ВАЗОРАТ ҶОЙҲОИ НАВИ КОР ФАРОҲАМ МЕОВАРАД

Барои он ки теъдоди бекорон коҳиш ёбад ва ҷойҳои нави шуғл фароҳам оварда шаванд, ҳамчунин кӯдакони сокинони хонаҳои баландошёна вақти худро бофароғат гузаронанд ва дар ҷойҳои бехатар машғули бозӣ шаванд, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳоро дар ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд мавриди корбаст қарор додааст.

Барои он ки теъдоди бекорон коҳиш ёбад ва ҷойҳои нави шуғл фароҳам оварда шаванд, ҳамчунин кӯдакони сокинони хонаҳои баландошёна вақти худро бофароғат гузаронанд ва дар ҷойҳои бехатар машғули бозӣ шаванд, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳоро дар ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд мавриди корбаст қарор додааст. Дар ин бора вазир Нозим Ҳасанов тайи мулоқот бо хабарнигорон мухтасар иттилоъ ироъа кард.
Аммо қабл аз он ки ин мулоқот баргузор гардад, журналистон аз якчанд гузару маҳаллаҳо ва корхонаҳои хусусии ин ноҳияи пойтахт боздид намуданд. Аз ҷумла, бо ташаббус ва ҳимояти молии вазорати мазкур дар маҳаллаи “Сархумдон” барои кӯдакон майдончаи бозӣ сохтаву бо ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шуд.
Ба гуфтаи мӯйсафедони ин маҳалла дар хонаҳои баландошёнаи ин ҷо теъдоди зиёди оилаҳои ҷавон зиндагӣ мекунад. Фарзандон бояд аз шароитҳои зарурӣ бархурдор бошанд. Маълум шуд, ки муддати дароз кӯдакон наметавонистанд, ба бозии дилхоҳи худ машғул шаванд, дар аттраксионҳои барои онҳо мувофиқу қулай бозӣ кунанд. Акнун ин масъала куллан ҳалли худро ёфт ва падару модарон имкон пайдо намудаанд, ки бо фарзандони кучаки худ ба саҳни ҳавлии муҷаҳҳаз бароянд ва зери назорати онҳо фарзандашон машғули бозӣ шаванд.
Дар маҳаллаи “Кӯкча” маркази омӯзиши касбу ҳунар дар ихтиёри сокинони он қарор гирифтааст. Дар ин ҷо бо ташкили корхонаҳои хурди хусусӣ ҷавонон ва наврасон ройгон касби оператори компютер ва занону духтарон касби қаннодиро азхуд мекарданд. 
Дар корхонаи дӯзандагии “Зубайр омад” як гурӯҳ занону духтарон аз малакаву маҳорати дӯзандагӣ бархурдор мегардиданд.
— Мо аллакай соҳиби ин касб шуда, аз матоъҳои гуногун либосҳо ва рахти хоб медӯзем. Барои мо 700 ҳазор сӯмӣ стипендия низ медиҳанд, ки онро барои рӯзгори худ истифода мекунем, — мегӯяд Марҳабо ном ҷавондухтаре, ки дар ин корхонаи дӯзандагӣ касби маҳорату малака меомӯзад.
Дар маҳаллаи “Шодлик” чанд контейнерҳои сайёр гузоштаву дар пештоқи яке аз ин контейнерҳо “Гузари меҳнат” навишта шудааст. Дар ин гузар як гурӯҳ сокинони маҳалла касби дӯзандагӣ, қаннодӣ ва заргарӣ азхуд менамуданд. Онро соҳибкорони маҳаллӣ маҳз бо кӯмаки молии Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ ба роҳ мондаанд.
Журналистон дар мавзеи 2-юми Ибни Синои маҳаллаи “Шодлик” аз “Гузари маҳалла” боздид карданд. Дар корхонаҳои хусусии “Тармими техникаи маишӣ” ва “Қаннодӣ”, ҳамчунин корхонаи дӯзандагии кооперативии “ROZIYA TEKS GROUP” як гурӯҳ бошандагони ин маҳалла бо шуғл фаро гирифта шуда буданд. Аксарияти онҳоро занону духтарон ташкил медод.
Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар маҳаллаи “Эски Ҷарариқ”-и ноҳияи Шайхонтоҳур барои маълӯлон аз ҳисоби субсидия маблағҳо ҷудо намудааст. Эркин Назиров сокини ҳамин маҳалла ва маълӯли гурӯҳи дуюм мебошад. Бар асоси маблағҳои субсидия вай барои парвариши кабудиҳои гуногун тавассути конструксияи сабук гармхона бунёд намудааст.
— Ман аз он хурсандам, ки таҳти раҳнамоии Президенти мамлакатамон корҳои азиму шоён ба сомон мерасанд. Ба мо барин маълӯлон диққату эътибор беш аз пеш меафзояд. Ҳоло барои аъзои хонаводаам имкон пайдо шудааст, ки аз тариқи кишти кабудиҳои тару тоза ва фурӯши он маишати оилавиамонро таъмин кунем, — мегӯяд Эркин Назиров.
– Ҳоло мо шуморо бо як қатор корҳое ошно кардем, ки дар тӯли як соли охир вазорати мо анҷом додааст. Ин раванд беш аз пеш доман фарох хоҳад кард. Ногуфта намонад, ки ба вазорати мо 14 маҳаллаи ҳамин ноҳия вобаста карда шудааст, ки сокинони он бештар аз 15 ҳазор нафарро ташкил менамоянд. Дар қадами аввал моро лозим омад, ки бо ҳокимияти ноҳия ва фаъолони ин маҳаллаҳо робита барқарор кунем, — гуфт дар оғози мулоқот Нозим Ҳасанов. – Зимни боздид аз ин маҳаллаҳо 177 масъалаву мушкилоти ҳалношуда ба қайд гирифта шуд. 24 нафар аз он шикоят мекардаанд, ки барои барқарор намудани саломатии худ имконият надоранд. 63 нафар хоҳиш карданд, ки барояшон ҷойи кор фароҳам оварем, 28 нафар шикоят кардаанд, ки маблағҳои хизмати коммуналиро пардохт карда наметавонанд.
Аз ҷамъи мушкилоти мавҷуда 177-тои он мавриди баррасӣ қарор гирифтаву роҳҳои ҳалли он пайдо шуд. Дар ин самт фаъолони маҳаллаҳо, одамони саховатпеша ва соҳибкорон низ бо вазорат ҳамкорӣ кардаанд.
Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ дубора дар бораи бо шуғл фаро гирифтани сафи бекорони ин минтақаи шаҳр таваққуф намуд. Вай гуфт, ки беш аз 650 нафар ва аз ин шумор 177 нафар занону духтарон дар ин маҳаллаҳо сафи бекоронро ташкил медодаанд.
– Онҳо номнавис ва шомили дафтари бекорон қарор гирифтанд, то ки барояшон ҷойи кор фароҳам оварем. Он корхонаҳои хусусии хурд ва марказҳои омӯзишие, ки шумо, жуналистон аз он ҷо боздид намудед, натиҷаву самараи корҳое мебошанд, ки мо дар ин авохир анҷом додаем. Бояд иқрор шавам, ки то ин замон ҳудуди 350 нафари бекорон аллакай ба кор фаро гирифта шудаанд ва дар ояндаи наздик қисмати боқимондаашон низ шомили кор хоҳанд шуд, — изҳор кард Нозим Ҳасанов.
170 нафари бекорон ба ҷойи доимии кор таъмин шуданд. 60 нафари дигар ба ҷойи кори мавсимӣ ҷалб гардиданд. 285 нафари бекорон ҳоло дар марказҳои омӯзишӣ ба тариқи ройгон касб меомӯзанд ва маҳорату малака ҳосил намуда, баъдан шомили кор хоҳанд шуд.
Тавре ки Нозим Ҳасанов зикр намуд, бархе аз корхонаҳои дӯзандагӣ ва марказҳои омӯзишӣ дар таҳхонаҳои биноҳо маскан гузидаанд. Ин таҳхонаҳо аввал куллан бозсозӣ ва бо ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Сухангӯйи Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ Мавҷуда Мирзоева ба ҷамъи журналистони расонаҳои давлативу мустақил эълон кард, ки чунин сафарҳои матбуотӣ ба шакли мураттабу мунтазам роҳандозӣ хоҳанд шуд. Сиёсати сарвари давлат маҳз ба он равона шудааст, ки ҳар як роҳбари вазорат ва кормандони он аз утоқҳои худ берун бароянд ва бо вазъи зиндагии мардум аз наздик ошно шаванд.
— Ҳалли масъалаҳои зиёд маҳз аз ҳамин боздидҳои роҳбарони вазоратҳо, аз ҷумла Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ маншаъ хоҳанд гирифт, — тазаккур дод Мавҷуда Мирзоева.

Мирасрор АҲРОРОВ.
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: