ҲАФТАИ МӮДИ ВОДИИ ФАРҒОНА – ИМКОНИЯТИ ХУБ БАРОИ ДИЗАЙНЕРОН

Дар чаҳорчӯби Фестивали байналмилалии “Иди гул”-и Намангон нахустин бор “Ҳафтаи мӯди водии Фарғона – 2022” баргузор гардид.

Муассиси ин лоиҳа шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи иҷтимоии “Фардо аз имрӯз оғоз меёбад” муаррифӣ шуд. 
Барои ширкат дар ҳафтаи мӯд дизайнерони ҷавони вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона, вилояти Суғд (Тоҷикистон) ва вилоятҳои Боткент, Ҷалолобод ва Ӯш (Қирғизистон) интихоб шудаанд. Намоиши муқаддамотии мӯди як гурӯҳ дизайнерон дар хиёбони “Майдони хотира”-и Боғи маданият ва истироҳати ба номи Бобур баргузор хоҳад шуд. 
Тавре ки менеҷери лоиҳа Наталя Гарбуз зимни нишасти хабарӣ гуфт, тӯли як ҳафта барои роҳбарони корхонаҳои дӯзандагӣ, дизайн-студияҳо, маркетологҳо, топ-менеҷерҳо, намояндагони агентиҳои реклама семинарҳои амалии ҳафтаи мӯд ва амсоли он дарсҳои маҳорат роҳандозӣ карда шуд.
Вай таъкид кард, ки дар Ӯзбекистон, хосатан дар минтақаҳо имкониятҳои фаровони рушди саноати мӯд мавҷуд аст. Дар ин лоиҳа таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона шудааст, ки дизайнерони маҳаллии водии Фарғона, инчунин мутахассисон ва дастандаркорони тарҳу дӯхтани либосҳои замонавӣ битавонанд маҳсулоти худро ба бозори ҷаҳонӣ содир кунанд. 
– Бо боварии том арз мекунам, ки мутахассисони соҳаи дизайни ҳафт вилояти водии Фарғона аллакай соҳиби маҳорату малака шудаанд ва метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди дохилӣ ва хориҷиро ба маҳсулоти худ ҷалб созанд. Ин раванд дар ҳамкории миёни онҳо низ пешрафтҳои зиёд ба даст хоҳад овард, – тазаккур дод менеҷери лоиҳаи мазкур Наталя Гарбуз.
Яке аз нуктаҳои асосии рушди ин соҳа фароҳам овардани ҷойи кор барои ҷавонон, хусусан занону духтарони водии Фарғона, пайдо намудани манбаъи даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, инчунин аз тариқи дарсҳои маҳорату малака тайёр кардани дизайнерҳои ҷавон ва моделерҳо мебошад. 
Дар поёни нишасти хабарӣ як гурӯҳ духтарони маҳаллӣ намудҳои гуногуни либосҳои тайёркардаи дизайнерҳои вилояти Намангонро дар маърази тамошо қарор доданд. 
Интизор меравад, ки дар чаҳорчӯби ин лоиҳа мутахассисон аз ҳар ҷумҳурӣ се нафариро барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ интихоб мекунанд. Ғолибон соҳиби мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои гаронбаҳо хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: