НАШЪАМАНДӢ МУОЛИҶАШАВАНДА АСТ, ЛЕКИН...

Дар ҷумҳурии мо мисли баъзе кишварҳо нашъамандӣ он қадар паҳн нашуда бошад ҳам, пешгирии он вазифаи ҳар як шахси солимфикр ҳисоб меёбад. Бояд ёдовар гардид, ки истифодаи маводи нашъаовар амали ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад.

Барои пешгирии он дар қонунгузории ҳукумат чораҳои зиёд андешида шудааст. Инчунин, ҷавобгарии сахт ва ҷазои мувофиқ ҳам андешида шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки он нафароне, ки ба нашъамандӣ машғуланд, кӯдаконашон заиф, нобино ва камақл, яъне маълул таваллуд мешаванд, ки бояд аз оқибати он андеша намуд.
Ҷоиз медонем бигӯем, ки нашъамандӣ дар натиҷаи истифодаи дуру дарози моддаҳои нашъагӣ ба вуҷуд меояд. Суръати ташаккул ва бедоршавии майли бемор ба моддаҳои нашъагӣ ба наркогеният вобастагӣ дорад. Наркогенияти калонтаринро доруҳои афюндор ва моддаҳои аз он ҳосилшаванда (морфин, корфин, промедол, героин) наркогенияти хурдтаринро гашиш (банг) дорост. Дар ҳолати истифода аз ин моддаҳо инсон зуд ба нашъа одат мекунад ва бе он худро бад ҳис менамояд. Пас, аз истифодаи моддаҳои нашъаовар инсон ба чунин ҳолате гирифтор мешавад, ки масъулият ва вазифаашро фаромӯш мекунад.
Махсусан, ҷавонон зуд талқиншаванда ҳастанд ва ба доми нашъамандӣ тез гирифтор мешаванд. Ҷавонони ба ин одати бад гирифторшуда худашонро идора карда наметавонанд. Ақлу хирад, донишу заковат аз онҳо дур мешавад. Бояд ҳар як падару модар фарзанди худро назорат намоянд, дар ҳолати мушоҳидаи он ки писарашон ба нашъамандӣ машғул аст, зуд ба табибон муроҷиат кунанд.
Ёдовар мегардем, ки агар сари вақт муроҷиат нанамоянд, оқибат вай ба бемории рӯҳӣ мубтало ва ба марг оварда мерасонад. 
Дар наҷотдиҳии ҳаёти беморони сахт заҳрнокшуда кам кардани моддаҳои заҳрогин дар организми бемор яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Истифодаи усулҳои нави муолиҷаи пешгирии заҳролудшавӣ (хунтозанамоӣ, зардоб тоза намудан ва хунивазнамоӣ) ба пастшавии ҳолати марговар ҳангоми заҳрнокшавии вазнин мусоидат менамояд. 
Ҳамин тавр, агар ба нишондодҳои болоӣ амал намоем, беморҳои вазнинтарини нашъамандро ҳам муолиҷа кардан мумкин аст.
Беҳтараш он аст, ки аз ин балои марговар фарзандонамонро дур нигаҳ дорем. Ба ин хотир бори дигар гуфтанием, ки аз нашъамандӣ бипарҳезед.

Юсуфалӣ ГУЛОВ, 
сардухтури шифохонаи бемориҳои сироятии 
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: