ХИДМАТИ НАҚЛИЁТ БЕҲ МЕГАРДАД

Имрӯз шаҳри Тирмиз батамом симои зебо дорад.

Бунёди биноҳои баландошёни истиқоматӣ ва маъмурӣ, кӯчаҳои васеву хиёбонҳо ба ҳусни шаҳр ҳусн зам мекунанд. Ҳудуди шаҳр аз чор ҷониб васеъ мегардад. Қиёфаи он аз 5-6 соли қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Пайдост, ки бо зиёд шудани аҳолӣ муаммоҳо низ пайдо мешаванд. Яке аз муаммоҳои солҳои охир, ки мардумро азият медод, хидмати нақлиёти шаҳр буд. Барои ба манзил расидан мусофирон дер гоҳ автобус интизор мешуданд ва автобусҳо кам буданд. Ин муаммо ҳалли худро ёфт. Дар 32-солагии Истиқлол 100 адад автобуси замонавии «Isuzi» оварда, ба филиали нави дар Тирмиз ташкилгардидаи ҶММ «Тошшаҳартрансхидмат» супорида шуд. Акнун ин автобусҳо ба аҳолии шаҳр ва меҳмонону сайёҳон хидмат мерасонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: