳои темуриён», «Аҳамияти эҷодиёти Беҳзод дар соҳаи таълими бадеӣ», «Нигоҳдории осори Камолиддини Беҳзод ва шогирдони ӯ дар маҷмӯаҳои ҷаҳон» беш аз 70 мақола пешниҳод шудааст. Беш аз даҳтои онҳо ба олимони хориҷӣ, қариб 60-тояш ба муҳаққиқони ватанӣ тааллуқ доранд.
Дар конфронс сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Фаронса ширкат ҷустанд. Маърӯзаҳои тадқиқгарон паҳлуҳои гуногуни осори ин наққоши рангинхаёлро дар бар гирифта буданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон Ҳамид Наййирободӣ, профессори Маркази тадқиқоти форс ва Осиёи Марказии Донишгоҳи забон, адабиёт ва фарҳанги ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру Ахлоқ Аҳмад Оҳан, профессори Маркази тадқиқоти темуриёни назди китобхона ва бойгонии Эрон Холамризо Амирхонӣ доир ба мавзӯъҳои «Камолиддин Беҳзод — минётурнигори навпардоз ва мактаби наққошии Ҳирот», «Камолиддин Беҳзод ва нақошиҳои ӯ дар анъанаҳои форс» ва «Заминаҳои пайдоиши мактаби бадеии Ҳирот» маърӯза карданд.
Дар доираи чорабинӣ дар байни Донишгоҳи давлатии маданият ва санъати Озарбойҷон ва Институти наққошӣ ва дизайни миллии ба номи Камолиддин Беҳзод лоиҳаи меморандум ба тасвиб расид.
Ҳамчунин, таҳти номи «Пайравони Камолиддини Беҳзод» осори наққошони ҷавони кишварамон ба маърази намоиш гзошта шуд. Дар назар аст, ки меҳмонон аз шаҳрҳо ва осорхонаҳои таърихии кишварамон дидан мекунанд. 

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: