ДАР БУХОРО МАРКАЗИ ЗАБОНИ АРАБӢ ВА ХАТТОТИИ «АЛ-МАНАР» КУШОДА ШУД

Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ дар Бухоро маркази забони арабӣ ва санъати хаттотии исломӣ «Ал-Манар» ифтитоҳ ёфт.

Дар чорабинӣ шахсони масъули идораҳои дин, коршиносон ва мутахассисони созмонҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, соҳаи туризм, намояндагони аҳли ҷомеа, васоити ахбори омма, донишҷӯёни муассисаҳои таълими динии вилоят, арбобони динии исломӣ, намояндагони ҷомеаи илмии Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони саудӣ, Куриё, Малайзия, Индонезия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. 
Хаттотӣ дар кишварҳои Шарқ ҳамчун як самти алоҳида то ба сатҳи илм бардошта шуд. Баъди аз тарафи халқҳои Осиёи Миёна қабул шудани дини ислом хатти арабӣ низ ба ин ҷо омад. Дар натиҷа хатти кадимаи уйгурӣ, ӯрхун-энасойӣ, суғдӣ ва хоразмӣ, ки дар байни мардум дар ин ҷо паҳн шуда буд, тадриҷан аз истеъмол баромада, ба ҷои онҳо дар охири асри VII дар ҳуҷҷатҳои расмӣ хатти арабӣ ба истифода даромад. Ба азхудкунии он диққати ҷиддӣ дода шуд.
То пайдо шудани чопи китоб дар Осиёи Миёна хаттотон ба тайёр кардани китобҳои дастнавис, зиёд кардани нусхаи онҳо ва аз нав навиштани матнҳо машғул буданд. Хар як асари онҳо ба мисли як асари ҳақиқии санъат менамуд. Дар баробари ин он мунтазам инкишоф меёфт, мактабҳои гуногуни хаттотӣ ба вуҷуд меомаданд.
Дар чорабинӣ дар бораи таърихи мактаби хаттотии Бухоро, нақши маркази «Ал-Манар», ки имрӯз ба фаъолият оғоз кардааст ва дурнамои он сухан рафт.
Мактаби хаттотии Бухоро, ки дар асри XVI аз тарафи хонони сулолаи Шайбониён асос гузошта шуда буд, ба шарофати намояндагоне чун Мир Алии Хиравӣ, Мир Убайди Бухорӣ, Мир Хусайни Кӯланки Бухорӣ, Саййид Абдуллоҳи Бухорӣ, Хоҷӣ Ёдгор, Пирмуҳаммади Суфии Бухорӣ, Мирзо Бухорӣ, Султон Муҳаммади Бухорӣ, Абдураҳмон Барқии Муншӣ, Иноятилло Котиб, Мирзо Абдураҳмон, Фозил Девона, Аҳмад Дониш, Абдулфаттоҳхон Мирзо Маҳдихон шуҳрат ёфтааст.
Дар рафти чорабинӣ маросими тантанавии мукофотонидани ғолибони озмуни хаттотӣ, ки дар доираи ҳафта баргузор гардид, ба амал омад.
Иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки бо фаъолияти марказ ва намоишгоҳи «Санъати кандакорӣ ва хаттотии исломӣ» шинос шаванд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарипов иштирок кард.

Зариф КОМИЛОВ, 
мухбири  ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: